Нашрияи Омӯзгор

Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ

Сана: 2021-01-07        Дида шуд: 24        Шарҳ: 0

Таърихи миллати тоҷик гувоҳи он аст, ки сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо марзи ҳунармандист.Дар ҳар оилаи тоҷик нафаре ба ҳунари авлодӣ дилбастагӣ дошта, дар вақтҳои фориғ аз кор рӯй ба ин ҳунар меорад, маводе меофарад, ки дар рӯзгори ҳаррӯза лозим мешаванд. Чӯбтарошию кандакорӣ, кулолгарӣ, сангтарошию оҳангарӣ, бофандагӣ ва заргарӣ аз ҳунарҳое ба шумор мераванд, ки ба соҳиби касбу ҳунар обрӯю шараф меоранд. Асбобҳои сохтаи ин ҳунармандон аз дару тиреза, дарвоза, кати хоб, сандуқ, гаҳвора, лавҳ, косаю табақ, қошуқу кафлез, зин, гарданбандҳо, аз сангҳои ороишӣ, ҳунарҳои кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, шерозбофӣ, қолинбофӣ, кӯзасозӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Ба такя ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зарур аст, ки дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ ҳунарҳои мардумиро тарғиб ва ба шогирдон омӯзонида шаванд. Дар тарғибу муаррифии ҳунарҳои мардумӣ нақши ҷашнҳои миллӣ хеле калон аст. Масалан, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба хотири эҳёи оину суннатҳои миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил кардашуда, ин анъана дар идҳои Меҳргон, Сада ва озмунҳои ҳунарӣ байни шаҳру ноҳияҳо аз қабили “Бӯстон”, “Андалеб” густариш ёфта, аз тарафи масъулин ҳунари ҳунармандон қадршиносӣ мегарданд, ки ин завқу ҳаваси ҳунармандонро ба касбу ҳунарҳои мардумӣ зиёд месозад. Бояд зикр кард, ки ҳунарҳои мардумӣ, нодиртарин навъҳои кашидадӯзию чакандӯзӣ, кандакорию қуроқдӯзӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ, инъикоскунандаи таърихи куҳани мардуми тоҷик ба шумор мераванд.

Парвина АБДУАЛИМОВА,

омӯзгори мактаби № 78, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш