Омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таълимӣ баъди хатми таълими мавзуи «Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳ. Юсуфӣ» дар синфҳои 7 ва 11 метавонанд дар мактаб маҳфили адабӣ ташкил намуда, хонандагонро бо паҳлуҳои дигари эҷодиёти шоир шинос намоянд.
Ҳабиб Юсуфӣ 29 сол умр дида, баробари шоири тавоно будан, тарҷумони бомаҳорат низ буд. Ӯ ба фаъолияти тарҷумонӣ ҳангоми донишҷӯӣ дар солҳои 30-юм сар карда, то соли 1942 ин шуғлро идома додааст. Дар ин солҳо осори манзуми шоирони рус Пушкин, Крилов, Одоевский, Маяковский, украин Шевченко ва қазоқ Ҷанбул Ҷабаевро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ӯ соли 1937 шеъри «Бандии Кавказ»-и Пушкинро тарҷума карда, ҳамзамон, мақолаи «Пушкин ва Байрон»-ро навишта, худро на танҳо донандаи хуби забони тоҷикӣ, балки донандаи забони русӣ ва мунаққиди фарохназар (дар 28-солагӣ) муаррифӣ намуд. Вақте ки кас шеъру мақола ва тарҷумаҳои ӯро бодиққат мутолиа мекунад, ба сабки эҷодии ӯ таъсири амиқу файзбахш гузоштани ашъори шоирони фавқуззикр, бахусус, Пушкин ва Лермонтовро эҳсос хоҳад кард.
Чунин як таъсири ғоявию мавзуиро дар фаҳмиши мафҳуми Ватан ва маънои он дар ашъори Ҳ. Юсуфӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки он аз назми рус, хусусан, Пушкин ва Лермонтов маншаъ гирифтааст. Масалан, мисраъҳои зер аз шеъри «Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд» ба суханони фавқ далел ва талқини нави мафҳуми Ватан ва ватанхоҳӣ мебошад.
Дар оғӯши ту ҳазорон диёру шаҳр бувад,
Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд,
Ҳазор як сифататро адо нахоҳад кард,
Ҳазор шоир, агар асрҳо сухан гӯяд.
Дигар хусусияти ашъори Ҳ. Юсуфӣ ин аст, ки шоир дар онҳо барои ифодаи мазмунҳои бикр аз калима ва образҳои шеъри шоирони рус истифода мекунад. Чунончи, тибқи истифодаи вожаи «анчар» аз шеъри А. С. Пушкин «Ба Чаадаев» шеъри «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар»-ро эҷод намуда, онро бо чунин мисраъҳои ҷанговаронаи дорои эҳсосоти баланд оғоз кардааст:
Вақти он аст, эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ
То ба душман ҳамла орам.
Решааш буррӣ зи бех
То расӣ манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!
Ҳабиб Юсуфӣ дар бештари дигар шеърҳои худ, дар тарзи қофиябандӣ ва тақсими мисраъҳо ба назми устодони шеъри русӣ, аз ҷумла, Пушкин пайравӣ кардааст. Чунончи, аз шеъри «Дашти илҳомбахш» намуна дар тақсими мисраъҳо:
Тани афсурда, рӯи пажмурда,
Синаи хаста, лонаи андуҳ,
Дили пурорзу, вале маҷруҳ
Чашми аз ашкрезӣ озурда
Менамояд назар ба чор атроф…
Ҳама дар сели тирагӣ ғарқ аст!
Лек танҳо ба ҷониби Шарқ аст.
Меҳри пунур, осмони соф.
Чунин навҷӯиҳо бо таъсири тарҷумаи асарҳои Пушкин ва Лермонтов дар ашъори Ҳ. Юсуфӣ хеле зиёд вомехӯранд. Намуна аз «Суруди чӯли казак»:
Мевазад аз канори дарё бод,
Дода овоз меравад чолок….
Не, ин овози бод не,
Ҳайҳот!
Месарояд суруд чӯли қазоқ:
«Ман-куҳансол дашти бепоён»
Ин заминҳост дар тасарруфи ман.
Нест тай карданам ба кас осон,
Мезанам ман бар осмон доман…
Солҳои 1930-90 Ҳ. Юсуфӣ аз эҷодиёти Пушкин ва Лермонтов шеърҳои «Ба Чаадаев», «Ба Сибир», «Кавказ», «Қишлоқ», «Бандии Кавказ», «Полтава», «Бародарони ғоратгар», «Шаҳдухтари мурда…», «Орзу», «Бандӣ», «Бодбон», «Баллада», «Аллаи зани қазоқӣ» ва ғайраро тарҷума кардааст, ки хонандагони ҳамонвақта бештари онҳоро чун шеъри худи Ҳабиб Юсуфӣ қабул намудаанд. Ин гуна ҳолат қариб дар аксари тарҷумаҳои ӯ, алалхусус, дар шеъри «Аллаи зани қазақ»-и Лермонтов низ рух додаст:
Спи, младенец мой прекрасный,
Баюшки-баю
Тихо смотрит месяц ясный
В колыбель твою.
Стану сказывать я сказки
Песенки спою
Ты ж дремли, закрывши глазки
Баюшки-баю…
Тарҷумаи Юсуфӣ:
Алла кун,эй бачаи зебоякам
Алла гӯям, аллаё,
Моҳаки тобон нигарад нарм-нармак
Сӯи ту гаҳвора-ба
Гуфта диҳам қиссаи зебову хуш,
Лек ту роҳат куну чашмон бипӯш.
Алла гӯям, аллаё.
Ҳабиб Юсуфӣ ин шеърро тарҷумаи таҳтуллафзӣ накарда, дар ифодаи маъно аз калима ва таркибҳои тоҷикӣ муваффақона истифода бурдааст, ки ифодакунандаи маъно ва хусусияти услубии матни русӣ гардидааст. Ғайр аз ин, шоир барои тарҷумаи шеъри мазкур баҳри рамалро истифода кардааст, ки рукни асосии он фоилотун: -у — — буда, ба вазни шеъри «Аллаи зани казак» (хореи русӣ) мувофиқ аст. Ин таронаро ҳам дар қатори якчанд тарҷумаи шоир соли 1949 чун моли худи Ҳабиб Юсуфӣ қариб ба маҷмуаи шеърҳои ӯ дохил намуда буданд.
Хулоса, «То Ҳабиб Юсуфӣ дар назми тоҷик чун ӯ ба тарҷумаи осори шоирони бузурги рус касе машғул нагардида ва ҳеҷ кас ин корро мисли вай аз сидқи дил ба ҷо наоварда буд. Муҳимтарин шеъру достонҳои Пушкин ва Лермонтов дар тарҷумаи Ҳ. Юсуфӣ зуд маъруфият пайдо карда, борҳо нашри тоҷикӣ дидаанд»,-гуфтааст олим ва муҳаққиқи шеърҳои ғиноии А. С. Пушкин Холмуҳаммад Холов
Хайрулло РАҲИМОВ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон, омӯзгори собиқадор,
ноҳияи Варзоб