Омӯзгор бояд ҳамаи хонандагонро дӯст дорад

Шалва Амонашвили насли нави замони муосирро «фарзандони рӯшноӣ» меномад ва чунин меҳисобад, ки дилхоҳ шахс метавонад ғояи педагогикаи гуманистиро амалӣ намояд, агар дар қалбаш меҳру муҳаббат маскан гирифта бошад. Шалва Амонашавили маорифпарвар, равоншинос, файласуф ва намунаи ибрати ҳақиқӣ барои волидон буда, ба суолҳои маҷаллаи «Домашний очаг» посух медиҳад.

Мо ба назди Шалва Александрович, ба ҳавлии ӯ ба Гурҷистон омадем. Ҳар тобистон дар ин ҷо машваратҳо бо омӯзгорон, равоншиносон, падару модарон баргузор мешавад. Бисёриҳо ба ин ҷо бо оилаву кӯдаконашон меоянд. Дар паҳнои бавусъати ҳавлӣ ба ҳама ҷой мерасад: ба коргоҳи кулолгарӣ, театри юнонӣ ва ба маърузачиён, инчунин, ба майдони кӯдакона. Маҳсулот аз тамоми фермаҳо оварда шуда, ҳавои тозаю ботароват ва ҷамъи ҳамфикрон садҳо одамро аз кишварҳои гуногун: Россия Австрия, Литва, Украина, Испания, Қазоқистон ва ғайра ба ин ҷо ҷалб менамояд.

Панҷоҳ сол қабл аз ин Амонашвили, омӯзгори ҷавон, вале аллакай соҳибтаҷриба, аз рисолаи илмии тоза ҳимоякардааш даст кашида буд: моҳияти рисола ба дидгоҳу ҷаҳонбинӣ ва бардоштҳои навини ӯ дар масъалаи таълиму тарбияи кӯдакон мухолифат мекард.

Дидгоҳҳои нави омӯзгор тадриҷан ҳамчун системаи ба истилоҳ «педагогикаи гуманистӣ» шакл гирифта, дар он принсипҳои педагогикаи классикӣ ва ғояҳои фалсафӣ ба ҳам эҷодкоронаю дурандешона омезиш ёфта буданд. Қонунҳои асосии муносибати Амонашвили ба таълиму тарбия имрӯз ҳам тағйир напазируфтаанд: кӯдакро дӯст доштан, дарк кардан, эътимоду боварӣ варзидан ба ояндаи ӯ (хонанда), ки ҳоло ин омилро волидон ҳатто намедонанд.

Мо ба Шалва Александрович дар хусуси вазъи маориф дар замони муосир, омӯзгорони хуб, инчунин, ношоиста ва дар боби он ки чӣ тавр ба волидон барои пешқадаму муваффақ гардидани фарзандонашон дар мактаб бояд ёрӣ расонда шавад, суҳбат кардем.

– Шалва Александрович, мушкили калидии маориф дар замони имрӯз ба фикри шумо кадом аст?

– Ҷаҳон нав шуд, бачаҳо нав шуданд, педагогика бошад, ҳамон тавре ки буд, боқӣ мондааст.

Дилхоҳ бача технологияи дарсро нақл карда метавонад: хезед, бишинед, дафтарҳоро кушоед, китоби дарсиро хонед, дафтарҳоро пӯшед, рӯзномаро кушоед, дарс ба охир расид.

Ин раванд ё сохтор дигар дархури замон нест. Насли нав ба тарҳ (модел)-и мо розӣ шуданд, вале онро напазируфтанд. Педагогикаи иҷборӣ куҳнашуда аст. Аз ин рӯ, барои хонандагони замони муосир дар мактаб таҳсил дилгиркунанда аст.

Барои насли мо чунин мактаб дилгиркунанда набуд, аз он хотир, ки мо дигар хел тарбия ёфта будем. Волидон фарзандонро маҷбур мекарданд, ҷомеа маҷбур мекард.

Ҳоло ин тавр мумкин нест. Гуфтаҳои мактабшиноси машҳур Сухомлинскийро меорем:

«Ҳангоме ки дар хусуси кӯдаке фикр мекунам, ки дар дарс нишаста, аз зиқию дилтангӣ намедонад чӣ кор кунад ва саранҷом баҳои «2» мегирад, қалбам аз тапидан қариб бозмемонад».

– Оре, мо низ чун волидони хонандагон нигарон мешавем, вақте ки мушоҳида мекунем, мактаб барои бачаҳои фаъолу сер­ҳаракат ва шавқманд диққатҷалбкунанда набуда, дилгиркунанда аст.

– Як идда омӯзгорон рӯзи 1-уми сентябрро бесаброна интизор мешаванд, ки ба мактаб ҳозир ва баҳои «2» гузоштанро оғоз кунанд. Маъмулан, омӯзгор ба назди кӯдак китоби дарсӣ дар даст ҳозир мешавад. Вай ҳамаи мавзуъҳоро медонад. Вале имрӯз педагогикаи ҳамкорӣ зарур аст. Ин маънои онро дорад, ки омӯзгор бояд якҷо бо хонанда мавзуъҳои китоби дарсиро баррасӣ ва таҳлил намояд, байнашон дар масъалаи китоби дарсӣ ва мавзуъҳои он ҳусни тафоҳум бояд мавҷуд бошад.

Дар мактабҳои типи куҳна бачаҳо ба такрор намудан ва наҷунбида нишастану гӯш кардан талқин карда мешуданд.

Се ҳазор машғулият, чиҳил посух дар як рӯз ва зам ба он вазифаи хонагӣ. Даврони бачагӣ ба ҳамин минвол мегузашт.

«Дарс»-фаҳмишу дарки баландро бо маънои амиқаш ифода мекунад, вале имрӯз ҳамин маънию моҳияти он аз байн рафтааст.

Дарс рӯшноиест, ки ба хонанда дар дарёфти роҳи мақсуди ӯ ва ҳалли масоили зиндагиаш ёрӣ мерасонад. Он се ҳазор машғулият бояд бо як роҳ: хуб, равшан ва хурсандиовар амалӣ шаванд ва он роҳи донистан мебошад.

Омӯзгор бошад, шахсест, ки дар ин роҳ кӣ будани худро меҷӯяд. Барояш шояд хурсандибахш аст ё ташвишовар? Дарс ончунонки дил мехоҳад, баргузор мешавад? Шогирдон аз пайи омӯзгор мераванд? Муаллими хуб суол медиҳад ва мунтазири посухи дурусту саҳеҳ не, балки мунтазири андеша, ғояву афкори хонанда аст…

Омӯзгори ман дар соли 1948 тӯли тамоми сол ҳамроҳи мо-шогирдон достони Шота Руставели «Паҳлавони палангинапӯш»-ро омӯхту омӯзонд. Танҳо як чизро бояд хотиррасон кард: вай ин мавзуъро бар ивази рӯйхати тасдиқшудаи шоиру нависандагон (дар барнома) меомӯзонд. Баъдтар ман фаҳмидам, ки вай ба ин кор ҳуқуқ надоштааст.

Дарсҳо шабеҳи симпозиум (тантанавӣ) буданд: аз мавзуи нав чӣ фаҳмидӣ, чиро омӯхтӣ, бо кадом ҷанбаҳои мавзуъ (дарс) розӣ ҳастӣ, мулоҳизаҳои ту. Ҷое дар бораи ҷанговарии ҷавонмард (ритсар), ҷойи дигар дар хусуси ишқу муҳаббат, дар дигар ҷо дар боби авфу гузашт кардан, олиҳимматию мардонагӣ сухан меравад дар достони Шота Руставели. Шояд муаллима гумон мекард, ки гурҷӣ бояд воқеан, ин достонро ҳазм кунад ва бад-ин минвол ҳамчун инсони накукирдор ба камол мерасад? Қаҳрамонию шуҷоати омӯзгорро эҳсос кардед? Ҳоло бошад, омӯзгорон мегӯянд: ба мо имкон ва иҷозати озодона дарс гузаштанро намедиҳанд. Ман дар посух мегӯям: ҳоло то он вақте ки санҷиши фаъолияти шумо фаро мерасаду нисбататон тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд, шумо метавонед 100-то чунин машғулиятро ба майли дил, озодонаву шавқовар ва муассир ташкил ва баргузор намоед. Ва ин сабку шеваи тадриси шумо якумр дар ёди шогирдон боқӣ хоҳад монд. Дарси он муаллимаро як умр дар дили худ чун ганҷи пурбаҳо нигоҳ медорам, симои қаҳрамони бебоки достон дар зиндагӣ улгу ва ҳидоятгари ман аст.

Аксар ҳангом, дар лаҳзаҳои мушкили зиндагӣ роҳҳои ҳаллу бурунрафте, ки дар достон ифода ёфтааст, воқеӣ ва ҳақиқӣ буданд бароям.

– Дуруст, вале маъмулан, ба эътирози мо дар ин хусус (дарсҳои якрангу қолабӣ) посух мешунавем, ки омӯзгорон зиёд азоб мекашанд, соатҳои дарсӣ, машғулиятҳои иловагӣ, маҳфилҳо… хастаашон мекунад.

– Омӯзгорон монанди хонандагон ба «духон»-у «аълочӣ» ҷудо мешаванд. Ин ҳолро ҳамчун ҳақиқат бояд қабул кард. Мактаб як ҷузъи фарҳанг аст. Фарҳанг заминаи асосии таълимгоҳ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, набояд онро ба таври алоҳида, ба сари худ мустақил ҳисобид. Дар ин муҳит дарс (азхуд кардани мавзуъ)-ро набояд ба мусобиқаи байни шогирдон табдил дод. Мазмун, кӣ зудтар фаҳмиду дарк кард ва чиро фаҳмид?

Лозим аст, ки ба ҳар як нафар муроҷиат кард ва ҳамзамон, танҳо ба як хонанда. Ин тавр не, ки кадом хонанда бештар дод мезанаду даст мебардорад. Омӯзгор бояд ба хонанда наздик бошад, рост ба чашмонаш назар кунад, ба назди ҳар яке биравад, ба ӯ гӯшу ҳуш шавад.

Ҳамаи ин донишҳо барои чӣ ба хонанда заруранд? Барои чӣ бо ҳусни хати зебо бояд навишт? Шумо мехоҳед, ки бачаҳо бе ғалат ҳарф бизананду бинависанд? Ё муҳимтар аз ҳама, онҳо чӣ мегӯянд, дар бораи чӣ менависанду фикр мекунанд? Шумо аз ин ҳол хурсанд мешавед, ки шогирдатон бо дурус­ту саҳеҳ ва бехато навиштан дар хусуси нафаре хабар медиҳад? Хирадмандони Чин мегӯянд, ки иероглифҳои зебо нишонаи ботини зебост. Бояд сатҳи фаҳмишу дарк ва тафаккурро баланд бардошт, дидгоҳро вусъат бахшид. Таърифу ситоиш кунеду бо ҳавас дар бораи хонанда ҳарф занед. Чӣ ботини зебое дорӣ! Ҳатто омӯзгор агар бештар ба шогирдон табассум ҳадия кунад, ин аллакай хеле хуб аст.

– Омӯзгорони хубро аз куҷо метавон дарёфт кард?

– Академик Лихачёв мегӯяд: дар он ҷое, ки омӯзгорони хуб ҳастанд, он ҷо шогирдони хуб ҳам ҳастанд. Агар омӯзгор барои беҳтар шудани касбияти худ кӯшишу талош накунад, ӯро наметавон маҷбур кард. Директори муассисаи таълимӣ бояд шахсан худаш омӯзгоронро интихоб кунад, зеро ҳайати интихобкардаи ӯ ба истилоҳ ансамбли ӯ ҳисоб меёбанд. Сухомлинский, Тулбелский, Ямбург намунаи сарварони таълимгоҳҳое ба шумор мерафтанд, ки омӯзгорони аз худашон болотару беҳтарро интихоб мекарданд, ки ҳадаф аз ин амалкард заминаи мустаҳками мактабро ба вуҷуд овардан буд.

Дар Москва муассисаи таълимии рақами 200 бо махсусиятҳои нуқси ҷисмонӣ (ношунаво, камбин, лакнати забондошта…) мавҷуд буд. Вақте ки ҳайати омӯзгорони он иттилоъ гирифтанд, ки мо дар таълимгоҳ «педагогикаи гуманистӣ»-ро ҷорӣ карданӣ ҳастем, ҳамагӣ мактабро тарк карданд. Мо ҳар касеро, ки маълумоти олӣ дошт, ба кор пазируфтем ва бад-ин тариқ, ду сол фаъолият намудем. Баъди ду соли фаъолиятамон санҷиши нақшавӣ оғоз шуд ва муассисаи таълимии моро ҳамчун мактаби миёнаи умумӣ аз аттестатсия гузаронданд, ки ин натиҷаи муассиркунанда буд барои мо.

Ҳамроҳи шогирдон навиштаҷоти мактабро аз пешманзари муассиса барои абад баркандем. Мактаб то ҳол вуҷуд дорад ҳамчун маркази таълимӣ. Омӯзгоронро бояд омода ва ба камол расонд, вале на ба сифати хос омӯзгори фаннӣ. Дар он сурат онҳо ба таври маҳдуд ба сифати математик, физик ё ба таври муқаррарӣ ҳамчун омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ фаъолият мекунанд.

Вале агар мактаб ба омӯзгор барои ҷаҳонбинию тафаккури худро такомулу рушд бахшидан мадад расонад, дили ӯро ба касбу пешааш гарм намояд, он гаҳ вай ба муаллими ҳақиқӣ табдил хоҳад ёфт. Дар ин масъала бо ӯ муносибати инсонпарварона (гуманистӣ) бояд кард.

– Мактабро чӣ тавр метавон интихоб кард?

– Бар ивази он ки мактабро ҷустуҷӯ кунем, беҳтар мебуд, худро дар оилаамон биҷӯем. Мо худамон шароитро ба хотири он ки фарзандамон тарбия ёбаду шукуфо гардад, бояд ба вуҷуд биёрем. Ҳамин тавр, ба бачаҳо меҳру муҳаббати содиқона, нозуку ҳатмӣ зарур аст. Мо бояд на танҳо аълочиёну ба истилоҳ «итоаткорон», балки ҳамаи хонандагонро баробар дӯст дорем. Қабл аз он ки аз мактаб норизоиятӣ мекунед, бояд фарзандро дар хона тарбияи хуб дод. Муҳиту фазои хонаро тавре шакл бояд дод, ки барои ҳамаи аъзои оила беҳтару бароҳат бошад. Ва нозукбин буду хирадманд, то ки ба садои дили кӯдак гӯш бидиҳӣ. Кистанд бачаҳои мо? Идомадиҳандаи кори мо ё эҷодкори оянда? Аз ҳамин омилҳо мо педагогикаро бунёд мекунем. Ана он вақт масъалаи кадом мактабро бояд интихоб кард, ҳалли худро хоҳад ёфт. Бо волидони дигар машварат анҷом диҳед: омӯзгор дӯстдоштаю писандида аст? Аз фарзанди эшон истиқбол мекунад? Ба шогирдони худ ва падару модари онҳо эҳтиром мегузорад? Ва ё баръакс, ҳамвора дод мезанаду дарсро ба таври миёна мегузаронад? Рафту омӯзгори хубро дарёфт накардед, ақаллан дар оила шароитеро муҳайё кунед, ки самимона бошад. Дар ҳаққи муаллим набояд бад гуфт, зеро он гоҳ фарзанд шахсияти ӯро намеписандад, дар он сурат беҳтараш фарзандро ба мактаби дигар гузоред. Афзалтар он аст, ки ба кӯдак барои мутобиқ шуданаш кумак расонед, агар хоҳони он бошед, ки вай маҳз дар ҳамин таълимгоҳ таҳсил кунад. Агар рафту омӯзгор бо хонанда «забон» наёбад, пас ӯро тавре тарбия кунед, ки омӯзгорро фаҳмидаву дарк созад.

– Бисёриҳо мактаби дилхоҳ ва омӯзгори писандидаи худро наёфта, омӯзишу таълимро дар оила афзалтар медонанд.

– Синфи оилавӣ, омӯзиши хонагӣ хубанд, вале оммавӣ шуда наметавонад. Ин намуди таълим дар он хонадонҳо судманд мебошанд, ки волидон ҳайати кӯчак (яъне, коллектив)-и таълимиро ба вуҷуд оварда метавонанд. Ва падару модарон бояд дар ҳақиқат, ба омӯзондани фарзандон қодир бошанд, ба онҳо ёрӣ расондаву ҳидоят кардаашон тавонанд. Ва ана, ҳангоме ки фарзандону волидон бо ҳам муттаҳид мешаванду реҷаи мунсифонаро ба роҳ мемонанд, он гоҳ чунин шеваи омӯзиш барои бача хубу роҳат аст. Бо вуҷуди ин, чунин тарзи таълим танҳо барои мактаби ибтидоӣ созгор аст. Мактаби миёна ва болоӣ дар ҳар сурат бояд оилавӣ набошад. Фанҳои бешумор, омӯзиши амиқу ҳамаҷониба душвор асту гаронарзиш. Мумкин аст, албатта, мактаби худ (шахсӣ)-ро таъсис дод, аммо он хеле гарон меафтад.

– Шумо нақши волидонро дар ин раванд дар чӣ мебинед? Умуман, падарону модарон бояд кадом корҳоро анҷом диҳанд, то ин ки хуб ва «рост» бошанд?

– Падар (ё модар) метавонад кӯдакро ба зиндагӣ омода ва ҷалб намояд, шабеҳи қаҳрамони афсона. Ба дилаш, эҳсосоташ роҳ ёбад, баҳри рафъи ранҷидахотирияш мадад кунад. Бо кӯдак пичирросзанон ҳарф занед, агар вай ранҷидаву андуҳгин аст. Пастакак ба ӯ гӯед: «Ку, ба садои қалбамон гӯш кунем, чӣ чизе нуҳуфтааст дар он… Биё, оромакак ҳис кунем…». Фаҳмондану тавзеҳ додан лозим нест, кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Ин амал ба ҳеҷ кас кумак намерасонад. Бо кӯдак ҳамроҳ бошед, эҳсосоташро дарк ва ҳимояташ кунед. Ранҷишу хафагияшро афзун насозед.

Мумкин аст, тавассути масалан, ҳикояти таърихӣ, гӯё ки дар он дар бораи ӯ гап намеравад, балки дар хусуси бачаҳои дигар нақл карда мешавад, лекин бо мазмуни дигар, ки ба фарзандони шумо хеле муҳим аст, бифаҳмонед.

Агар бо касе ҷанҷол карда бошад, барояш саргузашти ҷанҷолиҳоро қисса кунед. Ва амсоли инҳо. Ҳар як нақлу саргузашт бояд ҷанбаи ахлоқӣ дошта бошад. Бачаҳоро ба самту паҳлуҳои хуб ва амалҳои накукорона ҷалб намоед. Барои рафтору кирдор ва андешаҳои хубашон ба онҳо таҳсину офарин хонед.

Мушкил дар он аст, ки дар оила низ айни ҳамин ҳолро мушоҳида мекунем. Қудрати волидон, ҳукму фармонфармоӣ амали дуруст ҳисобида мешавад. Мактаб ва оила дар ин самт ҳадафи ягона доранд.

Вале насли мо ба ин ҳама тайёр буд, ҳоло бошад, бачаҳо, ҳар яке лаёқатеро доро мебошанд, ҳатто бисёрии онҳо истеъдоди гуногун доранд. Хусусияти дигарашон озодипарастӣ, мустақилият, худро дӯст доштан ва дониши ҳаматарафа доштани онҳост. Онҳо бартариро нисбат ба мо – волидону омӯзгорон эҳсос мекунанд. Ва онҳоро метавон таълим дод, танҳо бо роҳи муҳаббат бахшидану таҳаммулпазирӣ. Ва ин заминаи асосии тарбия ва таълим ба шумор меравад.

– Муҳаббат ва таҳаммулро аз куҷо метавон ба даст овард?

– Кӣ ба ту халал мерасонад, ин корро хуб анҷом бидиҳӣ ва бо муҳаббату самимият? Тавре ки Кант мегӯяд, бояд ба хонанда фикру андешаи худро не, балки чӣ тавр андеша карданро ёд додан зарур аст. Аз ман бисёр вақт мепурсанд: кадом усулу шеваро дар чунин ҳолат дар самти тарбия истифода бояд кард? Дар чунин вазъ кадом метод судманду муассир аст? Вале, ба андешаи ман на метод, балки ҷаҳонбинӣ муҳимму асосӣ мебошад. Агар ҷаҳонбинӣ вуҷуд надошта бошад, ҳама гуна методҳо беҳудаанд. Зарур аст, ки ҷаҳонбиниро тағйир дод, он гоҳ волидон худ дар замирашон имконоти нав ва неруҳои хуфтаро дар ҳалли мушкили бамиёномада кашф мекунанд. Албатта, ин роҳи мураккабу душвор ва тӯлонист, вале муассиру манфиатовар аст.

Мусоҳиб

Нина Добринченко — Матусевич

Тарҷумаи Шодӣ Раҷабзод, «Омӯзгор»