Неъмати бебаҳои миллат

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мардуми тоҷик ба марҳалаи нав қадам гузошт.

Оғози марҳилаи навини давлатдорӣ барои мардуми тоҷик ниҳоят душвор ва гарон афтод. Мутаассифона, сарзамини куҳанбунёди мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки хисороти зиёд ба ҷо гузошт.

16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Мардуми тоҷик тақдири ояндаи худ ва давлатро ба фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар намуд.

Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳои мусаллаҳонаи дохилии кишварро пеш гирифтанд.

Дар ин роҳи басо душвор Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоату ҷасорат, ватанпарастиву миллатдӯстӣ ҷони хешро ба гарав монда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд.

Хушбахтона, бо ташаббус ва ҷасорату ҷонфидоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» ба имзо расид.

Санади тақдирсози мазкур ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардумамон шароити мусоид фароҳам овард.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле саб­зонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо аллакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Сулҳу оштӣ, якдигарфаҳмӣ толиби осоиштагӣ будани мардумро ифода мекунад. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмиро дар худ таҷҷасум мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди ҷомеа ба шумор меравад. Танҳо ҷомеае рушд мекунад, ки дар он ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва сатҳу сифати зиндагии мардум баланд гардад.

Бояд қайд кард, ки дар марҳалаи нави давлатсозӣ Пешвои миллат ба сохтани роҳҳову пулҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, дар тамоми фаслҳои сол рафтуомади мардум таъмин гардид.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳамма масаъалаҳои глобалии обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ хуш пазируфта шуданд.

Ҳамин тариқ, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои асри ХХ мардуми тоҷик аз фоҷиаи миллӣ раҳо ёфта, Истиқлоли давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бирасем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Алишери Абдулмаҷид, дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ