Нашрияи Омӯзгор

Эҳёи суннатҳои ниёгон

Сана: 2021-10-20        Дида шуд: 733        Шарҳ: 0

 

Миллати тоҷик дорои фарҳанги ғанӣ буда, расму оин, урфу одат ва иду ҷашнвораҳои хоса дорад, ки ҳар кадом ҳикмати худро дорад. Ин ё он ҷашнвора дар асоси замону фазои муайян, ки ба табиати зинда рабт доранд, таҷлил мегарданд. Дар такя ба санаҳои дақиқи таҷлили ҷашнвораҳо гуфтан мумкин аст, ки ниёгони мо дониши хуби табиӣ ва астрономӣ доштаанд. Эҳё намудани ин ҷашнвораҳо, маҳз ба хотири пайвастани насли айём бо гузаштагони бофарҳанг хуб аст.

Ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон ва Сада идҳоеанд, ки бо эҳёи табиат, ҳосилғундорӣ, тағйирёбии боду ҳаво пайвандӣ доранд. Тавре медонем, Наврўз санаи 21-22-уми март, ки шабу рўз баробар мешаванд, ҷашн гирифта мешавад. Дар баробари ин, аз номаш пайдост, ки рўзи нав, бедоршавии табиат, ивазшавии ранги табиат, оғози кишту кор мебошад. Наврўз робитае ба дину сиёсат надорад, он сирф ҷашни табиат, ҷашни идомаи ҳаёт ва сарсабзии сайёра аст. Анъанаҳои наврўзӣ низ сирф тобиши гигиенӣ доранд. Бўрёкўбон, поккорӣ намудани хонаву кошона, аз хона дур кардани зарфҳои шикаста гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Ташкилу баргузории мусобиқаву бозиҳои варзишӣ ба тарзи ҳаёти солим ҷалб кардани ҷавонон мебошад.

Ҷашни Меҳргон низ робитаи зич ба табиат дорад. Агар дар иди Наврўз деҳқон кишту кор оғоз кунад, дар Меҳргон аз ҳосили бадастовардаи худ шодӣ мекунад. Меҳргон иди фаровониву ҳосилғундорист, ки рўҳияи мардумро болида мегардонад. Маҳз дар арафаи иди Меҳргон таҷлил намудани иди харбўзаву каду ҳадафнок аст, зеро ин ҷашнвораҳо дар вуҷуди омма ҳисси меҳнатдўстиро тарбия мекунад.

Иди Сада, ки 50 рўз пеш аз Наврўз, яъне, 30-31-уми январ ҷашн гирифта мешавад, омодагӣ ба ҷашни Наврўз аст.  Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдодони барўманди мо шабу рўзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврўз 100 шабу рўзро ташкил менамуд. Сада муждагонӣ аз омад-омади гармиҳост, рамзи ғалабаи рўшанӣ бар торикӣ, некӣ бар бадист.

Дар мавриди ҷашнҳои аҷдодӣ сарчашмаҳои таърихӣ зиёд маълумот додаанд. Ҳамчунин, дар осори адибону шоирон бо ин мафҳумҳо вохўрдан мумкин аст. Аз ҷумла, дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ дар бораи ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон ва Сада далелҳои аҷиб оварда шудаанд. Фирдавсӣ агар ҷашни Наврўзро ба Шоҳ Ҷамшед рабт диҳад, ҷашни Садаро ба Ҳушанг вобаста медонад, зеро шоҳ Ҳушанг оташ афрўхтанро ба омма омўзонидаасту бо ин сабаб оташафрўзиро рамзи гармиву рушноӣ дониста, дар Сада гулхан меафрўзанд.

Гулчеҳра ҒАРИМАДОВА,

омўзгори таърих ва ҳуқуқи

МТМУ №46, ноҳияи Варзоб

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш