Нашрияи Омӯзгор

Масъулияти аҳли сайёра

Сана: 2021-01-07        Дида шуд: 22        Шарҳ: 0

Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ огаҳӣ дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон та- шаббускори як силсила тадбирҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба ис- тифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ҳамчун муҳимтарин ва арзишмандта- рин сарвати табиӣ мебошад.
Ин ҳама тадбирҳои башардӯстона бо номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманданд. Инак, соли сеюм аст, ки ташаббуси дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон –Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар тамоми ҷаҳон татбиқ мешавад. Ин тадбири муҳим ба амалишавии барномаи Ҳадафҳои рушди устувор, ки низ дар миқёси олам эълон шудааст, мусоидат мекунад. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дорои манбаъ ва захираҳои фаровони оби ширин мебошад ва кишвари мо аз ин лиҳоз, аслан, мушкилие надорад. Вале Ватани азизамон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба мушкилоти башарӣ ҳаргиз бетараф буда наметавонад. Устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд, ки «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре». Ҳамдарди ҷомеа будан, ғаму шодии онро бо ҳам дидан, дар вазъи гарон бетарафӣ зоҳир накардан созгор ба хилқати азалии халқи тоҷик аст. Тоҷикон обдиҳиро савоб медонанд ва обро эҳтиёт мекунанду арҷ мегузоранд. Суханрониҳои Сарвари кишвари мо аз минбарҳои ҷаҳонӣ вобаста ба истифодаи оқилонаи об ва корбасти сарфакоронаи захираҳои ҷаҳонии ин унсури муқаддас далели барҷастаю раднопазири мавқеи башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкур мебошад. Президенти ҷумҳурии мо омилҳоеро шарҳ додаанд, ки вобаста ба масоили марбут ба об ҳамкории ҷомеаи ҷаҳониро тақозо доранд. Ба таъкиди Сарвари кишвари тоҷикон, тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст, ба кӯшишҳо баҳри ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор халал мерасонад. Гармшавии иқлим ва суръат гирифтани обшавии пиряхҳо вазъи ҷаҳонро дар иртибот ба захираҳои об ташвишовар месозад. Танҳо дар Тоҷикистон дар давоми даҳсолаҳои охир беш аз 30 дарсади пиряхҳо об шуданд ва ин ҳодисаи табиӣ, мутаассифона, ҳанӯз идома дорад. Дигар ин ки аҳолии ҷаҳон мунтазам афзоиш меёбад ва дар иртибот ба ин талабот ба оби тозаи нӯшиданӣ меафзояд. Шиддати рақобат барои дастрасии бештар ба об ва захирасозии он байни давлатҳо раванди ташвишовар аст ва тадбирҷӯиҳои таъҷилии ҷомеаи ҷаҳониро тақозо дорад. Ҷониби Тоҷикистон хоҳони он аст, ки бо масъалаи истифодаи оқилонаи об ва захираҳои он, ҳамчунин, ба кулли мушкилоти вобаста ба об дар арсаи олам бамиёномада ҳеҷ кишваре бетараф набошад. Бо қатъият метавон гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо ҳоло дар сафи пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба истифодаи оқилонаи об қарор дорад. Аз ин лиҳоз дар дохили мамлакат низ мунтазам чорабиниҳои гуногун амалӣ мешаванд. Аҳли маорифи ҷумҳурӣ дар масъалаи мазкур таваҷҷуҳи доимӣ доранд ва тавассути амалисозии тадбирҳои гуногун дар ҷараёни таълиму тарбия бар он мекӯшанд, ки насли наврас аз моҳияту аҳамияти обу ободонӣ, истифодаи оқилонаи ин сарвати пурарзиши табиати диёр хуб огаҳ бошад ва дар оянда дар татбиқи ҳадафҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об ҳиссагузорӣ намояд. Ҷамагул ЁРОВА, омӯзгори литсейи ДССХ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш