Нашрияи Омӯзгор

Риояи тартибот омили пешравист

Сана: 2021-04-07        Дида шуд: 50        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, ба  баланд бардоштани мақоми омӯзгор мунтазам диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли 2021), аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне, соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Мутаассифона, нафароне пайдо мешаванд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ба бемасъулиятӣ ва саҳлангорӣ роҳ дода, ба амалҳои нораво даст мезананд.

Прокуратураи шаҳри Пан-ҷакент ҳолати иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро мавриди санҷиш қарор дод.

Натиҷаи ин санҷиш нишон дод, ки масъулини шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ дар самти таълиму тарбияи насли наврас як қатор корҳоро ба сомон расонида бошанд ҳам, то ҳанӯз дар фаъолияти онҳо камбудиҳои ҷиддӣ, дуздию азхудкунии маблағҳои музди маош, дуруст ба роҳ намондани раванди таълиму тарбия, напардохтани маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ва ғайраҳо ҷой доранд, ки фавран пешгирӣ ва бартараф накардани онҳо ба раванди таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон таъсири манфӣ расонида, ҳуқуқу манфиатҳои иқтисодии давлат-ро халалдор месозанд.

Дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент ҳамагӣ 190 нафар корманди масъул ва директор фаъолият менамоянд. Аз ин 22 нафарашон, аз ҷумла, 15 нафар директори муассисаҳои таълимӣ ва 7 нафари дигар шахсони масъули шуъбаи маориф қаблан барои содир намудани порагирӣ, азхудкунӣ, қаллобӣ, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон, худсарӣ, хунукназарӣ... бо ҳукмҳои судӣ маҳкум шуда бошанд ҳам, роҳбарияти соҳа дидаю дониста, онҳоро ба кор қабул намудаанд. Ин ҳолатҳо аз набудани назорати ҷорӣ ва дар сатҳи паст қарор доштани сиёсати кадрӣ дар шуъбаи маориф шаҳодат медиҳад.

Тибқи талаботи қисми 3, моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Кодекси одоби кормандони соҳаи маориф омӯзгороне, ки амали содирнамудаашон барои минбаъд давом додани фаъолияти омӯзгорӣ мухолифат менамояд, бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи омӯзгорӣ озод карда шаванд.

Аммо санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки аз бемасъулиятии шахсони масъули шуъбаи маорифи шаҳр баъзе аз омӯзгорон, ки қаблан бо ҳукмҳои судӣ барои содир намудани ҷиноятҳои мухталиф маҳкум гардидаанд ҳамчун роҳбар дар муассисаҳои таълимӣ то ба ҳол фаъолият доранд.

Чунончи, Шарифова бо қарорҳои ғайрисафедкунанда аз 28 сентябри соли 2005 ва 17 октябри соли 2017 барои ҷиноятҳои лату кӯб ва вайрон намудани қонунҳо оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон, Қ.Солиҳов ба қорорҳои ғайрисафедкунанда аз 28 ноябри соли 2013 ва 12 марти соли 2019 барои содиркунии ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ, Х.Қулов бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент аз 26 июни соли 2018 барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон, Р.Қаюмов бо ҳукми суди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 1999 барои тасарруфи молу мулки ба тариқи кредит додашуда, М.Авезов бо қарори ғайрисафедкунанда аз 8 феврали соли 2019 барои содиркунии ҷинояти азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ, Ҷ.Бобоев бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент аз 1 декабри соли 2010 барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор, Д.Ҷамолов бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент аз 27 феврали соли 2002 барои содиркунии ҷинояти қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ гунаҳгор ҳисобида шуда бошанд ҳам, айни ҳол дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва низ ҳамчун омӯзгор кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Кор ба ҷое расидааст, ки дар вазифаи роҳбарикунанда муассисаҳои таълимӣ шахсоне фаъолият намуда истодаанд, ки қаблан бо ҳукмҳои судӣ барои содир намудани ҷиноятҳои нашъаҷаллобӣ маҳкум ва бо таъйиноти судӣ барои табобат ба беморхонаҳои рӯҳӣ фиристонида шудаанд.

Чунончи, Л.Холиқов қаблан, бо санади суди вилояти Суғд аз 3 ноябри соли 1995 барои содир намудани ҷинояти нашъаҷаллобӣ маҳкум ва барои табобат ба беморхонаи рӯҳӣ фиристонида шуда бошад ҳам, бо фармоиши мудири маориф №5, аз 2 феврали соли 2018 ҳамчун омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 кор карда истодааст.

Бо андешидани чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ аксари онҳо аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд, вале баъзеашон то ба ҳол ҳамчун роҳбар дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.  Новобаста аз чораҳои ҳамарӯза андешидаи прокурорӣ, то ба ҳол бо роҳи сохтакорӣ дуздию азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар фаъолияти шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони мансабдор куллан аз байн нарафтааст.

Чунончи, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и шаҳри Панҷакент Мелик Раҳматов ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бо мақсади ғаразнок ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш дар давоми аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи августи соли 2020 дар табели рӯзи кории кормандони муассисаи зикршуда маълумотҳои бардурӯғ ворид карда, дар он ба номи фаррошони муассисаи зикршуда Мавлуда Қаюмова, Моҳчеҳра Хидирова ва Наргис Бердиярова, ки дар асл дар муассисаи мазкур ҳамагӣ бо як воҳиди корӣ ҳамчун фаррош фаъолият мекарданд, бо роҳи сохтакории хизматӣ 1,5 воҳиди корӣ нишон дода, дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ, дар маҷмӯъ, 8000 сомонӣ ғайриқонунӣ музди меҳнат гузаронида, минбаъд ин маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда, ба давлат зарари моддӣ расонидааст.

Оид ба ҳодисаҳои мазкур аз ҷониби прокуратура нисбат ба номбурдагон бо моддаҳои 245 қисми 2, банди «а,г» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Тибқи талаботи бандҳои 12, 31 ва 33-и «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №22/26, аз 29 декабри соли 2012 тасдиқ  шудааст, пардохт ва воридшавии маблағҳои иҷорапулии китобҳо бояд тавассути директор, сармуҳосиб ё китобдори мактаб ба суратҳисоби махсуси Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ ва иҷрои он ба зиммаи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ вогузор карда шавад. Вале роҳбарияту масъулини шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ хунукназарӣ зоҳир намуда, маблағҳои иҷорапулии китобҳоро сари вақт ҷамъоварӣ ва ба суратҳисоби зикргардида пардохт накардаанд.

Чунончи, аз бемасъулиятии роҳбарият ва масъулини мактаби №44-и шаҳри Панҷакент маблағи қарздории иҷорапулии китобҳо 2000 сомониро ташкил дода, фавран бартараф накардани ин ва ба ҳисоби давлат пардохт накардани маблағи  зарурӣ қонунвайронкунӣ  ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамин монанд, аз бепарвоӣ ва хунукназарии роҳбарият ва шахсони масъули литсейи шаҳри Панҷакент- 2000 сомонӣ,   мактаби №39-1761 сомонӣ, мактаби №7-1000 сомонӣ, мактаби №10-5800 сомонӣ, мактаби №113-600 сомонӣ ва мактаби №16-2000 сомонӣ маблағҳои иҷораи китобҳоро аз падару модарон ҷамъоварӣ накардаву ба суратҳисоби махсуси вазорати номбурда интиқол надодаанд.

Маҳз ҳамин омилҳо ва ба тарзи дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, набудани робита ва ҳамкорӣ байни падару модарон, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, директор ва муовинони ӯ оид ба корҳои тарбиявӣ, роҳбарони синфҳо, сармуҳосиб ё китобдори мактаб бо хонандагон ба он оварда расонидааст, ки қарзи иҷораи китобҳои дарсии 133 адад муассисаи таълимӣ ба ҳолати имрӯза 9 3419,00 сомониро ташкил додааст, ки ин ҳолат аз фаъолияти сусти масъулини соҳа дар ин самт шаҳодат медиҳад.

Қонунвайронкуниҳои мазкур гарчанде солҳои тӯлонӣ дар муассисаҳо идома ёфта бошанд ҳам, ҷиҳати пешгирию бартарафсозии онҳо аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр чораҷӯӣ карда нашудааст. Онҳо маҳз дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудаанд.

Прокуратураи шаҳри Панҷакент дар назди худ мақсад гузоштааст, ки минбаъд низ назоратро дар ин самт пурзӯр намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришхои Сардори давлат, супоришҳои роҳбарияти прокуратураи болоӣ ва ҷиҳати иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тамоми чораҳоро биандешад.

 

С. Азимзода,

прокурори шаҳри Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи 1


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш