Ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони муосир суръати технологияи коммуникатсионӣ, дастрасӣ ба фазои озоди иттилоотӣ, мазмуну муносибатҳои таълим як дараҷа тағйир ёфтаанд. Навгонӣ ва пешравиҳо ба ҳаёти иқтисодии мамлакатҳои мутараққӣ ва пешрафта, кишварҳои рӯ ба рушд бетаъсир буда наметавонанд, чунки ҳама дар як сайёра ва дар як замон қарор дорем. Аз ин рӯ, ворид гардидан ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ яке аз талаботи замони муосир буда, таълимдиҳандагонро огоҳ менамояд, ки худ бояд донандаи барномаҳои таълимии ҷаҳони нав бошанд. Имрӯзҳо дастпарварони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии дар пайи омӯзиш ва соҳиби маълумот шудан гом мебардоранд.
Технологияҳои нав ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон ворид шуда, раванди рақамикунонӣ ҳукмфармост. Табиист, ки раванди рақамикунонӣ соҳаи таълимро низ фаро гирифта, низоми таҳсилоти муосирро бе технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Албатта, таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки гузаштан якбора ба таълими муносиби замон кори саҳлу сода нест, ин раванд вақту муҳлати тӯлонӣ мехоҳад.
Бояд хотиррасон кард, ки ҳар як дарс мавзуи навро барои омӯзишу барраси ба хонанда пешниҳод менамояд ва ин пешниҳод бояд дар доираи усулҳову технологияи муосири таълим анҷом дода шавад. Хонанда тавассути мавзуъҳои нав ба омӯзиш дилбастагӣ пайдо карда, мекӯшад, ки донишҳои ҷадидро комилан азхуд намояд. Усулҳои омӯзиши мавзуъ бояд ба талаботи имрӯзаи азхуднамоии донишҳо мувофиқат намоянд.
Назарияи таълими замони нав тақозо менамояд, ки дар марҳалаҳои аввали омӯзиш дарки мафҳуми калимаҳои калидии мавзуъ, фаҳмидани мазмуни мавзуи дарс дар дараҷаи якум қорор гирад. Бояд хонанда дараҷаи мафҳуми мавзуъро дарк намояд, сари мушкилоти бавуҷудомада андеша карда тавонад. Ба воситаи истифодаи самараноки технологияи рақамии таълим дараҷаи болотарини дарки мавзуъро ба хонанда расондан мумкин аст. Сабабҳои тағйири муносибат ба таълим ин пеш аз ҳама, дигаргуншавии талаботи замон ва маълумотгирӣ аст. Имрӯз моҳият ва мазмуни талаботу меъёри барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба таҷдиду навгонӣ ниёз доранд, зеро завқу хоҳиши таълим гирифтан, маълумоту ҳунар омӯхтан ба сатҳи заковат ва ҳушмандии хонандагон вобастагӣ дорад. Хонандаи имрӯз огоҳ аз илмҳои технологияи инноватсионӣ, маводу воситаҳои таълим ва бохабар аз ахбор мебошад. Пас, дар чунин шароити кор омӯзгор бояд ҳамеша дар такмил ва тақвияти донишу маҳорати касбии худ бошад, усулҳои нав ба нави роҳ ёфтан ба ҷаҳони андешаҳои хонандаро дарёбад, мавзуъҳои дарсиро вобаста ба мазмун бо истифодаи усулҳои нави таълим ба самъи шогирдон пешниҳод созад. Дар амалия бомуваффақият татбиқ карда тавонистани донишҳои назариявиро тавонад. ҳамчунин, маҳорати касбии омӯзгори имрӯза аз донишҳои амиқи назариявӣ-илмӣ ва сатҳи истифодаи барномаҳои компютерӣ вобаста аст. Бояд қайд кард, ки монеаи дигар дар самти татбиқи технологиҳои рақамӣ дар соҳаи таълим омода набудани муассисаҳои таълимӣ ба гузариши таҳсилоти рақамӣ мебошад. Муаммоҳои замони рақамӣ ба таҳсилот таъсир расонида, мундариҷа ва сохтори он, мақсадҳо, усулҳо, хусусияти ҳамкории иштирокчиёни раванди таълимро тағйир медиҳанд. Аз ин рӯ мактабҳои олии техникиро зарур аст, формулаи донишҳоро чунон тартиб ва пешниҳод намоянд, ки ба талаботи фаъолияти меҳнатии замони нав мувофиқ бошад. Аз ҷумла, дар донишгоҳҳову донишкадаҳои техникӣ, барномаҳои таълимии қисми фанҳои умумитехникӣ, фанҳои графикӣ ва фанҳои тахассусӣ ба дигаргунӣ ниёз доранд. Яъне, ҷой додани барномаҳои графикии компютерӣ дар барномаҳои таълимии самти техникӣ талаби омӯзиши донишҳои замони муосир мебошад, зеро ҳалли масъалаҳоро дар доираи қисми фанҳои болозикр бо барномаҳои графикии компютерӣ оқилона ва бо сарфаи вақт анҷом додан мумкин аст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта моро водор месозад, ки бо омӯзиши амиқи технологияи рақамӣ ва инноватсия ҳамқадами замон бошем. Низоми рақамии таҳсилотии таҳияшаванда бояд дақиқ ба лоиҳа гирифта шуда, фарогири шумораи зиёди унсурҳои мухталиф ва ба сафарбар кардани ҳадди аксари неруи маърифатӣ нигаронида шуда бошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки истифодаи одии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар модели анъанавии таълим, инчунин, интиқоли бевоситаи уҳдадориҳои омӯзгор ба технологияи компютерӣ асоси гузариши рақамии таълим гардида наметавонад. Дар ин асос метавон гуфт, бе омӯзиши амиқи барномаҳои компютерии фанҳои алоҳида мо наметавонем мувофиқи замон гомҳои боэътимод бардорем.
Хулоса, истифодаи оқилонаи технологияҳои нави донишомӯзӣ ва тағйири дурусти барномаҳои таълимӣ моро ба ҳадафҳои бузурги кишварамон дар замони нав мерасонанд.
Сарвар ДӮСТАЛИЕВ,
омӯзгори калони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон