АЗ «ЗИМЧУРУД» ТО «ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ»: ФАРОҒАТИ НАВРАСОН ДАР ИСТИРОҲАТГОҲҲО ЧӢ ГУНА АСТ?

Тавре маълум аст, мактаббачагон дар фасли тобистон ба таътил мебароянд, мутаассифона, қисме аз волидон барои фарзандони худ дар ин фасл истироҳати хубро фароҳам оварда наметавонанд. Пас чӣ бояд кард? Роҳи ҳалли ин мушкилиро сокини шаҳри Душанбе Ситора Ашӯрова дар фаро гирифтани наврасон бо истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ медонад. Ӯ мегӯяд ки таътили тобистона дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ барои кӯдакон судманд аст, зеро бо сабаби беназорат мондан онҳо ба ҳар гуна амалҳои ношоиста даст мезананд. Бинобар ин, мавсуф субҳи барвақт барои гусели фарзандаш Фариз Хоҷаев, ки хонандаи синфи 6-и мактаби рақами 55 мебошад, ба назди шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт омадааст.

– Ҳар сол фарзандонамро ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии мактабиён равон мекунам. Писарамро, ки нисбатан хурд асту ҳоло имкони дар истироҳатгоҳ буданро дорад, ба он ҷо равон месозам, чунки истироҳатгоҳҳо барои рушди кӯдакон нақши бориз доранд,-афзуд ҳамсуҳбатамон.
Номвари Қурбон бори аввал аст, ки духтаронаш Сабо ва Шаҳлоро ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» мефиристад. Ӯ изҳор дошт, ки худ омӯзгор асту солҳои қабл борҳо дар истироҳатгоҳҳо хонандагони мактабро роҳбаладӣ кардааст ва аз шароиту тарзи гузаронидани машғулиятҳо дар он ҷо бевосита огаҳӣ дорад.
– Истироҳатгоҳҳо на танҳо дар инкишофи зеҳн, балки дар ташаккули ҷисмониву равонии кӯдакон нақши муассир дорад. Инчунин, дар табиат ба тарзи кушод гузаронидани баъзе машғулиятҳои амалӣ ва истироҳат кардан метавонад онҳоро то андозае ба воқеият наздик, яъне, ба зиндагӣ омода созад,-гуфт Н. Қурбон.
Фароғатгоҳи «Зимчуруд»
Истироҳатгоҳи тобистонаи «Зимчуруд» дар фосилаи 24 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар мавзеи зебову барҳавои ноҳияи Варзоб ҷойгир буда, барои бунёди он соли 1957 3 гектару 27 сотиқ замин ҷудо шудааст.
Ҳамасола кӯдакони зиёде дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ таътили тобистонаи худро мегузаронанд. Соли ҷорӣ мувофиқи иттилои Вазорати маориф ва илм, бояд дар умум, 15457 нафар бо фароғату солимгардонӣ дар ин гуна истироҳатгоҳҳо ва аз ин шумора 1000 кӯдаку наврас тибқи нақ­ша дар чор баст ба «Зимчуруд» ҷалб карда хоҳанд шуд. Дар ин истироҳатгоҳ бештар кӯдакон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт фароғат менамоянд.
– Ба истироҳатгоҳ, асосан, хонандагони болаёқат, ғолибони озмуну олимпиадаҳои фанниву варзишӣ, ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоату ниёзманд, сипас хоҳишмандон ҷалб карда мешаванд. Фароғатгоҳ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур маблағгузорӣ шуда, роҳхатҳо пурра ройгон мебошанд. Пеш аз омадан ба «Зимчуруд» кӯдакон пурра аз муоинаи тиббию санитарию эпидемиологӣ ме­гузаранд,-изҳор намуд директори истироҳатгоҳ Саида Саидзода.
Дар истироҳатгоҳ сӣ нафар, аз ҷумла, ҳашт мураббия, ҳафт ёрдамчӣ, омӯзгорони забони русӣ, англисӣ, технологияи иттилоотӣ, варзиш, мусиқӣ, табиб, ҳамшираи тиб, корманди назорати санитарию эпидемиологӣ, намояндаи кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилӣ, ошпаз ва дигар кормандони техникӣ фаъолият доранд. Тамоми кормандон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд.
Намояндаи назорати санитарию эпидемиологӣ субҳи барвақт маҳлули 0,5 фоизаи хлорро омода ва ба мураббиён тақсим мекунад. Кӯдакон аз хоб мехезанд, рахти хобашонро худашон ҷамъ мекунанду ба машқи пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд. Мураббиён бошанд, ҳама ҷоро бо маҳлули омодашуда тоза мекунанд.
Аз рӯзҳои аввали ба фароғатгоҳ ворид шудан мураббиёну омӯзгорон, намояндагони тиббию ҳифзи ҳуқуқ пайваста ба хонандагон дар бораи риояи техникаи бехатарӣ маълумоту дастурҳо медиҳанд. Хонандагон давоми 12 рӯз як бор мувофиқи нақша ба саёҳати кӯҳ мераванд. Дар ин саёҳат танҳо хонандагони синну солашон калон иштирок мекунанд. Дар он ҷо хонандагон бо олами наботот, буттаву дарахтони худрӯй шинос шуда, аз оби хунуки чашма нӯши ҷон менамоянд. Аз зебоии табиати дилангези диёр баҳра мебардоранд. Ҳамин тавр, то нисфи рӯз ба фароғатгоҳ баргашта, дар ҳавзи калон оббозӣ мекунанд.
Дар истироҳатгоҳ ҳамарӯза чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ гузаронида мешавад. Ҷӯрахон Сангов, ки омӯзгори санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 аст, қариб шаш сол мешавад, дар истироҳатгоҳи мазкур ба ҳайси мураббӣ кӯдаконро роҳбаладӣ менамояд. Омӯзгор бо кӯдакони гурӯҳ дар озмунҳои дар ин ҷо баргузоршаванда иштирок ва намоишҳои гуногуни театркунонидашударо пешкаши дигар тамошобинон мегардонанд.
– Интихоби маҳфилу машғулиятҳо дар истироҳатгоҳ ихтиёрист. Яъне, ҳар кӯдак мувофиқи завқи худ метавонад дар дилхоҳ маҳфил иштирок кунад. Ман бештар ба онҳо нозукиҳои расмкаширо меомӯзам. Дар ин ҷо барои машғул шудан ба расмкашӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, бо кӯдакон аз санг, ашёи табиӣ ва ширеш ҳар гуна шаклҳо, аз қабили хонаву бошишгоҳ, парандаву ҳашаротро месозем ва ин гуна машғулиятҳо барояшон писанд аст,-мегӯяд Ҷ. Сангов.
Китобхонаи истироҳатгоҳ дорои 1,5 ҳазор китоби бадеӣ мебошад. Бо дарназардошти сатҳи забондонии хонандагон, дар баробари китобҳои тоҷикӣ, дар китобхона асарҳои бо забони русӣ таълифу тарҷумашуда низ нигоҳ дошта мешаванд. Дар истироҳатгоҳ воҳиди кории алоҳидаи китобдор ҷудо нагардидааст. Аммо мувофиқи маълумоти директор С. Сайидзода, дар китобхонаи муассиса ҳамарӯза аз ҳисоби омӯзгорон ва мураббиён навбатдор гузошта мешавад, то хонандагон китобҳои дилхоҳашро саривақт дастрас намоянд.
Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»
Ҳангоми ворид шудан ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» мушоҳида намудем, ки кӯдакон гурӯҳ-гурӯҳ дар ҳар канор ҷамъ омада, ба машғулиятҳои гуногун машғуланд. Нафаре дар нимкати чӯбин нишаста китоб мехонад ва гурӯҳе саргарми бозиҳои варзишиянд.
Истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» соли 1929 дар масоҳати 8 гектар бунёд шудааст. Он дорои 3 бинои дуошёнаи замонавӣ, якчанд бинои якошёна, китобхона, ошхона, толори оббозӣ, толори бозии тенниси рӯйимизӣ… мебошад.
Истироҳатгоҳ дар тавозуни Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба он кӯдакони аз 6 то 14-сола аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд. Дар истироҳатгоҳ кӯдакон аз рӯйи синну сол ба гурӯҳҳо ҷудо гардидаанд. Дар басти якум 415 хонанда дар 14 гурӯҳ аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Гурӯҳҳо аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳанд. Кӯдакони синни 6-8-сола, 9-12-сола, 13-14-сола ба дастаҳои гуногуни варзишӣ муттаҳиданд. Бояд қайд намуд, ки ин ҷо шароити хуб барои фароғати истироҳаткунандагон фароҳам шудааст.
Ҳамчунин, дар истироҳатгоҳ озмунҳои гуногун, аз қабили «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва амсоли инҳо баргузор мешаванд. Озмунҳо аз рӯйи номинатсияҳои гуногун, аз қабили адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, қироати шеър дар васфи Тоҷикистон ва санъати тасвирӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар истироҳатгоҳ ҳар як даста ном, рамз ва шиори худро дорад. Мо гурӯҳеро вохӯрдем, ки бо роҳбарии мураббияашон Муҳаррама Расулова ба сӯйи ҳавзи шиноварӣ мерафтанд. Онҳо раҳораҳ порчаҳои шеъриро қироат мекарданд. Аз суҳбат ба хонандагон маълумамон шуд, ки ин гурӯҳи «Гулдухтарон» будааст.
Муҳаррама Расулова 3 сол мешавад, ки ҳамчун мураббияи истироҳатгоҳ фаъолият дорад. Мавсуф зимни суҳбат иброз дошт, ки мақсади ҷалби кӯдакон ба истироҳатгоҳ таъмини солимии онҳо, обутоби бадан, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат мебошад.
Мо аз ҳуҷраҳои хоби кӯдакон дидан намудем. Ҳуҷраҳо ҳама тозаву озода буда, рахти хоби кӯдакон ба тартиб оварда шудааст. Истироҳаткунандагон субҳи худро аз батартибдарории рахти хоб ва ҳуҷраҳо оғоз намуда, пасон ба варзиши пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд.
Шаҳноза Хоҷаева-хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Ӯ ҳангоми суҳбат қайд кард:
– Истироҳатгоҳ ба ман хеле ҳам писанд омад. Ҳавои тоза ба руҳи одам таъсири хуб мерасонад.
Мо аз вазъи китобхонаи истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» низ шинос шудем. Китобхона аз як ҳуҷраи на он қадар калон иборат аст. Мудири китобхона Кароматулло Шокирзода соли дуюм аст, ки дар истироҳатгоҳ кор мекунад. Ӯ иттилоъ дод, ки дар китобхона зиёда аз 5000 китоби дарсӣ ва бадеӣ бо забони тоҷикиву русӣ мавҷуд аст. Кӯдакони хоҳишманд имкон доранд, китобҳоро дар фазои кушод ё ҳуҷраҳояшон мутолиа кунанд.
– Тӯли 4 сол мешавад, ки ман ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» меоям. Мо дӯстони нав меёбем. Дар ин ҷо барои мо чорабиниҳои гуногун ва ҳар гуна бозиву озмунҳо ташкил мекунанд. Ғайр аз ин, мо ба китобхонӣ низ машғул мешавем ва бо дӯстонамон атрофи китобҳои хондаамон саволу ҷавоб мекунем. Ман дар 11 рӯзи ин ҷо буданам китобҳои зиёд мутолиа намуда, дар озмуни «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» иштирок кардам,-иброз дошт Ҳадиса Ғаюрова,-хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Варзоб.
Ошхонаи истироҳатгоҳ дорои толори калон ва бо мизу курсиҳо таъмин мебошад. Инчунин, дар он барои нигоҳдории ҳама намуди маҳсулот анбор мавҷуд аст. Дар ошхона 14 нафар кор мекунанд. Ба кӯдакон дар як рӯз 4 маротиба хӯрок дода мешавад.
Ҳангоми суҳбат бо кӯдакон маълум гардид, ки дар истироҳатгоҳ ба онҳо бештар саёҳати кӯҳ ва мусобиқаҳои варзишӣ писанд аст. Онҳо дар давоми истироҳаташон, тибқи нақша бо навбат ба сайри кӯҳсор мераванд ва мувофиқи синну сол масофаву тӯли саёҳаташон аз ҷониби омӯзгорон муайян карда мешавад.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
Ирода ТИЛАБОВА,
«Омӯзгор»