Ба таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
(Бо азму иқдоми наҷиби муҳоҷирони ватандӯст сохтмони мактабе, ки ҳашт сол боз нотамом монда буд, ба анҷом расонида шуд)
Далёни Боло яке аз калонтарини деҳаҳои ноҳияи Деваштич аст, ки дар он беш аз 11 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Мушкилоти асосии ин деҳа нарасидани мактаб маҳсуб мешавад, ки сокинон барои ҳалли он талошҳои созанда намуданд. Алҳол дар ин деҳа се мактаб: МТМУ №8, №49 ва гимназияи №3 фаъолият доранд. Аз қисмати ғарбӣ то расидан ба маркази деҳа роҳ хеле тӯлонӣ мебошад ва аз сабаби набудани мактаб дар маҳаллаҳои навбунёд, хонандагон ҳангоми рафтуомад, махсусан, дар фасли сармо ва дар ҳолати яхбандии роҳҳо азият мекашанд.
Муассисаи таълимии деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич, ки бо сабаби нарасидани маблағ ҳашт сол боз нотамом монда буд, бо дастгирӣ ва саҳми муҳоҷирони корӣ ба анҷом расонида шуд. Лозим ба зикр аст, ки ҳудуди якуним ҳазор муҳоҷири ин деҳа, ки асосан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият мекунанд, барои сохтмони ин мактаб фонди хайриявие таъсис дода, ҳар кадом аз рӯйи имкони худ анҷоми корҳои сохтмониро маблағгузорӣ менамоянд.
Муҳоҷири ватандӯст ва яке аз маъмурони «Фонди хайриявии Далёни Боло» Хушрӯз Маҳмадёров таъкид кард, ки то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда, ки он асосан саҳми муҳоҷирон мебошад, барои бунёди мактаб беш 200 000 сомонӣ маблағ ва масолеҳи бинокорӣ равона карда шудааст. Мақсад аз таъсиси фонди хайриявии мазкур саҳмгузорӣ дар корҳои ободии диёр ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва инчунин, дастгирии беморону ниёзмандон аст.
Узви комиссияи сохтмони мактаби нав дар деҳаи Далёни Боло Ҳазратқул Мирҷумъаев зикр кард, ки ҳоло 90% корҳои бинокорӣ ба иҷро расонида шуда, танҳо рангубори дохилу беруни синфхонаҳо боқӣ мондааст. Мактаб аз 20 синфхона иборат буда, имкон дорад, дар ду басти таҳсил беш аз 640 нафар толибилмро фаро гирад. Аммо барои амалӣ гаштани ин иқдоми наҷиб дастгирии ҳукумати ноҳия ва вилояти Суғд зарур ва саривақтӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони мактаби нав аз тариқи ҳашари дастаҷамъии сокинон сурат гирифта, дар ин росто, саҳми муҳоҷирони корӣ назаррас аст. «Муҳоҷирон на танҳо барои бунёди мактаб, балки кашидани хати оби нушиданӣ, кофтани чоҳи амудӣ, таъмиру тармими барқарор намудани боғи фароғатӣ, таъмири роҳу пулҳои мошингузари деҳа пайваста маблағгузорӣ менамоянд. Мо-пирони диёр, аз муҳоҷирони меҳнатӣ барои ин амали хайрашон изҳори миннатдорӣ менамоем»,-бо арзи сипос таъкид менамояд, сокини деҳа Бозор Мирҷумъаев.
Албатта, солҳои охир бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ноҳияи Деваштич бомаром идома дорад ва дар ин самт бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпешаи ноҳия аз тариқи ҳашар сохтмони 19 синфхонаи иловагӣ барои 1000 нафар дар назди МТМУ №48-и деҳаи Муҷун, сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ барои 620 нафар дар назди МТМУ
№18-и деҳаи Дархон, сохтмони бинои нав дар деҳаи Обиборики Ҷамоати деҳоти Далёни Боло иборат аз 16 синфхона барои 380 ҷойи нишаст, сохтмони бинои нави мактаб дар деҳаи Панҷбоғи Ҷамоати деҳоти Муҷун иборат аз 8 синфхона барои 240 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳо бомаром идома доранд.
Дар масъалаи ба истифода додани мактаби деҳаи Далёни Боло баъзе мушкилот, аз ҷумла, дастрас намудани сертификати замин, таъмин намудани синфхонаҳо бо мизу курсӣ ба назар мерасад, ки сокинон барои ҳалли мусбати он умедворанд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Даврон Зикруллоев дар хусуси сохтмони мактаби нав дар деҳаи Далёни Боло зикр намуд, ки иқдоми муҳоҷирони меҳандӯстро дар мавриди бунёди мактаби нав ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоем ва албатта, дар ин самт баъзе мушкилот ба назар мерасанд, ки барои ҳалли он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Мо ба унвони Ҳукумати мамлакат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич барои дастрас намудани сертификат мактуб ирсол намудем ва боварӣ дорем, ки он дар рӯзҳои наздик ҳалли мусбати худро хоҳад ёфт.
Сокинону муҳоҷирони ватандӯсти деҳаи Далёни Боло азму талош доранд, ки ин мактаби навбунёд моҳи сентябри соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, то мушкилоти сокинони деҳа бартараф гардида, толибилмон бо муассисаи нави таълимии замонавӣ таъмин шаванд.
Мавриди зикр аст, ки беш аз 90 фоизи корҳои сохтмонӣ, таъмир, рангу бори муассиса пурра анҷом ёфтааст ва танҳо бо мизу курсӣ таъмин кардани мактаб, дастрасии сертификат, ташкили синфхонаҳои компютерӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ имкон фароҳам меоварад, ки мактаби нав дар соли нави хониш дари хешро ба рӯйи толибилмон боз намояд ва ба ин васила, мушкилоти сокинони деҳаи дурдасти ноҳия ҳалли худро хоҳад ёфт.
Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»