Дар хусуси вазъи кӯдакистонҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ва раванди иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бо мушовири муассисаҳои таҳсилоти томактабии шуъбаи маориф Нигора Абдуллоева суҳбат намудем. Мавсуф зикр кард, ки дар ноҳия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кӯдакистони №9-и Ҷамоати деҳоти Сомониён бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саховатмандону кумитаи падару модарон бинои нав сохта ба истифода дода мешавад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 нафар дар деҳаи Қурғончаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нав идома дорад. Дар деҳаи Тоҷикобод бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 120 нафар соли равон кӯдакистони нав мавриди истифода қарор дода мешавад. Ҳамчунин, сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар назди кӯдакистонҳои №6 ва №23 идома дорад.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 19 кӯдакистони давлатӣ ва 4 кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамоянд. Ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак, дар маҷмуъ, 4467 нафар кӯдак фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи атфол 234 мураббия машғуланд, ки ҳамагӣ дорои маълумоти олӣ мебошанд. Имрӯз беш аз 1,5 ҳазор нафар кӯдак ҷиҳати таҳсил дар зинаи таҳсилоти томактабӣ дар навбат қарор доранд, ки бо пайдо шудани имконият онҳо ҷалб мегарданд.
Бо мақсади ошно гаштан ба вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия ба кӯдакистони №6 рафтем. Мудири кӯдакистон Гулбаҳор Зикруллоева иброз дошт, ки дар кӯдакистон 28 нафар мураббӣ ба таълиму тарбияи 556 нафар дар 20 гурӯҳ машғуланд. Дар ҳамаи гурӯҳҳо дар баробари омӯзиши забони тоҷикӣ забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Азбаски кӯдакистон дар маркази Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз воқеъ гардидааст, табиист, ки талабот ба он зиёд мебошад.
Муассиса дорои ошхонаи замонавӣ буда, ҷойи хоби кӯдакон тозаву озода, бо кат ва рахтҳои хоб пурра таъминанд. Дар атрофи кӯдакистон беш аз 1 гектар замин мавҷуд аст, ки дар он дарахтони мевадиҳанда ва сабзавот парвариш карда мешаванд. Гармхонаи муассиса низ дар ҳолати хуб қарор дошта, дар он лиму ва помидору бодиринг парвариш мегардад.
Дар кӯдакистон мураббияҳои фаъол ва кордон ба таълиму тарбияи кӯдакон машғуланд ва дар бедор намудани завқи китобхонӣ ва омода намудани онҳо баҳри идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайваста талош менамоянд.
Г. Зикруллоева қайд кард, ки дар кӯдакистон толори бо асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мавҷуд аст. Талош дорем, ки толори варзишӣ низ бунёд намоем.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,