Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои дарсӣ ва талаби замон

Сана: 2020-12-25        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

Дар як хабаре аз суҳбати муаллифони китобҳои дарсию омӯзгорон чашмам ба ҷумлае афтид, ки чунин аст:
«Мусаллам аст, ки муаллифони китобҳо асосан ходимони илмии донишгоҳҳо, донишкадаҳо (устодони донишгоҳҳову донишкадаҳо, яъне докторону профессорҳоро дар назар дорад), академикҳо буда, ҳусну қубҳи кори онҳоро танҳо муаллимони мактабҳои миёна муайян карда метавонанд.
Бале, китобҳои дарсиро олимони таҷрибадори соҳа менависанд. Таҷрибадор гуфта, муаллиферо мегӯем, ки қабл аз ин чунин корро кардаасту муваффақ шудааст. Аксари муаллифони мо солҳои дароз дар мактаб кор кардаанд ва мушкилоту нозукиҳои онро медонанд, изофатан, донандагони хуби соҳа шинохта шудаанд. Бештаринашон аз маҳоратҳои психологӣ, педагогӣ, методӣ ва таълимӣ бархӯрдоранд. Ва агар чунин набуд, ба таҷрибаи Россия такя карда, дар паҳлуи муаллифи асосии китоби дарсӣ як нафар педагог - амалгаро (практик), методист ва ғайраро ҳамроҳ мекарданд, то китоб аз ҳар нигоҳ бе камбудӣ бошад. Намедонам ин кор то чӣ андоза ба нафъи кор буд, вале ҳаминро медонам, ки аксари китобҳои дарсии сермуаллиф мушкилоти вежаи худро доранд. Ба муаллифони алоҳида тақсим карда навиштани як китоби дарсӣ боиси гуногунии услуби нигориш мегардад, зеро ҳар олим сабки нигориши худро дорад.  Мо аз тарафи як муаллиф навиштани китоби дарсиро бештар мепазирем ва бигзор баъдан навиштаи ӯ мавриди назари коршиносону мутахассисони соҳа ва бахусус, психологҳо, педагогҳо ва методистони варзида қарор бигирад. Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки китобҳои дарсӣ аз назари муқарризони соҳа мегузаранд ва баъд аз фосилаҳои дигари санҷишӣ ба дасти муаллим мерасанд. Дуруст аст, ки муаллим маҳз дар раванди фаъолияти таълимӣ ба хубию зиштии онҳо аҳамият медиҳад ва андешаҳояшон ба эътибор гирифта мешаванд, вале магар ҳамаи муаллимон дар як пояанд? Чун муаллими аз нигоҳи маънавӣ миёнабисот ва камбисот  матлабу забони китобро нафаҳмад, магар  муаллиф гунаҳгор аст? 
Як гуфта имрӯз қариб, ки ба афоризм табдил ёфтааст: «Китоби дарсӣ барои хонанда аст, на барои муаллим». Мо ба дурустии ин гап шубҳа надорем, вале биёд, аз рӯйи инсоф бигӯем, ки кадом муаллим изофатан ба китоби дарсӣ аз сарчашмаҳои дигар низ истифода мебарад? Аз ин рӯ, воқеият тақозо мекунад, ки ҳангоми навиштани китоби дарсӣ муаллимро ҳам фаромӯш накунем. Дар таҷриба муаллимони зиёдеро дидам, ки маводи дарсиро намедонанд, яъне ба дарс бетайёрӣ омадаанд. Боз ҳамонҳо даъво карда, аз камбудиҳои китобҳои дарсӣ ҳадс мезананд.
Ман ин лаҳза  мехостам бештар аз мавқеи китобҳои дарсии фанни адабиёти тоҷик чизе бигӯям. Дар ин хусус овардани иқтибосе аз устод Абдунабӣ Сатторзода зимни як суҳбат бо омӯзгорони мактаб  хеле бамаврид аст:
«Таълими ҳамаи фанҳо барои ҳар як инсоне, ки мехоҳад дар зиндагӣ мавқеъ пайдо кунад, муҳим аст, аммо ҷойи забон ва адабиёти тоҷик дигар аст. Мо ба воситаи ин фанҳо фарзандони миллати тоҷикро тарбия мекунем. Онҳоро аз гузаштаи халқамон бохабар мегардонем. Вале, мутаассифона, имрӯз ба сатҳи дониши ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳҳо аз ин ҷиҳат баҳои мусбат дода наметавонем. Бахусус, забони ноби модариро бо забонҳои ғайр омехта карда, ҳарф задан хеле ташвишовар гаштааст».  
Навиштани китоби дарсӣ хеле заҳматталаб аст ва на ҳар олим метавонад ин борро таҳаммул кунад. Матне, ки барои китоби дарсӣ пешниҳод мегардад, бояд аз нигоҳи илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва бадеӣ беолоиш бошад ва дарёфт кардани чунин матн кӯшиш ва ҷустуҷӯйи пайвастаро талаб менамояд. Гузашта аз ин, шарҳу баёни муаллиф бояд мувофиқи матлаб дастрас ва шевою зебо бошад, ки хубиҳову нафосати забони тоҷикиро низ рӯйнамоӣ кунад.
Устод Урватулло Тоиров боре иброз намуданд, ки навиштани китоби дарсӣ кори ҳар кас нест. Ман 38 китоб навишта, ба ин хулоса омадаам. Аз ин теъдод дутояш китоби дарсӣ аст. Бовар кунед, таълифи китоби дарсӣ кори мушкил аст. Баъзе порчаҳое низ дар китоб ҷой дода шудаанд, ки шояд дар фаҳму баёнашон шумо душворӣ ҳам кашед. Аммо бояд гӯям, ки ягон порчаи адабӣ дар китоб бе мақсад ҷой дода нашудааст.  
Пас аз ошноӣ бо муҳтавои китобҳои дарсии мавриди корбурд қарордошта метавон гуфт:
1. Дар онҳо талаботи муносибати босалоҳият ба таълим ба эътибор гирифта шуда, зимни омӯзиш фарогирии салоҳиятҳои зарурии фаннӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва амсоли инҳо дар назар дошта шудааст. Муаллифон дар фароварди ҳар як мавзӯъ тестҳои санҷиширо ҷой додаанд, ки хонандагон такя ба салоҳиятҳои зеҳнии худ ба онҳо ҷавоб гуфта, дониши ҳосилкардаи худро арзёбӣ мекунанд.
2. Чизи дигаре, ки дар ин китобҳо қобили таваҷҷуҳ аст, ин камтар кардани маълумот дар бораи зиндагиномаи адибон аст.   Дар мавриди зиндагии адибон маълумоти мухтасаре оварда мешаваду боқии вақт ба шинохт, таҳлилу баррасии осор ва аҳамияти илмию бадеӣ ва тарбиявии онҳо сарф мегардад.
3. Шарҳи осори адибон танҳо тавсифи умумӣ набуда, дар нигоҳи муаллифон масъулияти хеле бузургест. Муаллифон бо жарфнигарӣ ба андеша ва тасвироти адибон нуқтаҳои ҷолиберо шарҳ медиҳанд, ки дар китобҳои дарсии қаблӣ ҷой надоштанд. Маърифати аслӣ ва дониши фаровони касбӣ, инчунин, маънавиёти баланди муаллифон  ба онҳо имкон додааст, ки матлабро ба содагӣ баён намоянд, то хонанда ба он сарфаҳм раваду баҳра бардорад. Порчаи зер аз китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 8 далели ин гуфтаҳост:
 «Рӯдакии мӯйсафед, ки ҳар чӣ дандон дошт, суда шуда  ва  фурӯ  рехта  буд,  дар  бораи  дандонҳояш  бо  як  меҳру муҳаббати фавқулода ва самимияти барояш хос сухан меронад. Дандонҳояшро ба чароғи тобон, дурру марҷон, ситораи саҳарӣ ва қатраи борон ташбеҳ намуда, аз сафеду симзада буданашон як-як ёд меорад. Аз ин ташбеҳҳои бисёр сода, вале хеле зебои шоир кас тобону дурахшон ва мисли сим сап-сафед будани онҳоро равшан ҳис менамояд. Аз тарзи баёни бо таъкиду такрор ва оҳанги нарму канда-кандаи муаллиф равшан аст, ки дандон барояш бисёр азиз буд, ӯ ҳар яке аз ин силсилаи ташбеҳу тавсифҳои дандонро, ки пайи ҳам дар се мисраъ овардааст, дар алоҳидагӣ ва бо таъкид ном мебарад». (саҳ. 48)
4. Муаллифон дар шарҳу тафсири андешаҳои худ ба ғайр аз такя ба гуфтаи худи адибон андешаҳои бузургони дигарро низ дар бораи онҳо истифода бурда, фикри хешро тақвият медиҳанд. Боз аз ҳамин китоб:
«Шеъри рӯдакивореро, ки сурудани онро  маликушшуарои дарбори      Ғазнавиён  ва  шоири  тавонои  нимаи  аввали  асри  XI Унсурӣ орзу намудаасту бо вуҷуди кӯшиш натавониста будааст, чӣ шеърест ва чӣ хусусиятҳое дорад?».
 5. Ногуфта намонад, ки муаллифон дар поёни ҳар як мавзӯи асосӣ саволу супоришҳоро низ ҷойгузин намудааст, ки бевосита мазмуни пурраи мавзӯъро фаро мегиранд. Саволу супоришҳо сабки хоси таълимӣ дошта, содаву фаҳмоанд ва хонандаро бевосита ба ҷустуҷӯ ва дарёфти посух ангеза мебахшанд: «Шеъри рӯдакивор чӣ хусусият дорад? Дар ин мавзӯъ гузорише омода созед». Чунин савол ҷавоби бевоситаи худро дар китоби дарсӣ дорад, вале хонанда ҳангоми гузориш омода намудан бори дигар ба андешаҳои шоир ва муаллифи китоб бархӯрд карда, онҳоро дар хотир нигоҳ медорад, ки минбаъд дар фаъолияти оянда метавонанд заминаи корҳои таҳқиқотии ӯ гарданд.
6. Муаллифи китоби «Адабиёти тоҷик» барои синфи 8 дар шарҳу маънии рӯзгор ва навиштаи Фирдавсӣ «Шоҳнома» таваҷҷуҳи хосе зоҳир намудааст. Ӯ бо ихлоси зиёд ба Фирдавсию қаҳрамонони ӯ нигариста, рафтору кирдори онҳоро барои ташаккул додани эҳсоси ватандӯстию инсондӯстии хонандагон намунаи ибрат медонад. Аз ин рӯ, достонҳое мавриди омӯзиш қарор мегиранд, ки аҳамияти баланди тарбиявӣ доранд. Дар баргузидаи ин осор саҳнаҳои ишқ, мубориза бо ҷаҳолат, сарсупурдагии миллию нажодӣ ва дигар покиҳо ба намоиш гузошта мешаванд, ки бешубҳа, хонандаи мактабро бетафовут намегузоранд.
7. «Абулқосими  Фирдавсӣ,  тавре  ки  худ  дар  фасли  «Ситоиши пайғамбар ва ёронаш» равшан гуфтааст, аз «бандаи аҳли байти набӣ»  -  ҳазрати  Муҳаммад (С)  буд.  Ӯ  раҳи  растагориро  дар  «донишу  дин»  медонад,  дар  дин  аз  дониш  баҳра  ҷустанро  талқин менамояд. Ба сухани дигар, шоир каси диндори хирадгарост, на мутаассиб.
Манам бандаи аҳли байти Набӣ,
Ситояндаи хоки пойи васӣ.
Або дигарон мар маро кор нест,
Ҷуз ин мар маро роҳи гуфтор нест. (саҳ.83)

Овардани ин порча дар ин ҷо ба ин хотир аст, ки бархе дар олам Фирдавсиро шиамазҳаб медонанд, вале гуфтаи худи Фирдавсӣ далели муътамадест барои рад кардани чунин даъво. Хонандаи мо бояд аз ин огоҳ бошад.
8. Луғоти душворфаҳм дар ҷузъи алоҳида, дар китобҳои дарсӣ шарҳу тафсир ёфтаанд. 
9. Муаллифон ҳангоми таҳияи китобҳои дарсӣ кӯшиш намудаанд, то пургӯйӣ накарда, бевосита сари матлаб андеша ронад, ки ин дар китобҳои пешин камтар дида мешавад.
10. Ҳангоми таҳияи китобҳои дарсӣ талаботи синусолӣ ва равонии хонандагон ба эътибор гирифта шудааст.
11. Забони китобҳои дарсӣ ба меъёрҳои имлои забони адабии тоҷикӣ  ҷавобгӯ арзёбӣ мешавад.
12. Сабки нигориши муаллифон ба талаботи илмӣ, таҳқиқотӣ, педагогӣ ва психологии таълифу тадвини кутуби дарсӣ ҷавобгӯст.
 13. Ба матни китобҳои дарсӣ баъзан ғалатҳои техникӣ роҳ ёфтаанд.
 Хулоса, бояд гуфт, ки раванди омӯзишу парвариш ва илму фанноварӣ ҳамеша дар инкишоф асту талабот низ дигар мешавад. Муаллифон метавонанд нашрҳои баъдии китобҳои дарсиро мутобиқи талаботи замон боз ҳам бо мазмуну муҳтавои хубтар анҷом диҳанд.


Салоҳиддин АМОНӢ, 
ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи рушди маориф 
ба номи Абдураҳмони Ҷомии 
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш