Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳои рўзафзуни соҳаи маориф

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 734        Шарҳ: 0

 

Асри ХХ1-ро дар ҷумҳурӣ асри компютеркунонии оммавӣ гўем, хато нахоҳем кард. Зеро дар ин давра истифодаи технологияи компютерӣ тамоми табақаҳои ҷомеаро фаро гирифт. Хусусан, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 маротиба қабул гардидани Барномаҳои компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007, 2008-2010, 2011-2015 ва 2018-2022 «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» далели гуфтаҳои боло мебошад.

Дар асоси «Барномаи давлатии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» омўзиши фанни технологияи иттилоотӣ аз синфи 5 пешбинӣ шудааст.

Дастовардҳои имрўз  дар соҳаи маориф ва илми кишвар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қиёснашавандаанд. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30 мактаб сохта ба истифода дода шуда бошад, соли 2020 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст сохта ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то  имрўз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Соли 2021 бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф, норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад. Соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кўдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рўз ҷавобгў нест.

Бо мақсади таҷдиди низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (МТТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 5-уми марти соли 2008 Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба МТТОК равона гардидааст.

Бо назардошти нақшу аҳамияти баланд доштани ин имтиҳонҳо дар соҳаи илму маориф, муассисаи мазкур таҷдиди сохтор ва тағйири тобеияти идорӣ карда, бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврали соли 2014, № 138 дар заминаи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) таъсис дода шуд.

Аз соли 2015 инҷониб донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми ИМД ворид карда шуда, қабули донишҷўён ба ин муассисаҳо тавассути низоми мазкур амалӣ карда мешавад.

Агар то замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷў фаъолият мекарда бошад, имрўз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷўён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷўёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти илму маориф маҳсуб меёбад. Агар дар ин самт, соли 1994 ҳамагӣ 59 нафар донишҷў ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шуда бошанд, ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷў, магистр ва аспирантҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ғайр аз ин, ҳамасола тибқи квотаи Президентӣ қабули донишҷўён ба роҳ монда шудааст. Агар дар соли 1997  189 духтар қабул шуда бошанд, соли 2018  638 ва соли 2019  671 нафар духтар тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардиданд.

Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас, ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 январи соли 2021 Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола гузаронидани озмуни «Илм-фурўғи маърифат»-ро эълон намуданд.

 

Фарангис Наҷмиддинова,

омўзгори МТМУ №34,

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш