Нашрияи Омӯзгор

Истиқлол ва «Омўзгор»

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 42        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Бояд гуфт, ки дар давраи Шўравӣ барои ҳамаи нашрияҳо як шиор хос буд: «Пролетаҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед». Бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон шиори мазкур аз байн рафта, имконият фароҳам омад, ки ҳар як нашрия вобаста ба вазифа, мақсаду маром ва ғояи асосиву арзишҳои миллӣ шиори худро дошта бошанд. Дар ин иртибот аввалин маротиба соли 1993 ҳайати эҷодии «Омўзгор» вобаста ба мундариҷаи нашрия мисраи машҳури Саъдии Шерозӣ «Суҳбати ҷонпарвар аст суҳбати омўзгор»-ро ҳамчун шиор интихоб кардааст. Соли 2004 нашрия ба байти «Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест, Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест»-ро шиори худ қарор дод. Соли 2012 бошад, «Омўзгор» шиори худро ба байти «Беҳин фарди ҷаҳон омўзгор аст, Аз ў сарсабзу хуррам рўзгор аст» иваз кардааст, ки нисбат ба байти аввал равону мушаххастар мебошад. Дигар навгоние, ки дар нашрияи «Омўзгор» рўйи кор омадааст, инъикоси мундариҷаи ҳар як шумора дар саҳифаи аввал дар шакли пешхабар (унвони мақолаҳои асосӣ бо нишон додани саҳифа), ихтисос додани саҳифаҳои 2 ва 3 барои чопи навгониҳои соҳаи маориф мебошад, ки аз истифодаи омилҳои касбии замонавӣ, ки ба ҳар як рўзнома хос аст, дарак медиҳад.

Аз таҳлилу баррасии бастаҳои солҳои 2005-2015-и  нашрияи «Омўзгор» бармеояд, ки ҳайати эҷодӣ ва техникии нашрия пайваста дар такмил додани мазмуну мундариҷаи он буда, дар ороишу саҳифабандӣ, беҳтар сохтани шакл ва мувофиқ гардонидани он ба касбияти рўзноманигорӣ кўшиш ба харҷ додаанд. Аз ҷумла, аз оғози соли 2014 ҳар як саҳифаи нашрия дар алоҳидагӣ номгузорӣ («Таълим», «Методика», «Тарбия»,  «Таҳсилоти томактабӣ», «Таҳсилоти иловагӣ», «Таҳсилоти касбӣ», «Мактабҳои олӣ», «Илм ва иноватсия», «Мушовара», «Ислоҳот») шудаааст, ки то андозае ба сохтори низоми соҳаи маориф ва илм мувофиқ мебошад. Тағйироти дигар ин аст, ки ҳар як матлаб ё навишта зери рубрикаи алоҳида дарҷ шуда, саҳифаҳо дар қисмати боло бо шоҳбайтҳо аз намояндагони адабиёти классику  муосири тоҷик, панду андарзҳои мутафаккирони ҷаҳон оро ёфтаанд. Дар қисмати поёнии саҳифаҳо хабарҳои охирин, ки ба соҳаи маориф ва илм иртибот доранд, дар шакли хроника оварда мешавад. Гузоштани рубрика ба ҳар як навишта дар «Омўзгор» ба он далолат мекунад, ки мавзўъҳои баррасишаванда дар соҳаи маориф сол ба сол зиёд шудаанд. Ва дигар ин ки чопи мақолаҳои муаллифони беруна, яъне омўзгорону мутахассисони соҳа ба маротиб зиёд гардидааст. Мактабшиноси варзида Ҳабиб Искандаров дар ин маврид менависад: «Ҳафтаномаро мунтазам варақ мезанам… Баъзе мақолаҳо, хусусан, маводи муаллифонеро, ки аз Панҷакент, Айнӣ, Ғончӣ, Мастчоҳ, Шўрообод, Муъминобод, Хуросон, Бохтар ва шаҳри Душанбе менависанд, бисёр мазмуни баланд дошта, аз донишу масъулияти баланди соҳибонашон дарак медиҳанд…  Аз 40 мақолаи хурду бузург дар як шумораи (№28, аз 13.04.2012) 24-тояшро муаллимон навиштаанд. Аз нигоҳи ман, ин муваффақияти калон аст» (Искандаров, Ҳ. Рўзномае, ки муҳаббат ба он беҳудуд аст // Ҳикмати рўзгор / / Ҳ. Искандаров. – Душанбе: ЭР-граф. – 2018. – С. 477).

 Ба андешаи академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, «Интишор ва тавзеҳи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, пешниҳоди тавсияҳои методӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам, ташреҳи навгониҳои илми педагогика ва улуми дигар, баррасии китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ аз бахшҳои дигари муҳимму манфиатбахши фаъолияти ҳафтанома мебошад. «Омўзгор» дар такмили ихтисоси аҳли маориф ҳамасола тавассути мақолаҳои бунёдиву пурмуҳтавояш кореро иҷро мекунад, ки аслан, баробар бо фаъолияти як донишкада аст» (Раҳмонов, А. Минбари бонуфузи омўзгорон / А. Раҳмонов // Омўзгор. – 2012. – 12 октябр).

Ба таври умумӣ  метавон мавзўву мундариҷа ва масъалаҳои баррасишавандаи нашрияро ба ду бахши асосӣ ҷудо кард. Бахши аввал: масъалаҳои сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи маориф: Паёму шодбошӣ ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати санаҳои таърихӣ, ҷаншҳои миллӣ, ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ, вохўриву мулоқотҳои Сарвари давлат бо аҳли маорифи кишвар ва ҳамчунин, ҷараёни амалишавии стратегия ва нақшаву барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм.

Ба бахши дуюм  масъалаҳои  беҳтар гардонидани шароити таълим, ёрии методӣ, табодули таҷрибаи ибратбахш, такмили ихтисоси омўзгорон, сифати китобҳои дарсӣ, роҳҳои самаранок гардонидани дарс ҳамчун маҳаки сифати таълим, корбурди усулҳои фаъоли таълим, алоқамандии илму таълим, масъалаҳои ислоҳот дар низоми соҳаи маориф, фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ, муаррифии устодон, уфуқҳои илм, ба хусус, вазъи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ва дақиқ, дастовардҳои хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштирок ва саҳмгузорӣ дар маъракаҳои умумиҷумҳуриявӣ, тарғиби таҷрибаи ибратбахши муассисаҳои таълимӣ ва омўзгорони алоҳида, проблемаҳои қабул дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тарғиби меҳри Ватан, масъалаҳои худшиносию идеологӣ ва гиромидошти хотираи некон дохил мешаванд.

Нашрияи «Омўзгор» на танҳо дар инъикоси  рушди соҳаи маориф ва ё фаъолияти мусбати соҳаи маорифи кишвар нақш мегузорад, балки дар нишон додани камбудиҳо ва норасоиҳои соҳа низ саҳм дорад, ки ин аз рисолати касбии ҳайати эҷодии нашрия дарак медиҳад. Ва дигар ин ки чунин тарзи коргузорӣ ба ғановатмандии мундариҷаи нашрия ва ё хонданибоб шудани он мусоидат мекунад. Барои собит кардани ин андеша навиштаҳои С. И. Каримов «Дар илм ҳила худфиребист ё кўргиреҳҳои имтиҳонҳои қабул» (1994, 4 октябр), З. Алифбеков «Тўҳмату иғво то ба кай?!» (2003, 3 октябр), Х. Афзалов «Чаро мо комиссияи миллии атестатсионӣ надорем?» (2006, 12 май), Ҳакималӣ Назалиев «Талх аст, вале ҳақиқат аст» (2006, 10 июн), Қаноати Азим «Болопўши мактаб фурў рафт» (2007, 26 январ), Бахтиёри Абдураҳим «Сад мушкилоти як мактаб» (2007, 2 феврал), Темуршоҳи Файзалӣ «Ҷанҷоли ду омўзгор» (2008, 6 июн), Саидаи Фазл «Лагер: фароғат ё ташвиш» (2008, 15 август), Абдурауф Муродӣ «Як китобу сесад ғалат» (2009, 18 сентябр), Нуъмон Раҷабзода «Омўзгорон тарки кор мекунанд» (2009, 20 феврал), Ғ. Муродалиев «Афтодаро деҳ лагад» (2010, 20 август), Ҳабибулло Бобоев «То кай мардикор тарбият мекунем» (2011, 6 май), Эҳсони Хушбахт «Хобгоҳ танҳо ҷойи хоб нест» (2011, 27 май), Шодӣ Раҷабзод «Хоҷа, боғ дорӣ? Ё чаро сарварони мактабҳо ба дарси омўзгорон таваҷҷуҳ надоранд?» (2013, 12 июл), Саидаи Фазл «Кори бачаҳо меҳнат аст ё шиканҷа» (2013, 11 октябр), Шариф Абдулҳамид «Мактаб дар бошишгоҳи саҳроӣ» (2013, 27 декабр), Ҷумъабеки Эҳсон «Масъулин бемасъулиятӣ мекунанд» (2014, 3 январ), С. Искандаров «Ноҳияи Рўдакӣ: холабеғамӣ чаро?» (2014, 3 январ»), Шодӣ Раҷабзод «Зафаробод: ваъдаи маош то ба кай?» (2014, 14 феврал), Ҷумъабек Эҳсонов «Эҳтиёт шавед: мактаб – 2! Ё худ барои оғози сохтмони мактаби нав боз чанд соли дигар лозим аст?» (2014, 21 март), Убайдулло Раҳимов «Каҷфаҳмӣ, ё чаро сохтмони мактаби №45 дар ноҳияи Шаҳринав зиёда аз як сол боз тўл мекашад?» (2014, 22 август)-ро метавон ҳамчун муште аз хирвор номбар кард. Бояд гуфт, ки муаллифони аксари ин  навиштаҳо кормандони нашрияи «Омўзгор» мебошанд.

Муаллифони дигари нашрия омўзгорон ва мутахассисоне мебошанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ кору фаъолият доранд ва тавассути навиштаҳои таҳлилию танқидӣ дар баррасии барномаҳои таълимӣ ва     ва китобҳои дарсӣ саҳм мегузоранд. Ба ҳайси намуна метавон  навиштаҳои Маҳмуд Меликов, Ҳасан Дўстзода «Ҳақро бигў, агарчи талх бошад» (оид ба масоил ва мушкилоти фанни «Таърихи сиёсӣ» дар мактабҳои олӣ, 1996, 26 июл), Шоҳназар Бақоев «Аз Ҳилолӣ партизан сохтаанд!» (оид ба китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 5, 2002, 11 январ), Юсуфи Акбарзод, Бадриддин Мақсудов «Таълими забони тоҷикӣ дар макотиби олӣ чӣ сон бошад?» (2002, 11 январ), Ҷаваршо Имматшоев «Мушкилоти таълими адабиёт» (2006, 25 август), Садбарг Салимова «Рустами достон кӣ буд?» (оид ба сифати китобҳои дарсии адабиёт, 2006, 9 июн), Қаноати Азим «Пурғалаттарин китоби сол» (чанд нукта дар ҳошияи «Қомуси Донишгоҳи миллӣ», Душанбе, 2007, «Деваштич», 260 соҳифа, 2007, 21 декабр), Ҳикмати Тилло «Китоб хуб, муаллим чӣ?» (оид ба сифати китоби дарсии «Забони модарӣ» барои синфи 3, 2010, 30 июл), Раҳимҷон Машарифов «Эродҳоро масъулин мехонда бошанд?» (ба диққати мураттибони Барномаи адабиёти тоҷик, 2010, 8 октябр), Садбарг Салимова «Дингак чӣ маъно дорад? Забони ин китобро ман нафаҳмидам. Шумо чӣ?» (оид ба китоби дарсии «Таърихи қадими халқи тоҷик», 2010, 22 октябр), Ҳафиза Бобоҷонова ««Ин ҷони савдозадаю аз зиштиҳо ва ҳақоратҳо парон шуда» кист?» (оид ба камбудиҳои китоби «Алифбои ниёгон» барои синфи 6, 2012, 10 феврал), Сафаралӣ Раҷабов «Аз «вохўрии молекулаҳо» то «вакили спиртҳо»» (оид ба китоби дарсии «Химия» барои синфи 9, 2012, 10 феврал), Шарифи Мирзоҳотам «Барномаи сербор ба кӣ даркор? Ё муқоисаи ду барномаи адабиёт: нашри солҳои 2002 ва 2007 барои синфҳои 5-11» (2012, 31 август), Н. Қодиров «Оксиген аз ҷангали боронӣ ё беборонӣ» (Андешаҳо оид ба хатоҳои саволҳои тести хатми синфи 9, аз фанни геогрфия, 2014, 6 июн), Қ. Мамадалибеков «Фикрҳои парешон ва хонандагони ҳайрон – 2» (оид ба камбудиҳои китоби дарсии «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон» барои синфи 9, 2014, 12 сентябр)-ро номбар кард.

Мавриди зикр аст, ки баъзе аз мақолаҳои таҳлилию танқидӣ беҷавоб намондаанд ва  зери рубрикаи «Акси садо», «Ба «Омўзгор» ҷавоб омад» ва «Вокуниш» дарҷ шудаанд. Барои далели фикр намунае аз онҳоро овардан мумкин аст: М. Лутфуллоев «Таълими ҳамгиро ҳамин аст» (2006, 30 июн, ҷавоб ба мақолаи М. Азимов, муаллими мактаби №8-и ноҳияи Шўрообод), А. Қодиров, раиси гурўхи коршиносони фанни биологияи Вазорати маориф «Ба чопи китоби нав омода ҳастем» (2008, 15 феврал, ҷавоб ба мақолаи А. Давлатов, М. Рустам «Магар мо беҳунарем», С. Қодирӣ, Ф. Нормурод «Оре «физика, 7» сейфи фулодинро шино дода метавонад» (2008, 21 ноябр, посух ба мақолаи Ҳ. Саъдуллозода «Сейфи фўлодин дар об намеғўтад», М. Заробеков «Истеъдод «ғайриконкурсӣ» намешавад» (2009, 20 феврал, дар ҳошияи мақолаи А. Муродӣ «Бенизомӣ бар асари низомнома», Ш. Гуламадшоев «Қазоват саҳл набувад» (2009, 3 июл, посух ба мақолаи С. Искандаров «Ректор тарки вазифа кард», Ю. Яъқубов «Хатоиҳои китоб бо айби нашриётанд» (2010, 26 ноябр, ҷавоб ба мақолаи С. Салимова «Дингак чӣ маъно дорад?», М. Маонӣ, С. Давлатзода «Оре, дарахт мепазад?» (2011, 1 апрел, вокуниш ба мақолаи И. Зарифӣ «Оё дарахт мепазад», М. Бобоева «Тадбирҳои самарабахш» (2014, 21 феврал, вокуниш ба мақолаи «Вақт рафт, нақд рафт».

Чопи осори бадеӣ низ дар нашрияи «Омўзгор» мавқеи махсус дорад. Аз соли 2011 саҳифаи 15-и  нашрия бо номҳои «Эҷод», «Гулистони сухан», «Гулбоғи адаб» барои инъикоси осори адабӣ ихтисос дода шудааст. Дар саҳифаи мазкур навиштаҳои омўзгорони эҷодкор аз қабили шеъру тарона, эссеву ҳикоя ва новелла ба табъ мерасанд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар таълими адабиёт дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин, дар факултаҳои филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои устодон пеш меояд, донистани усули таҳлилу тафсир ва шарҳи каломи бадеъ, алалхусус, шеър аст. Маҳз ба ин мақсад нашрияи «Омўзгор» озмуни «Тафсири се байт»-и  Ҳофизи Шерозӣ (2013), тафсири ғазали Сайидои Насафӣ «Гардиши айём ….» (2014) ва тафсири ғазали Абулқосим Лоҳутӣ «Аё сайёд, шарме кун …»-ро эълон намуд, ки муаллимони зиёди забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва устодони коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳо ширкат варзиданд ва намунаи беҳтарини тафсири онҳо ба нашр расиданд. Ҷараёни озмунҳои мазкур собит намудааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ устодоне ҳастанд, ки шеъри баландро бо тамоми нозукиҳояш дарк мекунанд. Минбаъд низ нашрия озмунҳои гуногунро вобаста ба ҷашнҳои таърихиву миллӣ роҳандозӣ кардааст ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки доир намудани чунин озмунҳо манфиатбахшанд. Якум, робитаи нашрияро бо хонандагон тақвият бахшидааст. Дуюм, ба ҳавасмандии омўзгорон дар навиштани мақола, очерк, лавҳа, мусоҳиба, шеър, тарона, суруд таъсир расонидаанд. Сеюм, чопи навиштаҳои озмунӣ ба ғановатманду рангоранг шудани мундариҷаи нашрия мусоидат кардааст.

Барои такмили мазмун ва мундариҷаи «Омўзгор» ҳайати эҷодии нашрия вобаста ба муҳокимаву баррасии мавзўъҳои рўз мизҳои мудавваро созмон додаанд. Ба андешаи инҷониб, ибтикороти «Омўзгор» дар ин самт қобили дастгирӣ мебошад, зеро проблемаҳои ҷойдоштаро бо иштироки мутахассисону коршиносон ва олимони соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додан ва роҳҳои рафъи камбудиҳоро нишон додан ба рушду пешрафти соҳаи маориф мусоидат мекунад. Мавзўъҳои мизҳои мудаввар дар «Омўзгор» гуногунанд, ба ҳайси мисол намунае аз онҳоро номбар кардан мувофиқи мақсад аст: «Сухан санҷида бояд дарҷ кардан» (оид ба риояи имло ва фасоҳати забон дар ҳафтаномаи «Омўзгор». – 2008. – 4 январ), «Иқдоми нав манфиатовар аст» (оид ба низоми таътил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2010, 19 ноябр), «Монеаҳо ҳалшавандаанд, танҳо ҳамбастагӣ мебояд» (оид ба тарбияи ватандўстӣ, шароити таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ ва чаро ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, 2010, 3 декабр), «Чун сари кори ту бо кўдак фитод…» (оид ба мушкилот ва пешравии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 2011, 28 октябр), «Маблағ: эҳтиёти он, эҳтиёҷ ба он» (оид ба натиҷаҳои гузаштани муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории сарикасӣ, 2011, 11 ноябр), «Фасод: воқеият дар соҳаи маориф» (2012, 3 феврал), «Нашрия ва муштарӣ: баҳсе, ки аз вазъ бармеояд» (оид ба робитаи алоқамандони соҳа ба нашрияҳои соҳавӣ: ҳафтаномаи «Омўзгор», маҷаллаҳои «Маърифати омўзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык в школах Таджикистана», 2014, 24 январ», «Такмили ихтисос: мушкилот ва дурнамо» (2014, 3 октябр).

Аз баррасии ин обзори умумӣ  бармеояд, ки доираи мавзўъҳои нашрияи «Омўзгор» васеъ ва доманадор аст. Мундариҷаи он дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон сол ба сол фарогир гардида, то андозае тамоми паҳлуҳои соҳаро дар бар гирифтааст. Ба андешаи муҳаққиқ  М. Муродов, «… метавон гуфт, ки «Омўзгор» минбари истеҳкомбахшандаи сабақҳои касбӣ, эҷодӣ ва зиндагии ҳар як зиёии кишвар, алалхусус, муаллимон мебошад, ки маҳз бо шарофати саҳмгузории ҳайати эҷодии он шакл гирифтааст» (Муродӣ, М. Мактаби таҷрибаандўзӣ / М. Муродӣ // Омўзгор. – 2012. – 12 октябр). Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аҳли қалами нашрия ҳамеша дар ҳаракат ва талоши он ҳастанд, ки талаботи хонандагон – зиёиён ва аҳли илму маорифи кишварро бо навиштаҳои ҷолибу хонданӣ қонеъ гардонанд.

Ноилшоҳ Нурализода,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш