Ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли шоистаи даврон

Ҷамъияти инсонӣ дар давоми давраҳои гуногуни таърихӣ ҳодисаҳои зиёди иҷтимоию сиёсиро аз сар гузаронида, ҳамеша талош ба озодӣ, истиқлол, сулҳу оромӣ, якпорчагии кишвар ва худшиносӣ мекард.

Арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар охири садаи ХХ ба даст овардани истиқлоли миллӣ буд. Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии халқ ва кафолати пешрафти давлату рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳо дар ҷомеа мебошанд. Ваҳдати миллӣ пойдорӣ ва ҳастии миллат буда, имконияти ба ояндаи дурахшон расидани давлатро таъмин мекунад. Аз ин рӯ, ҳифз, ҳимоя ва таҳкими ваҳдати миллат ва халқҳое, ки дар ҷумҳурӣ кор ва зиндагӣ мекунанд, муҳим буда, дар роҳи ободонии кишвар хидмат намудан қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.

Дар роҳи расидан ба қадри зиндагии орому осуда ва ҳифзу ҳимояи ваҳдату якпорчагии кишвар нақши маориф муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, таълиму тарбияи насли муосири донишманду соҳибҳунарро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёду ташкил намудани муассисаҳои муосири таълимӣ, аз қабили мактаби байналмилалии Президентӣ, мактабҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқат, литсейю гимназияҳо, муассисаҳои хусусии таълимӣ, идомаи босуръати сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, мустаҳакам намудани заминаи моддию техникии онҳо барои насли замони истиқлол корҳои мондагор ба шумор мераванд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити моддии омӯзгорон пайваста музди меҳнати кормандони соҳаи маориф баланд бардошта мешавад. Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи маориф, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки дар тарбияи насли наврас ва шахсиятҳои ватандӯсту миллатпарвар ва садоқатманду донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар муносибати ҷиддӣ намуда, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси ватанӣ, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба он ниёз доранд, масъулиятшинос бояд буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавононро дар рушди истиқлоли кишвар ва пойдории Ваҳдати миллӣ муҳим донистаанд: «Пешрафти ҳар кадом ҷомеаро инсонҳои дорои ғановати маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳнӣ таъмин менамоянд. Ҷавонон дар миёни имрӯз ва фардои миллат занҷири пайвасткунанда мебошанд. Ҳар қадаре ки имрӯз мо ҷавононро тайёр кунем, ҳамон қадар фардои ҷомеаамон шукуфо мешавад».

Насли ҷавон бо ҷаҳонбинии пешрафта, ақидаву ғоя, нигоҳи тоза ба фардои ҷомеа метавонанд дар рушди давлати дунявию ягона ва иҷтимоию демократӣ саҳмгузор бошанд. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ дар фаъолияти касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, нақши фаъолона ва пешоҳангӣ дар бунёд ва рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд аз рукнҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои омода ва ба ҷомеа пайваст намудани чунин насли бедору худогоҳ аз маорифи кишвар масъулияти ҷиддиро тақозо менамоянд.

Вобаста ба ҷаҳонишавӣ ва бо шиддат рушд ёфтани соҳаҳои муҳимми иқтисодиёт ҷавонон ҳамчун захираи асосии зеҳнию ақлонии миллат ва қишри фаъолу ҳамқадами замон бояд дар пешравии кишвари азизамон саҳми шоиста гузоранд. Ояндаи ҳар миллат, пеш аз ҳама, аз ҷавонони соҳибилму созандае вобаста аст, ки бо неруи тозаю ободкоронаи худ дар пешрафти ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд. Нақши маорифи миллӣ дар ин ҷода барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, донишманду забондон, баору номус муҳим арзёбӣ мегардад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 майи соли 1998 ҳангоми вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар таъкид намуданд: «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлат ва амнияти миллии кишвар ҳисобида, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии насли нав­рас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва фазои орому ваҳдатгарои кишвар барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд тадбирҳои зиёд амалӣ шуданд. Аз ҷум­ла, барои ҷавондухтарон аз соли 1997 ва барои ҷавонписарон аз соли 2005 квотаҳои Президентӣ барои таҳ­сил дар муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ ҷудо карда шуд, ки садҳо ҷавон аз ин имтиёзи баланд истифода карда, соҳиби маълумот ва касбҳои дилхоҳ шуда, барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар фаъолият доранд. Аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд, ки маҳз ҷавонони боистеъдод дар самти ихтироъкорӣ ва ҳамзамон, бо истифода аз тафаккури эҷодию техникии худ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузоранд.

«Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаю ахлоқи ҳамида метавононад пайванди ногусастании наслҳо ва руҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллои миллати худро эҳё намоянд»,-таъкид намудаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Фаъолияти ҷавонон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад. Аз ин рӯ, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти касбӣ доранд, дар таълим ва тарбияи ҷавонон мувофиқ ба талаботи ҷомеаи муосир бояд ҳадафҳои асосиии сиёсати давлатии ҷавононро дар сатҳи омоданамоии касбӣ татбиқ намоянд.

Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва тавассути ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, соҳибкорону эҳсонкорон барои рушди ҳаматарафаи наврасону ҷавонон садҳо марказ ва студияҳои эҷодии нав­расону ҷавонон ташкил гардидаанд, ки фаъолияти онҳо дар тамоми гӯшаю канорҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон соҳиби маҳорату малакаҳои амалӣ гашта, ҳамчун ҷавонони босалоҳият ва соҳиби малакаҳои амалӣ ба камол расанд.

Таҳлилу омӯзишҳо собит намудаанд, ки дар ҳазорсолаи сеюм маҳз неруҳои илмӣ-эҷодӣ ва техникӣ, аз ҷумла, зеҳнӣ сунъӣ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Аз ин рӯ, вазифаи аҳли маориф шинохту дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд ва барои рушду тарбияи онҳо заминаҳои солими илмӣ фароҳам овардан мебошад.

Л. НАЗИРӢ,

номзади илмҳои педагогӣ