Дар соҳил кӯдаке нишаста буд ва бо белча ба бордони мошинчааш хок меанбошт. Дуртар се-чор дӯстрӯяки дигар бо ғавғо аз қум хоначаҳо меафрохтанд. Чанд зан дуртар гоҳ-гоҳе тарафи кӯдакон луқмае мепартофтанд ва боз саргарми суҳбати худ мешуданд.
Ҷавоне тарбузи калон ба даст тарафе мешитобид (аз дил гузаронидам, ки аз ҳосили нав аст, ҳафтае баъд мебинӣ, ки дар бозору растаҳо барои тарбузу харбуза ҷой намемонад. Бигзор, ҳамеша чунин бошад). Дидам, ки дилдодаҳо дар хиёбон дасти ҳам гирифта, шояд ба ҳам рози дил ифшо мекарданд.
Дар кати чӯбине чанд мӯйсафед нишаставу баҳузур чой мехӯрданд ва бафурҷаву бовиқор аз ҳар боб чақ – чақ доштанд…
Кадбонуе латтае ба даст аз танӯр нонҳои суп-сурх меканд ва болои ҳам мечид ва чун касе мегузашт, аз нонҳои гарм муроот мекард. Андаке онсӯтар марде сари деги палав ҷунбуҷӯл дошт ва кафгир ба даст гоҳе онро тагурӯ менамуд.
Яке дидам, ки гурӯҳе аз ҷавонон либоси варзишӣ ба тан аз пешам давон-давон гузаштанд. Мумкин дастаи бозигарони футбол ё волейбол бошанд, ки тамрин доранд…
Ин манзараҳоро ҳар рӯз мебинам. Ин манзараҳоро бо хушнудӣ ва дили пур аз фараҳ тамошо дорам. Ҳар рӯз ба Худо шукр мегӯям, ки чунин тинҷиву осудагиро бароямон насиб кардааст. Дигар ҳар рӯз ба Худо шукр мегуфтаму мегӯям, ки барои мо ватандоре ато кардааст, ки ҳамтову ҳампойи ӯ дар олам нест, шукр мегӯям, ки чунин Роҳбаре бузургмард, хирадгаро, донову фарзона, далеру шуҷоатманд дорем, ки бо азхудгузаштагиҳову ҷоннисориҳояш моро ба чунин рӯзҳои осудагиву хушбахтӣ расонид. Рӯзҳое, ки кӯдакон бозӣ доранд, занон нон мепазанд, мардон маърака меороянд, ҷавонон тамрин доранд ва ин ҳама, аз шарофату баракати ваҳдат аст. Ин ҳама аз тинҷиву осудагист, аз сулҳу субот аст, ки бо талошу иродатмандии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ин давлати ваҳдат аст, ин шарофати ваҳдат аст, ин баракати ваҳдат аст, ки дар саросари ҷаҳон имрӯз тоҷиконро ҳамчун халқи соҳибдавлату соҳибистиқлол мешиносанд, таҷрибаи сулҳи онҳоро меомӯзанд. Ҷаҳониён сахт муътақиданд, ки тоҷикон сулҳпарасту сулҳоваранд.
Раҳ ба сӯйи ваҳдат осону ҳамвор набуд, чандин сол душманони дохиливу беруна нагузоштанд, ки мо ба ваҳдат – муроди дили худ бирасем, чӣ қадар роҳҳоро тоҷик паймуд, чӣ қадар сахтиҳоро тоҷик паси сар кард, чӣ қадар тоҷик овораи ҷаҳон шуд ва бо чӣ мушкилиҳо боз ба ҳам омад:
Раҳи Ваҳдат зи санги хора бигзашт,
Баланду пастро ҳамвора бигзашт.
Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,
Ки ҳар кас з-он гузашт, овора бигзашт.
Ҳастии миллат аз ваҳдат аст, ваҳдат аст, ки дирӯзу имрӯзи худро аз даст надодем ва домани фардоро сахт гирифтем. Решаву пайванди мо ба ваҳдат баста аст, муроду мақсади миллати мо ваҳдат буд, ваҳдат ҳаст ва ваҳдат мемонад:
Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.
Ваҳдат аст, ки мо якдилу якҷонем, ваҳдат аст, ки субҳу шоми мо равшану пурҷилост. Неруи мо, қудрати мо дар ваҳдат аст, аз шарофату баракати ваҳдат миллати тоҷик тифоқу муттаҳид мебошад, мо бо ваҳдати худ мефахрем:
Тоҷикему якдилу ҷонем,
Партави як субҳи тобонем.
Шуълаи як моҳи шомафрӯз,
Нури як хуршеди тобонем.
Ваҳдати мо – иқтидори мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.
…Рӯз бегоҳ шуд. Солманде сари зону нишаставу дасти дуо сӯйи осмон нидо мекард: «Худоё, Худовандо! Ин кишвар, ин мардумро аз шарри душман нигаҳ дор, Сарвари мардуми тоҷикро неруву қудрати безавол ато кун, то сулҳу оромӣ побарҷову устувор бошад!».
Сари кӯча кӯдаке дар дасти модар сӯям баланд хандид, ман ҳам мисли ӯ шукуфтам, вақте хандаи кӯдак баланд садо медиҳад, пас, тинҷиву оромист.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»