Таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷисмонии хонандагон

Дар ҷаҳони муосир, ки рушди технология бо суръати баланд ҷараён дорад, мушоҳида мешавад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба фаъолияти ҷисмонӣ таваҷҷуҳи кам зоҳир мекунанд. Таъсири мустақими истифодаи телефонҳои ҳамроҳ ва дигар дастгоҳҳои электронӣ ба саломатии руҳӣ ва ҷисмонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Имрӯзҳо бисёре аз ҷавонон ҳолати беҳавсалагӣ, лоғарӣ ва ё баръакс, фарбеҳӣ доранд. Аксарият ҳатто иҷрои ҳаракатҳои одии ҷисмонӣ, аз ҷумла, бардоштани пойҳо ва машқҳои муҳиммеро ба душворӣ анҷом медиҳанд.

Ҳисси масъулият, ирода ва характер, ки дар ташаккули шахсият нақши калидӣ мебозанд, тадриҷан заиф гардидааст. Дар ин маврид, мехостем якчанд маслиҳати муфид пешниҳод намоем, ки шояд гарави ислоҳи вазъ гардад.

Барои пешгирии ин ҳолати хатарнок мебояд ба самти муҳимми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аҳаммияти бештар дода шавад.

Чунончи:

1) Самти омодагии дифои ҳарбӣ. Ин фан бояд бештар ҷанбаи амалӣ касб намояд ва шавқовару рангин гузарад. Дарсҳо бояд дар заминаи омодагии ҷисмонӣ, омӯзиши техникаи ҳарбӣ, машқҳои саҳроӣ ва дигар фаъолиятҳои амалии дифоӣ гузаронида шаванд. Ин омил имкон медиҳад, ки дар баробари малакаҳои амалӣ онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ ба камол расанд.

Аксарияти шахсоне, ки дар даврони Шуравӣ таълим гирифтаанд, хуб дар ёд доранд, ки ҷавонписарон баъди хатми синфи нуҳ зиёда аз як ҳафта ба машқҳои саҳроӣ сафарбар карда мешуданд.

2) Самти тарбияи ҷисмонӣ. Мақсади асосии ин дарсҳо танҳо варзиш не, балки ташаккули тарзи ҳаёти солим аст. Бо ҷорӣ намудани намудҳои нави варзиш, ҷалби омӯзгорони фаъол ва таъмини мактабҳо бо таҷҳизоти муосир метавон муҳити шавқовар ва таъсирбахшро барои хонандагон фароҳам овард.

Меъёрҳое, ки дар таърихи на танҳо тӯлонӣ бо истилоҳи «ГТО» (ОММ) маъмул буданд ва нишон­диҳандаҳои омодагии ҷисмонии хонандагонро ба таври ҳаққонӣ маълум менамуданд, аз нав ба роҳ монда ва аз рӯйи он назорати ҷиддӣ бурда шавад.

3) Самти таълими меҳнат. Ин фан метавонад ҳамчун василаи тарбияи ҳисси масъулият ва меҳнатдӯстӣ истифода шавад. Хонандагон дар гулгаштҳо ё боғи муассиса бо асбобҳои гуногун, масалан, белу каланд бехи дарахтон ё гулҳоро нарм мекунанд, об медиҳанд, тозакунии гирду атроф ва шинондани ниҳолҳоро анҷом медиҳанд, ки ин ҳама тарбиятгари муносибати дуруст бо табиат мебошанд.

Хуб мешуд, муассисаҳое, ки зиёда аз ним гектар замин доранд, ба ҳар як синф қитъаи заминеро вобаста кунанд ва дар охири ҳар сол (масалан, дар ҷашни иди «Меҳргон») аз ҳар як сардори синф ҳисоботи амалҳои анҷомёфта талаб карда шавад.

Ҳамин тавр, имрӯз барои давлат ва ҷомеа муҳим аст, ки дар баробари рушди зеҳнӣ, ба рушди ҷисмонӣ ва маънавии хонандагон низ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем насли солим, ватанпараст ва меҳнатдӯст тарбия намоем.

Шералии БУРҲОНАЛӢ,

Шоҳназари ЗАБИР,

омӯзгорони мактаби Президентӣ барои
кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён