Таассурот аз сафари кории Пешвои миллат ба ВМКБ
Аҳаммияти сафар
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки рӯзҳои 25 то 28 июни соли 2025 сурат гирифт, дар заминаи таҳкими сиёсатҳои давлатӣ ва татбиқи барномаҳои рушди устувор ҷараён гирифт. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи кӯҳии стратегии Тоҷикистон аст, ки беш аз 45 фоизи қаламрави кишварро ташкил медиҳад ва он ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Давлату Ҳукумат қарор дорад. Бо ин сафари корӣ, ки ҳамзамон, ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад, сиёсати рӯшани «аз марказ ба ҳудуд» таҷассум ёфт. Президенти мамлакат бевосита ба вазъи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, инфрасохтор ва фаъолияти мақомоти маҳаллӣ шинос шуда, тавассути ифтитоҳи силсилаиншоот ва мулоқоту суханронӣ масири пешрафтро муайяну мушаххас карданд. Дар ин сафар иншооте мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ барои мардуми вилоят муҳимму мубрам ва ҳаётӣ буданд. Роҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, дар тамоми фаслҳои сол рафтуомади мардумро таъмин мекунанд, ки аз як сӯ, иттиҳоду ҳамбастгии мардумро қавӣ гардонанд, аз сӯйи дигар, ҳамчун роҳҳои аҳаммияти байналмилалӣ ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшанд. Ба ин маънӣ, ба таври иҷмолӣ аз иншооти ба истифода додашуда ва аҳаммияти онҳо дар раванди давлатдорӣ ёдовар мешавем.
Ифтитоҳи иншооти калидӣ
Нахуст, ифтитоҳи қитъаҳои роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон бо пулҳо ва нақбҳои нав на танҳо ҳаракатро осонтар намуд, балки ба рушди тиҷорат, хидматрасонӣ ва гардиши мол дар минтақа такони ҷиддӣ медиҳад. Аз лиҳози стратегӣ, ин роҳ иртиботи минтақаҳои дурдастро бо марказ тақвият бахшида, барои амнияти дохилӣ ва назорати муассири ҳудудии давлатӣ мусоидат мекунад.
Дуюм, ифтитоҳи парки саноатии нав дар ноҳияи Ванҷ нишон дод, ки Ҳукумати кишвар роҳи саноатикунонии маҳалҳоро ба таври ҷиддӣ дунбол менамояд. Дар ин парк 6 корхона бо фаъолиятҳои гуногун, аз истеҳсоли макарон то коркарди равған ва истеҳсоли тирезаҳои пластикӣ фаъол гардиданд. Бартарии ин парк на танҳо дар ташкили ҷойҳои нави корӣ, балки дар таъсиси занҷираи пурраи арзиш аз истеҳсолоти маҳаллӣ то фурӯш мебошад. Хусусияти муҳимми он истиқлол аз ашёи воридотӣ ва такя ба захираҳои дохилӣ мебошад, ки боиси тақвияти иқтидори иқтисодии маҳаллӣ мегардад.
Сеюм, дар доираи сафари мазкур як қатор иншооти иҷтимоӣ: мактаб, кӯдакистон, марказҳои тиббию фарҳангӣ ва хидматрасонии маишӣ ифтитоҳ гардиданд. Иншооти мазкур аз нигоҳи стратегияи давлатии «Тоҷикистон – кишвари дорои маорифи босифат» аҳаммияти калон доранд. Ҳар мактабу кӯдакистоне, ки дар як деҳаи кӯҳистон бунёд мешавад, маънои имконияти баробар ба таҳсил, тарбия ва рушди насли навро дорад. Ва маҳз чунин иқдом сармоягузорӣ ба ояндаи инсон ба ҳисоб меравад.
Чорум, яке аз ҷанбаҳои муҳимми сафар, мулоқотҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон, фаъолон ва роҳбарони ноҳияҳо буд. Мулоқотҳои мазкур намунаи муколамаи бевоситаи Роҳбари сиёсӣ бо мардум ва таҳкими давлатдорӣ маҳсуб меёбанд. Дар суханрониҳои худ Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди ВМКБ зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст. Ин далели воқеии эътибор ва масъулияти давлат нисбат ба ин минтақаи стратегӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, масъалаҳои асосие, ки дар мулоқотҳо баррасӣ гардиданд, вазъи иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои саноат, энергетика ва маориф, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, назорати мақсадноки маблағгузории буҷетӣ ва чанде дигар буданд.
Ин гуна мулоқотҳо заминаи муҳимми ҳалли мушкилоти мавҷуда дар заминаи эҳсоси масъулияти баланди ватандорӣ мебошад.
Барномаҳои давлатӣ дар ВМКБ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи ВМКБ 9 барномаи махсусро амалӣ мекунад. Ин барномаҳо соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва тандурустиро фаро гирифта, дорои аҳдофи мушаххас ва нишондодҳо барои тадбиқ ва иҷро мебошанд. Таваҷҷуҳи махсус ба диверсификатсияи иқтисод, яъне, рушди чанд соҳаи иқтисодии минтақа, имкон медиҳад, ки ВМКБ ба минтақаи истеҳсолкунанда табдил ёбад.
Махсусан, соҳаи кишоварзӣ ва боғдорӣ бо дарназардошти иқлими махсуси минтақа имкониятҳои нави афзоиши содирот ва таъмини бозори дохилиро ба миён меорад. Барномаҳо, инчунин, ба соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи оқилонаи табиат (сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва этнографӣ) равона гардидаанд, ки метавонад ВМКБ-ро ба маркази ҷалби сармояи хусусӣ табдил диҳад.
Мустаҳкамсозии пояҳои рушди устувор
Сафари Пешвои миллат ва ифтитоҳи иншоот нишон дод, ки модели «дастгирии мақсаднок» ба рушди воқеии иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. Масалан, таъсиси паркҳои саноатӣ, рушди кишоварзии пурқувват, роҳсозии нав ва баланд бардоштани дастрасӣ ба бозор нишонаи ин аст, ки дар оянда ВМКБ метавонад дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва саноатии стратегӣ саҳми муҳим гузорад.
Инчунин, рушди муассисаҳои иҷтимоӣ ба ҳалли масоили асосии мардум мусоидат кард. Мактабҳои нав, кӯдакистонҳо, марказҳои тиббӣ, ва роҳҳои дастрас дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва эҳсоси эътимоди шаҳрвандон ба давлат таъсири мусбат гузоштанд.
Сафари мазкур ба минтақае, ки гуё замоне ноором арзёбӣ мешуд, паёми возеҳи сиёсӣ буд: давлат на танҳо мавҷудияти худро дар ҳар гӯшаи кишвар таъмин мекунад, балки кафолати рушди баробарро пешниҳод месозад. Ин боис гардид, ки дар минтақа иртиботи давлат бо шаҳрвандон тақвият ёбад. Натиҷаи чунин муносибат аст, ки имрӯз хурду бузурги вилоят аз ин таваҷҷуҳу ғамхории Давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои муаззами миллат хуш истиқбол доранд ва баҳри шукуфоии минтақа дар маҷмуъ, кишвари азизамон – Тоҷикистон аҳлона камари ҳиммат бастаанд.
Ҳамзамон…
Баъд аз ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим дар тамоми гӯшаву канори кишвар чанд масъалае низ ҷой дорад, ки бояд ба он таваҷҷуҳи бештар намуд. Пеш аз ҳама, нигоҳдории иншоот ва таъмини самаранокии онҳо. Яъне, ҳар яки моро зарур аст, ки ҷавобан бо ин ҳама ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат тамоми иншооти ба истифодадодашударо мисли хонаи худ ҳифз намоем ва фаъолияти самараноки онро таъмин созем. Дар баробари ин, қобилияти муассисаҳои маҳаллӣ барои идоракунии устувори барномаҳо, таъмини кадрҳои соҳибтахассус ва рушди захираҳои инсонӣ, афзоиши ҳавасмандии бахши хусусӣ барои сармоягузорӣ аз зумраи дигар иқдомотест, ки бояд аз ҷониби сокинон пайгирӣ шавад.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ВМКБ дар соли 2025 як сафар танҳо бо аҳдофи протоколӣ набуд. Ин як барномаи амалии таҳкими давлатдорӣ, таҷдиди иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии минтақа буд. Ифтитоҳи ҳар як мактаб сармоягузорӣ ба насли оянда аст. Ифтитоҳи ҳар қадам роҳу ҳар як пул иртиботи муҳимми одамон бо марказ ба ҳисоб меравад. Ҳар як мулоқот ва суханронӣ тақвияти эътимод ва субот аст. Пешвои миллат бо фаъолияту амалҳои созандаи худ сокинони минтақаро ба зиндагии дурахшон ва ояндаи шукуфои кишвар дилгарм сохтанд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми гӯшаву канори мамлакат ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардиданд, ки дар ин миён, ВМКБ истисно нест. Мусаллам аст, ки бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Бадахшон рӯз то рӯз рушду инкишоф меёбад ва имконоти зиёде ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят фароҳам оварда мешавад. Аз ин ҷост, ки имрӯз бунёди роҳу нақбҳо, муассисаҳои таълимӣ, инфрасохторҳои замонӣ, аз як ҷониб, ба ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат намуда, теъдоди сайёҳонро зиёд намояд, аз ҷониби дигар, сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, ба пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи минтақа такони ҷиддӣ мебахшад.
Эҳсон Сафарзода,
«Омӯзгор»
«Омӯзгор»