Ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Ҷаббор Расулов рафта, ба раванди таълиму тарбия, дастовардҳои омӯзгорону толибилмон шинос шудем. Муассиса дар ҳолати хеле хуб қарор дошта, тозагию озодагии роҳраву синфхонаҳо ва риояи либоси мактабӣ аз тарафи муҳассилин ба назар мерасад.
Мактаби мазкур соли 1972 сохта ба истифода дода шуда, соли 1992 бинои нави он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Айни замон ба таълиму тадриси 897 нафар хонанда 58 нафар омӯзгор машғул мебошанд. Барои ҳалли муаммои норасоии кадрӣ 4 нафар донишҷӯи соли чоруми ихтисоси омӯзгории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров аз забони русӣ, технология ва синфҳои ибтидоӣ ҷалб гардидаанд.
Баробари ворид шудан ба ҳуҷраи кории муовини директор оид ба таълим Марҳабо Миродилова маълум гардид, ки дастовардҳои толибилмону омӯзгорони муассиса назаррас мебошанд. Танҳо дар соли равон дар олимпиадаи вилоятӣ 18 нафар, дар даври ҷумҳуриявӣ 4 нафар иштирок карда, 2 нафар аз биология ва забони давлатӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамроҳи намояндагони шуъбаи маориф ва маъмурияти муассиса ба дарси омӯзгори ҷавони забони англисӣ О. Отабоева, ки собиқаи кории дусола дорад, ворид гардидем. Мавзуи дарс «Шиносоӣ ба кишвари Британияи Кабир» ном дошт. Муаллим бо забони англисӣ озодона суҳбат ва гуфтугӯ мекард, шогирдон низ ба саволҳо посухҳои муфассал дода, фикру мулоҳизаҳои хешро баён мекарданд. Дарс дар сатҳи баланд гузаронида шуда, аз маҳорати баланди педагогии омӯзгори ҷавон гувоҳӣ медод.
Мо баъди баргузории дарс бо Ойгул Отабоева суҳбат карда, аз он хушҳол гардидем, ки ӯ чор забон – англисӣ, русӣ, чинӣ ва кореягиро дар сатҳи баланд медонад. Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад. Лозим ба таъкид аст, ки О. Отабоева соли равон ғолиби озмуни «Беҳтарин омӯзгори ҷавон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гардида, аз тарафи мақомоти иҷроия бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудааст.
Сипас аз озмоишгоҳҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимӣ дидан намудем. Муассиса дорои ду тахтаи электронӣ ва 22 адад компютер мебошад, ки дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Чор адад компютери аз солҳои қаблӣ боқимонда дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.
Кабинети география дар ҳолати хеле хуб қарор дошта, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми кишвар пурра таҷҳизонида шудааст. Аммо дар кабинетҳои химия ва физика қисман таҷҳизот ва маводи озмоишӣ намерасанд, ки барои ислоҳи ин камбудӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Мехоҳем як нуктаро таъкид намоем, ки муассиса дар мавсими қатъи неруи барқ ба душворӣ рӯ ба рӯ мегардад, зеро бо хатти озоди неруи барқ пайваст нест. Бо дастгирии падару модарон ва соҳибкорон тавассути пойгоҳи обкашӣ муассиса бо об таъмин гардида, дар ошёнаи якум ва дуюм ҳамаи дарҳои синфхонаҳо нав ва тирезаҳои замонавӣ насб карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар замини наздиҳавлигии муассиса кишти картошка ба роҳ монда шуда, дар ҳолати хуби нашъунамо қарор дорад.
Дар аксари муассисаҳои таълимии ноҳия гармхонаҳо мавҷуд мебошанд. Бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) дар мактаб гармхонаи замонавӣ сохта шудааст, ки дар он помидору бодиринг ва кабудиҳо нашъунамои хуб доштанд.
Ҳолати изтиробангез ва нигаронкунанда дар муассиса вазъи ногувори варзишгоҳ, майдони баскетбол ва волейбол буд, ки аслан, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Директори муассиса Ғайратҷон Мамашарипов таъкид намуд, ки дар ҳақиқат, ин мушкил вуҷуд дорад ва лоиҳаи варзишгоҳи замонавӣ, майдончаи баскетбол, волейбол ва таҷҳизоти варзишӣ пешниҳод карда шудааст, ки бо амалӣ гаштани он ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт.
Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»