Нашрияи Омӯзгор

Ақли солим дар тани солим

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 33        Шарҳ: 0

Тоҷикон табиатан мардуми тозаву озодаанд ва ба поку беолоиш будани хонадону муҳити зист ва покизагию тамизи сару либосашон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд. Дар байни ин халқ мақолҳои «Тани сиҳат – бехи давлат», «Саломатӣ – гавҳари ноёб», «Тозагӣ – гарави саломатӣ»… маълуму машҳуранд ва дар зиндагониашон қотеъона риоя мешаванд. Аз ин ҷост, ки мардуми тоҷикро дар баъзе сарчашмаҳо озодагон низ меноманд. Аслан, саломатӣ бо тозагӣ, бо риояи тартибу низом дар ҳама корҳо ҳамбастагии устувор дорад.
 Барои он ки миллат солим бошад, рушди устувору бомароми имрӯзу фардояшро таъмин намояд, он, пеш аз ҳама, бояд солим бошад. Яъне саломатии оммавии миллат омили асосии сафою бақои он аст. Махсусан, ба вазъи сиҳҳати насли наврас таваҷҷуҳ зоҳир бояд кард. Аз ин лиҳоз муассисаҳои таълимӣ рисолати ҷиддӣ ва бори масъулияти гарон ба дӯш доранд. Дар мактабҳо бояд вобаста ба тарғибу тавзеҳи аҳамияти саломатӣ ва риояи тозагӣ мунтазам тадбирҳо андешида шаванд. Бояд ҳам дар дарсҳо, ҳам дар машғулиятҳои махсус ва ҳам зимни чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ба ин масъала дахл карда шавад. Ба ибораи дигар бигӯем, вазифаи гуманистии таълиму тарбия бевосита ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ба ҳидояти риояи қоидаҳои таъмину ҳифзи саломатӣ вобаста мебошад. Ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки бо асосҳои донишҳои тиббию физиологӣ мусаллаҳ гардад, организми кӯдаке ва сохтору функсияҳои асосии онро хуб бидонад. Ин барои тарбияи саломатии наврасон хеле муҳим аст. Бояд хуб донист, ки асоси саломатии ҳар фард, аз ҷумла, кӯдакон системаи асаби хубу бенуқсон мебошад. Кӯдак бо ҳамин гуна системаи асаб ба олам меояд ва он дар марҳилаҳои аввал бағоят нозуку зуд осебпазир аст. Омӯзгор бояд бикӯшад, ки системаи асаби кӯдак осебе набинад, мустаҳкам гардад, неру бипазирад. Ба асаби нозуки кӯдак дар қатори омилҳои маъмули дигар танбеҳи зиёд, таҳқир ва сухани ношоиста таъсири манфӣ мерасонанд. Кӯдакро аз тарсу ваҳм ва хавотирию парешонхотирӣ ҳифз бояд кард, зеро ин ҳама омилҳои эмотсионалии пурхавфанду асаби кӯдакро хаставу сактадор мекунанд, боиси коҳиши саломатӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои хавфнок (аз ҷумла, касалиҳои рӯҳӣ) мешаванд. Кӯдакон бояд дар бораи баъзе бемориҳои бештар паҳншуда ва маъмул, ба гунаи шамолхӯрӣ, дарди чашму гӯш, дарунравӣ, дарди сар, бемориҳои пӯст ва сироятӣ донишҳои ибтидоӣ дошта бошанд ва донанд, ки асосан чӣ тадбирҳою, риояи кадом қоидаҳо ба пешгирии ин бемориҳо мусоидат мекунанд. Дар як сарчашмаи тиббӣ таъкид шуда, ки дар 16-солагӣ қариб 30 дарсади наврасон тамоку ё нос мекашанд, дар ин син дар 10-15 дарсади мактабиён фишори рагҳои хунгузар ба мушоҳида мерасад, беш аз 20 дарсади муҳассилини мактабҳо мубталои дарди асабоният мебошанд, наздик ба 50 дарсади хонандагон аз бехобӣ азият мекашанд. Ин ҳолати ногувору ташвишовар аст ва тадбирандешиҳои самаровари омӯзгорону масъулини таълимгоҳҳоро тақозо дорад. Кӯдакию наврасӣ давраи хеле нозуки инкишофи ҷисмро дар бар мегиранд. Дар урфият мегӯянд, ки «кӯдак ҳукми гулро дорад». Яъне нозук ва осебпазир. Вобаста ба ин, вазъи саломатии мактабиён бояд ҳамеша зери назорати аҳли таълиму тарбия ва ашхоси масъул қарор дошта бошад. Мактаббачагон бояд дар ҳар як давраи муайян аз зери назорати табибони рӯҳшинос гузаранд ва аз натиҷаи муоинаи онҳо волидону омӯзгорон бохабар карда шаванд.
Хушбахтона, дар мактабҳои имрӯза воҳиди кории духтури таълимгоҳ амал мекунад. Ин духтурон масъулияти зиёд ба дӯш доранд ва бояд давра ба давра дар ҳамкорӣ ба омӯзгорону роҳбарони мактабҳо вобаста ба ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон, риояи тозагӣ, тарғиби қоидаҳои пешгирии бемориҳо тадбирандешиҳо намоянд.
Аз ҷумла, дар ҳамаи синфҳо вохӯриҳо дар мавзӯи «Тозагӣ – гарави саломатӣ» баргузор созанд ва мавҷудияти  «Гӯшаи саломатӣ»-ро дар дарсгоҳҳо ва дар долони мактаб зери назорат дошта бошанд. Дар давоми ҳар соли таҳсил 2-3 маротиба ташкил кардани вохӯрии хонандагон бо табибони маъруф ва пизишкони бемориҳои бештар паҳнгашта тадбири пурманфиат хоҳад буд.
Ниҳоят, ҳангоми аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ба масоили мавриди арзёбии ин нигоштаҳо қарорёфта таваҷҷуҳ зоҳир кардани масъулин айни муддаост.

Матлуба НОСИРОВА, 
дотсенти ДДТТ ба номи 
Абӯалӣ ибни Сино,
духтури кӯдакон 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш