Нашрияи Омӯзгор

Фаъолият ва зиндагии омўзанда

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 21        Шарҳ: 0

 

Вохўрии нахустини мо бо устод Маҳмадбек Заробеков, ки як матлаби иншонамудаи худро дар хусуси беҳтару самарабахштар гардондани сабку шеваҳои таълими мавзуъҳои дарсӣ аз фанни физика ва таҷдиди назар намудани барномаю китобҳои дарсӣ, ки  ҳаҷман бузург буд, барои чоп ба нашрия пешниҳод мекард, дар идораи нашрия баргузор шуд.

- Ҳамин мақолаи мани мўйсафеда аз ҷиҳати забонию услубӣ  таҳрир кунеду ба масоилу мушкилоти баррасигардидаи фанни физика бо эҳтиёт муносибат намоед, - ханда дар лаб гуфт устод ва афзуд: - Ба шумо дар ин бобат боварию эътимод дорам. Ҷавҳари навишта нақши муҳим мебозад, боз онтарафаша худатон беҳтар медонед». Навиштаи муаллим, мактабшиноси соҳибтаҷриба, устод Заробеков дар ду шумораи нашрияи «Омўзгор» ба нашр расид. Чанде  баъд устод бори дигар меҳмони нашрия гардид ва дар боби масоили  мухталифи соҳаи маориф, ислоҳоту низом ва дигаргуниҳое, ки  дар самти таълиму тарбия ба вуқўъ пайваста буданд, ба таври иҷмолию мухтасар андешаҳояшро иброз намуда, пас аз таваққуфе хандаи ҳамешагӣ  дар лаб:

-Китоби хотираҳоямро, ки марбути фаъолиятҳои камина дар соҳаи маориф ба шумор меравад, таълиф карда истодаам. Аммо ин китоб танҳо зиндагиномаи шахсии ман набуда, дар марҳалаҳои гуногун ҳаллу баррасӣ намудани мушкилоти соҳаи маориф, мактаб ва тарзу шеваҳои таълиму тарбияро дар бар гирифтааст, - гуфт ва тавзеҳ бахшид, ки китоб дастуру тавсиянома ҳам нест, балки фарогири ҳаёту кору пайкор ва андешаҳои ман мебошад, ки барои омўзгорону мактабшиносон, ҷавонон омўзанда хоҳад буд. Дар посух ба амали неку ҳавсалаю ғайрати устод аҳсан хонда, иброз доштам, ки мақолаатонро хондаву таҳрир карда, дар ду шумораи нашрия чоп намудем, ки бемуҳобо, яке аз беҳтарин навиштаҳои солҳои охир дар хусуси ҷузъиёту нозукиҳои мушкилоти таълими фанни  физика дар муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.

- Чунин ба назар мерасад, ки шумо на танҳо ҳамчун ихтисосманди физика, балки ба масобаи як коршиносу таҳлилгар ва педагогу мактабшиноси соҳибистеъдод ҷамеи камбудию норасоиҳо ва норўшаниҳоро дар самти таълифи барномаю китобҳои дарсӣ, омўзондани мавзуъҳои таълимӣ, бо рўҳияю арзишҳои миллӣ мувофиқ намудани омўзиши фан ва амсоли инҳо дарёфт ва ба василаи андешаҳоятон, ки бас сареҳу дақиқ мебошанд, пешниҳоди устодону омўзгорон намудаед, - изҳор доштам ман.

Аз ин суҳбату мулоқот чанд вақт гузашт, ки устод дастнависи китоби бузургҳаҷми худро бо номи «Ҳаёту фаъолияти нобофтаи муаллим» ба дастам супурд.

Аз мутолиаи зиндагиномаи устод маълум гардид, ки мавсуф фаъолияти худро ҳанўз аз замонҳои донишҷўйи  факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ УДТ ба номи В.И.Ленин) буданаш дар мактаби 8-солаи №8-и маҳаллаи Туғмазори шаҳри Норак ба сифати омўзгори фанни  физика шуруъ карда, пас-он дар таълимгоҳҳои ноҳияи Вахш, Қўрғонтеппа ва зодгоҳаш Ванҷ идома додааст. Хусусан, фаъолияти  омўзгории устод дар мактабҳои деҳоти ноҳияи Ванҷ пурсамару омўзанда буда, аз нигоҳи мо, маҳз аз ҳамон айём саъйю талош ва  заҳматписандию ҳамвора дар ҷустуҷўйю омўзиш қарор доштани ў маълуму равшан мегардад. Чунонки ҳар омўзгори асилу донишварро мебояд, М.Заробеков  камари ҳимматро маҳкам баста, аз пайи худомўзӣ шуда, бо обуна гардидан ба маҷаллаҳои методию илмии марказӣ (Маскав) ва ҷумҳуриявӣ, инчунин, баъдтар бо мутолиаи бардавоми асарҳои илмию таҳқиқотии олимони мактабшиноси рус ва ҷаҳон, сатҳи донишу фаҳмиш ва ҷанбаҳои ихтисосии худро такомулу таҳаввул бахшида, бардошту омўхтаҳояшро ба гунаи амалӣ ҳангоми ба роҳ мондани машғулиятҳои таълимии худ огоҳонаю ҳадафмандона, муассиру самарабахш истифода мекунад. Воқеан, омўзгори он айём ҷавону кўшо ва серғайрату боҳавсала, устод М.Заробеков навҷўю навгаро буда, кўшиш ба харҷ медод, ки ҳамкоронаш аз равандҳову методҳои ҷадиди таълимии дар ҷаҳон маълуму машҳур воқиф бошанд ва сабку шеваҳои навини таълимиро дар дарсҳояшон истифода кунанд. Заробеков беқарору шитобзада дар шўрои омўзгорон аз ин хусус сухан меронд ва таваҷҷуҳи раҳбарияти муассисаи таълимӣ ва дигар омўзгоронро ба дигаргунию ислоҳоти низоми соҳаи маориф ҷалб менамуд. Албатта, бархўрду истиқбол бо пешниҳодоту иқдомҳои устод  аз ҷониби ҳамкорон ва сарварони дабистон якдасту ҳамвор набуд, ки инро зимни мутолиаи китоб возеҳу бармало кас пай хоҳад бурд. Чизи дигаре, ки аз китоб бардошт метавон кард, ҳамешаву пайваста дар ободию пешрафт ва фароҳам овардани шароит барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани машғулиятҳои таълимӣ талошу такопў анҷом додани устод М.Заробеков мебошад. Ҳамин аст, ки вай дар ҳар мактабе, ки дарс медод, сараввал мекўшид, ки он таълимгоҳ дорои бинои наву замонавӣ бошад, кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла, озмоишгоҳи фанни физика бо асбобу анҷом ва абзори зарурӣ ва муассиса пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин гардад. Мардумони рустову музофоти ноҳияи Ванҷ ва оҳиста -оҳиста роҳбарияти шуъбаи маорифу сарварони ҳизби замони Шўравӣ фаҳмиданду ба жарфи кору пайкор ва андешаҳои Заробеков амиқ фурў рафта, хулоса карданд, ки вай донишманд, адолатхоҳ ва пайваста дар ҷустуҷў буда, мехоҳад шогирдони шабеҳи худ донову закӣ ва пурхондаро тарбият кунаду ба воя расонад. Ҳамин собитқадамию иродатмандӣ ва маромгаройӣ (принсипнокӣ)-и устодро дар ҳама ҷое, ки ў кору фаъолият ва хидмат анҷом додааст, равшану бараъло ба мушоҳида мегирем. Ҳам  ҳангоми хизмати сарбозӣ, ҳам  дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки устод дар яке аз мактабҳои ноҳияи Ванҷ ба дарсгўйӣ машғул буд, ҳам ҳини  бо амри тақдир ба Душанбе омадану дар таълимгоҳе ба ҳайси омўзгори физика фаъолият намуданаш, ҳам дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва илм кор кардан, ҳам дар Вазорати маориф ва илми  ҷумҳурӣ ба сифати мутахассис ифои вазифа карданаш, ҳам дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ҳам дар Маркази ҷумҳуриявии  методию таълимӣ меҳнат карданаш, устод М.Заробеков ҳамчун шахсияти нисбат  ба соҳа дилсўзу ғамхор, новобаста аз азобу маҳрумиятҳое, ки бар асари ҷанги дохилӣ ба сари ўву хешу пайвандонаш меояд, ҳамеша хидмат ба нафъи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон, тарбияву таълими насли наврас ва татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумат ва давлатро дар соҳаи маориф дар ҳама гуна вазъу ҳолат рисолати ҷонии худ медонист. Бояд гуфт, ки хидматҳои устод М. Заробеков дар масъалаи таъсиси таълимгоҳҳои шахсӣ, мактабҳои типи нав (литсейю гимназияҳо), коркарду таҳияи барномаю стандартҳои таълимӣ доир ба фанҳои дақиқ, таҳияву мураттабсозии барномаҳои давлатии соҳаи маориф (аз ҷумла, бори нахуст устод лоиҳаҳои барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ва омўзиши забонҳои англисию русӣ ва чанд барномаи дигарро бо супориши раҳбарони вақти Вазорати маориф ва илм тайёру омода намудааст) ниҳоят бузургу барҷаста мебошад.

Дар фароварди сухан ба устод дар зиндагиашон комгорию фирўзӣ ва саодатмандӣ, дар фаъолияти педагогию мактабшиносияшон кашфи  ғояҳои нав ва судмандро хоҳонем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор» 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш