Тавре маълум аст, ҳамкорони доимии нашрияи «Омӯзгор» устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ ва донишкадаю донишгоҳҳои кишвар ба шумор мераванд, ки ҳамвора дар мавзуоти гуногун мақолаҳо таълиф ва ба нишонии идораи ҳафтанома ирсол менамоянд.
Навиштаҳои омӯзгорону устодон ҷанбаю паҳлуҳои мухталифи соҳаи маориф, аз ҷумла, роҳу шеваҳои беҳтар гардондани сатҳу сифати таълиму донишазхудкунии хонандагон, истифодаи усулҳои фаъолу муассир дар раванди баргузории машғулиятҳо, корбурди васоити технологияи навин, ба роҳ мондани идеяву консепсияҳои ҷадиди таълимӣ, татбиқи навгониҳо дар дарси муосир, масоили тарбиявӣ ва амсоли инҳоро дар бар гирифта, ҳамчунин, муаллифон перомуни ислоҳоти соҳа, ба мисли гузаштан ба низоми баҳогузории 10-хола, тавзеҳу тафсири технологияи рақамикунонӣ, моҳияту манфиати зеҳни сунъӣ, вусъат бахшидани методикаи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ва ғайра матолиби ҷолиб, рангину шавқовар пешниҳод мекунанд.
Таври мисол, мақолаи хуби омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Варзоб Сайёра Саидова – «Бозиҳои дидактикӣ дар синфҳои ибтидоӣ» бардошт аз таҷрибаи омӯзгор буда, содаву фаҳмо навишта шудааст. Корбасти бозиҳои дидактикӣ, махсусан, дар дарсҳои математикаи синфҳои поёнӣ баҳри азхуд кардани роҳҳои ҳалли амалу мисолҳо судманд мебошад. Мақолаи омӯзгори забони англисии МТМУ №11-и ноҳияи Деваштич Бахтиёр Розиқов ба масъалаи тавсифи сохтори семантикии ибораҳои предиктивии англисӣ бахшида шуда, муфассал мебошад. Вобаста ба мавзуи матраҳашванда омӯзгор аз олимону донишмандон иқтибосоти зиёде оварда, фикрҳои худро тақвият медиҳад. Дар навиштаи омӯзгори МТМУ №17-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қамаруддин Акбаров – «Расонидани ёрии методӣ ба хонандагон ҳангоми интихоб намудани касб» масоили аз паси мизи мактабӣ дурусту огоҳона интихоб намудани касбу пешаи ояндаи хонандагон сухан меравад. Омӯзгори соҳибтаҷриба ба он фикр аст, ки дар интихоби касби оянда ба хонандагон омӯзгорон (аз ҷумла, роҳбари синф) метавонанд ёрӣ расонанд. Роҳу шеваҳои кумаки омӯзгорон дар ин боб ба чанд омил вобаста аст, ки К.Акбаров дар бораи ин омилҳо батафсил ҳарф задааст. Мақолаи Толиби Розӣ – «Чаро кӯдакон бояд ҳуши маснуиро ёд бигиранд?» (баргардон аз форсӣ) пурмуҳтаво ва бамаврид мебошад, аммо забону баёни он мураккаб буда, ба дарку фаҳмиши хонандаи нашрия созгор намебошад. Навиштаи сардори кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва муҳандисӣ-техникии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусноро Абдуаҳадзода сабабҳои таназзули илмро дар асрҳои миёна ба сабаби таассубу таҳдиди руҳониён инъикос намуда, дар он далоилу андешаҳои фаровон оварда шудаанд. Матлаби мазкур ба коркарду таҳрир ниёз дошта, хусусияти илмӣ-назариявиро касб кардааст. Ҳамин тариқ, матолиби омӯзгорон Некрӯз Акбаров аз ноҳияи Мастчоҳ, собиқадори маориф аз шаҳри Ваҳдат Кароматулло Ғафуров, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод, омӯзгори МТМУ 40 (ноҳияи номаълум) Муъмин Ҷумъаев, омӯзгор аз шаҳри Ҳисор Ҳаким Алӣ, рӯзноманигор Шарифхон Тиллоев аз шаҳри Кӯлоб, директори МТМУ №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Азизбек Боронов мавзуъҳои мухталифро дар бар гирифтаанд. Як силсила навиштаҳои муаллифон ба татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида шудаанд, ки ба ин мақолаҳои устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сафар Эркаев, муовини директор оид ба бахши таълими МТМУ №2-и ноҳияи Ховалинг Беҳрӯз Сайдуллоев, мутахассиси пешбари раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор Фирдавс Одинаев, омӯзгори МТМУ №53-и ноҳияи Восеъ Саидиброҳим Наимов, подполковники хидмати дохилӣ Ҳ. Абдулаҳадова ва чанди дигар мисол шуда метавонанд.
Дар иддае аз навиштаҳо омӯзгорон саъй бар он намудаанд, ки аз таҷрибаи омӯзгории хеш вобаста ба таълими ину он мавзуи дарсӣ андешаҳояшонро баён кунанд. Вале як омилро таъкид ва хотиррасон бояд намуд, ки тарзу шеваи ба роҳ мондани чунин машғулиятҳо ва тадбирҳои беруназсинфӣ нав набуда, мисолҳои овардаи муаллифон ноқисиҳои зиёд доранд. Мақолаҳои омӯзгори математика ва информатикаи МТМУ №9-и ноҳияи Шоҳмансур Маъруф Неъматов – «Викторинаи математикӣ» ва «Олимони соҳаи компютер ва технологияи иттилоотӣ», равоншиноси МТМУ №1-и ноҳияи Айнӣ М. Маллаев – «Психология ҳамчун касб», омӯзгори МТМУ№46-и ҳамин ноҳия Фарзона Қӯзиева – «Терроризм мазҳаб надорад», устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа И. Хайруллоев – «Ҷалолиддини Балхӣ ва тарбияи ахлоқии насли наврас» омӯзгори МТМУ №18-и шаҳри Душанбе Сайвалӣ Шерализода – «Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад» аз нигоҳи мавзуъ хубанд, вале қисмати зиёди ин навиштаҳоро афкору суханони умумӣ ташкил карда, гоҳо кашолгапӣ дар онҳо мавқеъ пайдо кардааст. Матолиби ирсолнамудаи омӯзгори МТМУ №24-и ноҳияи Нуробод Атоуллоҳ Саъдиев – «Алгебра чӣ тавр пайдо шуд?», директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Мастчоҳ Баҳромбек Тӯлонов – «Иди Садаро ҷашн бояд гирифт», ассистенти кафедраи педагогикаи умумии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Хуршеда Бобоева – «Арзишҳои миллӣ – рукни муҳимми муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ», дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ Насимҷон Зарифов – «Аббос Алиев», агар аз як тараф, ҳаҷман калон бошанд, аз ҷониби дигар, сухани тоза дар ин навиштаҳо банудрат ба мушоҳида мерасад.
Мақолаи омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Варзоб Ҷамшед Неъматов – «Рушди фанҳои табиатшиносӣ — таконбахши ҷомеа» ба омӯзиши густурдаи фанҳои табиатшиносӣ бахшида шудааст. Хуб мебуд, агар омӯзгор барои тақвияти андешаҳои худ мисолҳои мушаххас меовард. Ҳамин норасоӣ дар навиштаи ассистенти кафедраи ҷамъиятшиносии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Наврӯз Каримов марбут ба мавзуи терроризм ва омилҳои хатарбори он ба назар расид.
Барои тасдиқи андешаҳо мебояд далелҳои нав ва раднопазир пешниҳод кард. Муҳтавои мақолаҳои омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон Субҳон Набиев – «Ҷавонон дар меҳвари Паём», саромӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Тобусбӣ Ахмедова – «Хидматаш арзанда аст», Озода Набиева аз ноҳияи Деваштич – «Ояндаи дурахшонро имрӯз месозем», рӯзноманигор Ҳокими Сафар аз ноҳияи Файзобод – «Китобдӯст» ва чанди дигар фарогири мавзуъҳои мухталиф мебошанд. Ба идораи нашрия чакидаҳои хомаи омӯзгорону устодон низ ворид гардидаанд, ки аз шеъру тарона ва лавҳаю ҳикоя иборатанд. Азбаски бархе аз ин навиштаҳо ба талаботи жанрӣ ҷавобгӯ набуда, сухану ғояи нав надоранд, аз чопаш худдорӣ кардем. Намунаҳои эҷоди омӯзгори МТМУ №18-и ноҳияи Шаҳринав Эраҷ Ғафуров, собиқадори маориф Қурбон Ҷомӣ аз ноҳияи Файзобод, омӯзгорон аз шаҳри Исфара Абдумуталлим Шерматов, шеъргунаҳои корманди АМИТ Қурбоналӣ Ватан, омӯзгори МТМУ №57-и ноҳияи Варзоб Ҷамила Хӯҷаназарова ба ин гуфтаи мо мисол шуда метавонанд. Дар хусуси матолибу мақолаҳои ҳамкорони нашрия аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сухан ронда, хотиррасон бояд кард, ки дар бахши зиёди онҳо носуфтагӣ дар забон ва ҳусни баён, заифии мантиқ, равшану муайян набудани ҳадаф ба мушоҳида мерасад. Гурӯҳе аз муаллифон ба шитобкорӣ роҳ дода, ба умумигӯйӣ ва баёни фикрҳои борҳо баёнгардида саргарм мешаванд. Ҷанбаи методии мақолаҳое, ки ба тарзу усулҳои баргузории машғулиятҳо бахшида шудаанд, пурқувват набуда, лоиқи омӯзиши омӯзгорон намебошад. Ҳангоми таълифи матлабу мавод дигаргунию тағйиротеро, ки дар низоми маориф ва таълиму тарбия ба амал омадаанд, сарфи назар набояд кард.
Дар хатми навиштаи худ аз устодону омӯзгорон эҳтиромона хоҳиш доштем, ки дар нигоштаҳои хеш суроғаро бо рақами телефон нависанд. Ҳамчунин, ба ҳаҷми мақолаҳои хеш таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Баъзе матолиби ба дасти мо расида, аз 7 то 11-12 саҳифаи чопи компютериро дар бар мегирад, ки нашрия имкони ба табъ расондани чунин навиштаҳоро надорад. Мо аз ҳамкории доимии ҳамкоронамон – омӯзгорони заҳматкаш, ки вақт ёфта, дар хусуси мавзуъҳои ба таълиму тарбия алоқаманд мақола иншо менамоянд, изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳони онем, ки онҳо минбаъд низ робитаи худро бо нашрия тақвият бахшида, бо навиштаҳои шавқовару рангин ва тозаю ноби худ саҳифаҳои нашрияро рангин созанд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»