Роҳнамои сулҳ ва ҳамзистии осоишта

Таърихи навини Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои сарнавиштсози худро дар давраи пас аз истиқлол таҷриба кард, ки бо ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 алоқаманд аст. Ин низои мусаллаҳонаи дохилӣ, ки дар пайи халои сиёсию маъмурӣ ва танишҳои идеологӣ ва геополитикӣ ба вуҷуд омад, ҷомеаи тоҷикро ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ кашид. Зери таъсири бевоситаи омилҳои дохилию хориҷӣ, низоъ ба сатҳи фоҷиаи миллӣ табдил ёфт ва таҳдид ба ҳастии давлати навтаъсиси Тоҷикистон гардид.

Дар чунин шароити буҳронӣ, зарурати пайдо шудани раҳнамои миллие, ки тавонад ба марҳилаи нооромии сиёсӣ нуқта гузорад ва ҷомеаро ба сӯйи сулҳу субот роҳнамоӣ кунад, беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешуд. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 дар як марҳалаи бисёр ҳассос ва буҳронӣ сурат гирифт. Он замон Тоҷикистон дар ҳолати фурӯпошии сохторҳои давлатӣ, шикасти низоми сиёсӣ ва шиддати ҷанги дохилӣ қарор дошт. Соҳиб шудан ба мақоми аввалини давлатӣ дар чунин шароит на танҳо масъулияти сангин, балки баёнгари омодагии шахсият барои фидокорӣ ва рисолати таърихӣ дар назди миллат буд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз душвории вазъ, иқдомоти бузург барои манъи хунрезӣ ва эҳёи пояҳои давлатдориро ба роҳ монданд. Музокироти сулҳ байни ҷонибҳои даргир оғоз гардид, ки ба муколамаи миллӣ ва дар ниҳоят, ба имзои Созишномаи умумии истиқ­рори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 анҷомид.

Модели миллии сулҳи тоҷикон ба се унсури асосӣ такя мекунад:

  • Тафаккури миллӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ – яъне, бар асоси арзишҳои фарҳанги таърихии таҳаммулгароӣ.
  • Сиёсати ҳамгароёна ва шомилсозӣ – иштироки тамоми неруҳои сиёсӣ, аз ҷумла, мухолифин дар низоми давлатӣ.
  • Фаъолияти мушаххаси Пешвои миллат – таҷрибаи роҳбарии шахсият дар шаклгирии тафаккури ваҳдатсоз ва равандҳои ҷомеасозӣ.

Ҷаҳонишавӣ, ки хосси замони муосир маҳсуб меёбад, аз як тараф, василаи тақвияти робитаҳо ва ҳамгироии кишварҳо гардида, аз ҷониби дигар, боиси паҳншавии таҳдидҳои фаромиллӣ, шиддат гирифтани нобаробарии ҷаҳонӣ, фишор ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва амиқтар гардидани ихтилофоти миёни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда шудааст. Таҳти таъсири ин раванд мушкилоти замони муосир хусусияти глобалӣ касб намуда, ба таҳдидҳои нигаронкунандаи ҷомеаи башарӣ мубаддал шудаанд.

Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи таҳкими истиқлол ва барқарории суботи миллӣ сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро интихоб намуд. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо ҳамчун кишвари ором, балки субъекти фаъол ва ташаббускор дар сиёсати байналмилалӣ шинохта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро на танҳо як раванди сиёсӣ, балки арзиши ҳаётӣ ва маънавии умумбашарӣ медонанд. Сулҳ ҳамчун заминаи суботи устувор, пешрафти иқтисодӣ, таҳкими фарҳанг ва рушди инсонӣ маънидод мешавад.

Таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон, ки дар натиҷаи иродаи сиёсӣ ва фарҳанги муколама ба даст омад, имрӯз ҳамчун мероси арзишманд ва таҷрибаи муваффақ дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули консепсияи сулҳ ва фарҳанги ҳамзистӣ натанҳо хоси заминаи сиёсати миллӣ, балки дорои аҳаммияти умумибашарӣ мебошад. Арзишҳое, ки Пешвои миллат дар сиёсати худ тарғиб менамояд – адолат, баробарӣ, таҳаммул, ҳамбастагӣ, илм, маърифат, оромӣ – бо арзишҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мувофиқ меоянд. Ба гуфтаи коршиносони ватанию хориҷӣ, фаъолияти Пешвои миллат дар пояи ин арзишҳои инсонгароёна бунёд ёфтааст ва хоси танҳо як миллат нест, балки ҷавобгӯи ниёзҳои умумии ҷомеаи башарӣ мебошад.

Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон, ки дар заминаи таҷрибаи сулҳи дохилӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва фалсафаи шарқӣ ташаккул ёфтааст, метавонад ҳамчун модели амалӣ барои кишварҳои даргир, минтақаҳои буҳронӣ ва муҳитҳои қавмии муноқишаомез хидмат кунад. Дар шароити муосир, ки ҷаҳон ба рӯйдодҳои фишоровар ва афзоиши ихтилофҳо рӯ ба рӯст, консепсияи сулҳи Пешвои миллат ҳамчун як пешниҳоди назариявӣ ва амалии ҳалкунанда арзиши бузург дорад.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри XXI бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва дорои консепсияи хосси сиёсати хориҷӣ муаррифӣ намуд. Таҷрибаи сиёсати сулҳ, консепсияи инсонгароёнаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи сулҳу амният имрӯз мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ин муваффақият на танҳо натиҷаи та­лош­ҳои сиёсати давлатӣ, балки самари ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва фалсафаи сулҳе мебошад, ки дар шахсияти Пешвои миллат таҷассум ёфтааст.

Рухшона ВОСИФҶОНЗОДА,

директори Муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К. Д. Ушинский»