– Ҳамин тавр воқеъ шуд, ки бо шуруи ҷанги бемаънии дохилӣ чизе дар бору бисотамон намонд,-ба нақл оғоз кард омӯзгори куҳансол, ки нигоҳаш андешаманд, чеҳраашро ожанҳо чун риштаҳои сутургу ғафс фаро гирифта буд:
– Гов рафт, гӯсола рафт, бузу бузғола рафт,-афзуд омӯзгор. Орд харидем, гандум харидем. Ҳамааш рафт. Ба ҷуз маблағи як халта гандум аз он молҳои савдошуда чизе боқӣ намонд. Ва ман пеши худ тасмим гирифтам, ки фардо, субҳи бармаҳал бо ҷамъи ёрону дӯстон ҷониби бозори Деҳнав роҳ пеш хоҳам гирифт. Азбаски ҷустуҷӯю дарёфти гандум дар навоҳии кишвар амали саҳлу осоне набуд, аз ин хотир, ба дил гуфтам, то ба бозори Деҳнав сафар кунаму як халта гандум бихарам. Пагоҳӣ чун ҳамешагӣ савори қатора роҳ гирифтем ҷониби Деҳнав. Ба бозор расида, аз тамошои манзараи афсонавии растаҳои он, меваю сабзавот, анвои нозу неъмати Худодод, қанду ширавории гуногун, кулчаҳои равғанину ширмол ва нонҳои гарму хушбӯй, ҳамчунин, орду гандум ва биринҷҳои дона-донаи чун барф сафед ҳайрон гардида, ба дурустӣ эҳсос мекардем, ки чашм аз ин ҳама рангорангию зебоӣ ҳеҷ гоҳ сер нахоҳад шуд.
Бозорро давр зада, андак-андак гармии роҳатафзоро дар ҷисму ҷон эҳсос карда, ҳамроҳи муаллими Давлат хостам гандум бихарам.
Охир, ман барои гандум омадаам! Аммо гӯё бахт аз ман рӯ тофта буд, ки дар растаи гандумфурӯшон ақаллан халтае гандум ба чашм намерасид. Мо сурати ҳол пурсидем.
– Шумо дер кардед,-гуфт марди солманде, ки дар сар тоқии чоргул ва даври он рӯймоли алвоние баста буд.
– Дар чашм задан ҳамаашро харидаанд. Инак дигар ҳеҷ мошине гандум наоварда истодааст.
Мо ҳайрону парешон каноре рост истода, мунтазир шудем. «Дунё ба умед гуфтаанд», шояд ана-ана нагуфта, ягон мошини пур аз халтаҳои гандум ба бозор медаромадагист. Аммо на, ҳеҷ нишоне аз мошине набуд.
– Рафтем, растаи биринҷфурӯшонро хабар бигирем,-маслиҳат пеш овард акаи Давлат.
– Ман бояд каме биринҷ бихараму баъд як бидонча равған.
Ба назди биринҷфурӯшон омадем. Ин ҷо ҳам дар бордони мошинҳо, ҳам дар рӯйи замин халтаҳои зиёди биринҷ ба назар мерасид, ки савдогарон овоз баланд карда, ба таърифу ситоиши биринҷашон мепардохтанд.
– Марҳамат, биринҷи Хоразм, беҳтарин навъи биринҷ. Ош карда бичаш, баъд худат хоҳӣ гуфт, ки пулатро беҳуда сарф накардаӣ!
– Ба биринҷи Урганҷ назар кунед. Дегро, бешубҳа, мекафонад. Чунин биринҷро дар Ҳиндустон ҳам намеёбӣ.
– Ҳеҷ биринҷе беҳтар аз биринҷи девзираи Сарҷӯй нест. Агар барои тӯй бигирӣ, мардум ҳар рӯз пеши дарат ҳозир мешаванд.
– Биринҷи дона-донаи гавҳарӣ, харидӣ-бурдӣ, агар на, пас умре ангушти пушаймонию надомат ба даҳан хоҳӣ бурд…
– Беҳтарин биринҷ биринҷи Хоразм аст,-гуфт акаи Давлат ва чанд каф аз он бардошта, бодиққат мутаваҷҷеҳ шуд ва аз донаҳои сафеду сурхчатоби биринҷ чашм наканда:
– Дар хонаку ҳамеша аз ҳамин биринҷ ош мекунанд, дар тӯйҳои ҳамдеҳагон ҳам аз ҳамин «сорт» ош мепазам.
Воқеан, акаи Давлат ба омӯзгор будани худ нигоҳ накарда, дар маъракаҳои ҳамдеҳагон (тӯю худоиҳо) ош мепухт ва ба сабаби оши болаззат пухтанаш бештарини сокинони деҳ ӯро ба маъракаашон даъват мекарданд. Ҳангоме ки муаллими солхӯрда биринҷро хариду аз назди раста рафтанӣ шудем, ногаҳ чизе ба ёдаш расид, ки лаҳзае диранг карда, сӯям нигарист:
– Медонӣ, дӯстам,-гуфт вай, як маслиҳат. Агар қабул кунӣ, ба фоидаи худат мешавад.
– Чӣ маслиҳат? Гандум надаромад ба бозор, дигар намедонам, чӣ тадбир биандешам?
– Гандумро як тараф мон. Агар ҳоло гапи маро бигирӣ, бо ҳамон маблағи доштаат як халта биринҷ бихар.
– Биринҷ?-ҳайрон шудам ман. Як халта биринҷа чӣ кор мекунам? Тӯй, ки надорам.
– Ту нағзакак ба гапам гӯш кун, — асли матлабро фаҳмонданӣ шуд акаи Давлат, зарар намебинӣ.
– Хайр?
– Биринҷа мехарию бурда дар бозори деҳа мефурӯшӣ. Ба савдо машғул мешавӣ. Фоидаи нағз мебинӣ. Ҳам ду-се кило биринҷ фоидаат мемонад, ҳам як миқдор пул.
– Бизнесмен мешавам гӯй,-хандида гуфтам ман ва ин корро афсонае беш надонистам, балки ба назарам хаёлеву саробе намуд.
Охир, маро ба савдогарӣ чӣ кор, ки дар умрам ҳатто молу колое нафурӯхтаам, чӣ расад ба тиҷорат.
Аммо акаи Давлат аз сари сидқу дилсӯзӣ дар суханаш пофишорӣ мекард ва такрор ба такрор таъкиду талқинам мекард, ки биринҷ бихарам.
– Дар зиндагӣ, дар лаҳзҳои мушкил таваккал кардан ҳам зарур аст,-хулоса кард вай. Худо хоҳад, аз ин амал фоидаи хуб ба даст меорӣ ва зиндагият хеле беҳ мешавад. Фикр кардаму фикр кардам, то ҳадде, ки сарам ба дард омаду дар як он пеши назарам аҳли хонавода намоён шуданд. «Ман ба ҳамсарам гандум ваъда кардаам, то нон пазанд. Бачаҳо гурусна. Бо биринҷ шиками онҳоро сер кардан мумкин аст, магар?»-андешидам пеши худ.
– Ҳамин биринҷ ҳам нон аст,-андешаманд гуфт акаи Давлат ва вопас ба шакку тардиди ман нанигариста, маҷбурам кард.
– Пулат ба чанд кило биринҷ мерасад? Биё, дудила нашав. Барор пула!
Ҳисобу рақам задем ва расо 50 кило биринҷи Хоразм харида, бо ҷамъи ёрон аз бозор баромадем. Ҳамроҳонам, яке равған, дигаре собун, савумӣ мавиз… харида буданд.
Чун ба хона расидам, ҳамсарам халтаи биринҷро дида, чашми ҳайрат сӯям дӯхт. Мазмун, биринҷ барои чӣ?
Ман ҳақиқати ҳолро ба ӯ фаҳмондам. Ҳамсарам ҳамеша дар зиндагӣ хушбин буду аз амалҳои нек ҷонибдорӣ мекард.
– Намедонам, ҳоло ҳайронам,-паси сар хоридам, ин биринҷро фурӯхта метавониста бошам? Дар ин минтақаи худамон оё ба савдо мерафта бошад?
– Дил хуш дор ва андешаю хаёлҳои беҳударо ба майнаат роҳ надеҳ,-тасалло бахшид маро ҳамсарам. – Чаро биринҷ ба савдо намерафтааст? Мардум то аз шаҳру аз бозорҳо харидана, бесарфу хароҷоти зиёдатӣ аз пеши хонаашон, аз қавле, харид мекунанд биринҷа. Ана худат хоҳӣ дид. Аммо мани хаставу афсурдаву дудила дар рахти хоб шаби дароз мижа таҳ накарда, бар он меандешидам, ки фардо чӣ мешуда бошад? Агар биринҷ ба фурӯш наравад, аз ҳамон пул ҳам мемонам. Гандумро бо чӣ мехарам? Ҳеҷ кас қарзат намедиҳад. Ҳоли мардум вазнин. Бо биринҷ шикам сер намешавад-ку! Оҳ Худо, чӣ коре буд, ки анҷом додам! Деви навмедӣ бар ҳисори қалбам панҷа мезад, ҳатто ваҳшати сангине вуҷудамро мусаллат карда, мағзам карахту ошёни фикру хаёлҳои маъшум гардида буд.
«Эҳ Худоҷон, шарманда нашавам боз? Ман, ки савдогар нестам, ман, ки ғавғою шулуғи бозорро билкул хуш надорам. Чӣ тавр мешавад, ки биринҷро савдо кунам? Оё ин мумкин аст? Оё метавонам? Айб нест, магар? Мардум намегӯянд, ки муаллим бозоршину биринҷфурӯш шудааст? Шогирдонам ин ҳолро мушоҳида карда, чӣ андеша ба сарашон меомада бошад? Охир, ман бо ин аҳвол муросову созиш карда наметавонам!
Аз ин хаёлу фикрҳои парешону бесару нӯг сарам сахттар ба дард даромада, дилам хонаи ғам гардида, гӯё фалокату фоҷиаи ногаҳоние рух дода бошад, бо азоби алим субҳро истиқбол кардам.
– Шаби дароз хобат набурд, чи бало?-хандида гуфт ҳамсарам,-чашмонат сурху варамидаанд. Баъд маро руҳбаланд карда, талқину таҳрикам бахшида, фаҳмонд:
– Бо пули ҳалол биринҷи харидаатро мебарию дар бозор мефурӯшӣ. Чӣ ҷойи айбу шарму таън доштааст ин кор? Агар шарм кунӣ, худам бурда мефурӯшам. Охир, шиками кӯдако гурусна. Аз дирӯз боз пораи ноне ба даҳон набурдаанд.
Ҷома пӯшида, миёнамро маҳкам бастам ва халтаи биринҷро ба ароба бор карда, ҳамроҳи писарчаам, ки дар синфи 4 мехонд, роҳи бозори Оқчакманро пеш гирифтам. Акнун тасмимамро гирифта будам, дигар парвои оламу одам надоштам. Дигар чорае нест. Зиндагӣ ҳамин гуна шебу фарозҳо дорад, имтиҳону санҷишҳои вазнин дар кураи худ мегудозанд одамро. Дар ҳама кор ҳикмате нуҳуфтааст, ҳикмати худовандӣ. Ин рӯзҳои мушкил ҳам мегузаранд. Худо кариму раҳиму ғафур аст. Вақте арақ аз ҷабинам рез-резон ба бозор расидам, ҳуш аз сарам парида, музтару ошуфтадимоғу даҳонво ба манзараи он менигаристам. Мегуфтӣ қиёмат қоим шуда. Як сӯ, дар майдони фарохи пурчангу ғубор гову мол, бузу гӯсфанд ба чашм мерасид, ки садои баосу маоси ин ҷонварон аз кадом дунёи ноошнову афсонавӣ мегуфт, дар дуртари майдон мурғу мурғобӣ, харгӯшу кафтар савдо мекарданд як гурӯҳ писарону кӯдакон. Дар наздашон қафасҳои худсохт мехобид. Ва дар моварои бозор, саҳни асосии он – биринҷу равған, пиёзу картошка, сабзию сирпиёз, лӯбию нахӯд ва гуна-гуна меваҷоту колои дигари рӯзгорро савдогарон ба фурӯш гузошта буданд. Ман ба ин манзара бингариста, карахту пакар чӣ кор карданамро намедонистам. Аз шарму хиҷолат рӯям оташ гирифта, садои зарабони қалбамро дақиқан мешунидам, гулуям хушк шуда, нафасам гиреҳ мезад.
«Биистам ё биравам? — аз дил гузарондам. Охир, аз дасти ман ҳеҷ гоҳ савдогарию бозоршинӣ намеояд. Қаламу авроқи сафед бошаду навиштан, Чӣ кор кунам?..
– Ҳа, шогирд,-овози акаи Давлат риштаи хаёлотамро барканд,-чӣ ба фикр рафтӣ? Рафтем, ҳо, он ҷо, дар қатори савдогарҳо ҷо мегирем. Вақт тез мегузарад. Ку бибинем, савдо чӣ хел ранг мегирад?
Вай дар қалбам шуълаи бовару умедро барафрӯхт ва мо ба сафи савдогарон пайвастем. Аз сар бардоштану ба мардуми бозоракӣ, савдогарон, бо он фикр, ки мабодо чашмам ба ҳамдеҳагону шиносон аз қаламрави ҷамоат наафтад, оби шарм ба рӯям давида, нигоҳам аз сарҳади халтаи биринҷ убур намекард. Шарм, хиҷолат! Ҳар лаҳзаву сония гурги навмедӣ қалбамро тала ва эҳсоси кунде мағзамро тасарруф ва ҳоламро таҳаммулнопазир мекард.
Оҳиставу ноаён ва бесадо мебарояму меравам. Аз ин ҳама шиддат гирифтани азоби ботинию ангезиши руҳӣ, ки ҷонамро ба ҳалқам овардааст, беҳтар мебуд, бозорро раҳо бикунам. Хаста шудаам, ки нагӯ. Ва аммо:
– Ҳа маълим, монда набошӣ! Саломатият чӣ хел? Сар бардошта бобои Ҷононро рӯ ба рӯям, ки абрувонаш сафеду ришаш сафеду ҷелаки сафед ба бар дошта ва нигоҳи нарму хайрхоҳонаш рост ба чашмаш дӯхта шуда буд, бидидам.
– Бад не, амак,-посух додам, хубам. Худатон чӣ ҳол доред?
– Шукри Худо,-як каф биринҷро ба даст гирифта, хитоб кард бобои Ҷонон ва рамузгирона:
– Маълим, хайр, касбу корҳои нав муборак, — гуфт. Лекин биринҷи беҳтарина хуш кардаӣ. Биринҷӣ куҷост?
– Биринҷи Хоразм,-ҷавоб додам, акаи Давлат гуфт, ки биринҷи пеши бозор аст. Вай биринҷи хубро мешиносад.
– Ҳа, Давлат ошпази моҳир аст, сифати биринҷа медонад. Рост, рост.
Баъд аз баҳои биринҷро пурсидану чанд сомонӣ нархашро поён фаровардан амаки Ҷонон даҳ кило биринҷ хариду маро хушҳол ва сарамро ба осмон расонд ва ба пешаи навам дуо дода, ба роҳаш давом дод. Ҳамин лаҳза нохосту ногаҳон мавҷи фараҳу нишоти нобудаву нопайдо қалбамро фаро гирифт. Ин эҳсос ширину роҳатбахш буд, ки бо хунам омехту ҳал шуд ва ба ҷумла ҷисму ҷонам паҳн гардиду нуфуз пайдо кард. Ҳисси он ки азобу ранҷ кашида, аз роҳи дур, аз Деҳнав ин халтаи биринҷро бардошта, пиёдаю савора то деҳа, ба хона овардааму инак дар бозор мефурӯшам, вуҷудамро лабрез кард ва пеши худ гуфтам, ки пули ҳалол асту меҳнати ҳалол. Пас чаро хиҷолат кашаму сар ба зер афканам?
Баъди чанде ҷавонмарди қадбаланди фарохшонае, ки ба гуфти худаш тоза аз Россия, аз муҳоҷират баргашта будааст, дасти писарчааш дар даст наздам ҳозир шуда, биринҷро таъриф кард ва низ даҳ кило харид. Ингуна чанд нафари дигар 5-6-килоӣ биринҷ хариданду акаи Давлат бо хурсандӣ ба тахтапуштам тап-тап зад:
– Баракалло, Иқбол, ана тоҷири таппа-тайёр шудӣ, фақат як кори дигар мекунӣ. Гап сари он ки дар бозор кам-кам ҳунари «актёрӣ» зарур аст. Бе ин намешавад.
– Э, не, ман ин хел ҳунар надорам,-рад кардам маслиҳати омӯзгорро. Ҳамин хел харидан бигиранд, боке надорад.
– Бубин, ин амал ҳеҷ ҷойи фикри зиёдатӣ надорад. Ба чор тараф нигариста, овоз баланд мекунӣ:
– Ҳо марҳамат ба биринҷи Хоразм!
– Бача, биринҷда биё, мебарӣ ош мепазӣ. Баъд пулашро оварда медиҳӣ.
– Агар аз ин биринҷ бихарию ош пазӣ, пушаймон намешавӣ.
Ва аз ин қабил суханҳои болохонадор мегӯйӣ, бо обуранги зиёд, ки диққати харидорро ба худ ҷалб кунад. Фаҳмидӣ?
Як марди миёнақади тоқӣ ба сар маркабашро каноре раҳо карда, хӯрҷин сари дӯш оҳиста-оҳиста гом ниҳода, ба дохили бозор ворид шуд ва омад-омаду наздам қарор гирифт. Як каф биринҷро озмоишкорона муоина ва донаҳои онро ҷудо кард. Ботааммуқ пеши чашм овард. Чанд донаро зери дандон гузошта санҷид,
– Чанд кило аз ин биринҷат монда?-пурсид.
– Дар халта ҳар чӣ боқӣ монда бошад,-фаҳмондам ба ӯ.
Вай хоҳиш кард, ки баркашам халтаро. Бист кило баромад биринҷ ва онро ба халтаҳояш ҷой кард.
– Агар тавонӣ, боз аз ҳамин биринҷ биёр, ҳамаашро мехарам,-қотеъона изҳор кард мард ва оҳиста-оҳиста аз бозор баромад.
Аҷабо! Шиносону ҳамдеҳагон аз куҷое пайдо шуда, забон ба таърифу таҳсинам кушода, биринҷ мепурсиданд. Мани лабфурӯбаста танҳо бо ишора мефаҳмондам, ки биринҷ тамом шудааст. Боз ҳафтаи дигарро интизор шаванд.
Бо чунин шеваю рафтор шавқу шӯре маро фаро гирифта, кунун беихтиёр худ мехостам, ки бол бароварда, ба бозори Деҳнав парвоз кунам ва халтаи бузурге аз биринҷро бихараму ҳамчунон бо суръати нур ба деҳа баргардам ва ба савдо машғул шавам. Аз фурӯши биринҷ тадриҷан зиндагиям рангу ҷилои дигар гирифт. Аз ҳар фурӯш ҳам чор-панҷ кило биринҷ фоида мемонду ҳам қадре маблағи иловагӣ.
Акнун нон ҳам рӯйи дастархон фаровон шуда буду анвои дигар нозу неъмат. Харидорон ҳатто ба хона омада, биринҷ мехариданд.
Ва ман ҳар ҳафта, дар рӯзи холигиям, фориғ аз дарсҳо роҳи бозорро пеш мегирифтаму биринҷу равған харида меовардам. Ва ҳама дар деҳ чун рӯ ба рӯям меомаданд, хушҳолона хитоб мекарданд:
– Маълим бизнесмен шудед. Хуш ба ҳолатон!
***
Аз он айём расо 30 сол сипарӣ гардида. Ва ҳар гоҳ ки сари дастархон нишаста, ба нозу неъмати болои он чашм медӯзам, беихтиёр пажвок мезанам:
– Ба рӯзҳои нек бо чӣ машаққату азобҳо расидем! Пас ба қадри тинҷию амонӣ ва ин рӯзгори пурсаодат бояд расид!
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»