ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ – ЗАМИНАИ АСОСИИ ПЕШРАФТ

Бо эълон гардидани солҳои 2025-2030 – «Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» дар Паёми Пешвои миллат ба таври возеҳ таъкид карда шуд, ки рақамикунонӣ бояд ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, хидматрасонӣ, молия ва маориф татбиқ карда шавад.

Иқтисоди рақамӣ натиҷаи таъсирбахшу такондиҳандаи технологияи нави умумӣ дар соҳаи коммуникатсия ва иттилоот, ки ба тамоми самтҳои иқтисодиёт ва фаъолияти иҷтимоӣ таъсирбахш мебошад, ба шумор меравад. Имрӯзҳо иқтисодиёти рақамӣ фаъолияти амалкунандаи иқтисодӣ ҳисобида мешавад, ки дар он маълумоти бештари рақамӣ, коркарди иттилоот ва истифодаи натиҷаҳо аз рӯйи шаклҳои гуногуни истеҳсолӣ дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ бо аҳаммияти афзудани иттилоот ва воситаҳои рақамӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва молиявӣ тавсиф карда мешавад. Имрӯзҳо мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки рақамикунонӣ аллакай дар тамоми соҳаҳои афзалиятноки кишварҳои пешрафта паҳн гашта, мардум аз ин шакли иқтисодиёт истифода менамоянд. Ҳоло ширкатҳое, ки аз иқтисодиёти рақамӣ васеъ истифода мебаранд, аз пешрафтатарин корхонаҳо маҳсуб меёбанд.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз шаклҳои нави ҳаёт, моделҳои нави пешбурди тиҷорат ва ташкили ҷараёнҳои истеҳсолоти нав мебошад. Таваҷҷуҳ намудан ба иқтисодиёти рақамӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки технологияи иттилоотӣ дар рушд намудани тамоми кишварҳои ҷаҳон аҳаммияти рӯзафзун пайдо намудааст.
Замони муосир ҳамчун асри илму техника дониста мешавад, ки инкишофи технологияи иттилоотӣ-ком­муникатсионӣ дар ҳаёти воқеии инсоният дар ҷаҳон шинохта шудааст ва дар робита ба ин, технологияи иттилоотии рақамӣ ба ҳаёти инсон ворид гаштааст. Натиҷаи ин пешравиҳоро дар низоми босуръати баланд рушд намудани бозори хидматрасониҳои электронӣ, ки яке аз ҷузъҳои марказии иқтисодиёт мебошад, мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати татбиқи ҳукумати электронии рушди иқтисодиёти рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир мебошад. Аз ин рӯ, дар воситаҳои таълимӣ татбиқ намудани технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ ва дар ин замина, омӯзиши бозори хидматрасониҳои электронӣ чун замина дар рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳим арзёбӣ шудааст.
Ҳидоят ба омӯзиши ҳаматарафаи фанҳои дақиқ ба он хотир муҳим аст, ки ҳоло дар ҷаҳон илму техника, саноат ба таври бесобиқа рушд ёфтааст. Омӯзиши амиқи ин фанҳо ба омодасозии ҷавонони соҳибмаълумоти ихтисосманди созгор ба меъёрҳои байналхалқӣ, ба таъмини раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ бо мутахассисони чирадасту эҷодкор мусоидат менамояд. Мусаллам аст, ки танҳо инсони бо донишҳои илмҳои дақиқ мусаллаҳ ва тафаккури техникидошта ҷойгоҳи муносиби худро пайдо намуда, аз дастовардҳои технологӣ самаранок истифода карда, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Пас зарур аст, ки мо тафаккури иқтисодии ҷавононро баланд бардорем ва дар ин самт, барои амалӣ гаштани рушди иқтисоди рақамӣ талошҳои бештар намоем.
Кибриёхон АХМЕДОВА,

мудири кафедраи психология, педагогика ва методикаи таълими ФМД ДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд