ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ИМКОНОТ, ПЕШРАФТ ВА МУШКИЛОТ

Муқаддима

Ҷаҳони муосир босуръат рушд меёбад ва воситаҳои зиёде дар ҳаёти инсоният пайдо мегарданд, ки аз як тараф, агар кори инсонҳоро осон намоянд, аз ҷониби дигар, масъулият ва рисолати онҳоро дучанд месозанд. Яке аз дастовардҳои башар дар чанд соли охир зеҳни сунъӣ мебошад, ки имрӯз нақши он дар тамоми соҳаҳо бараъло эҳсос мегардад. Раванди ворид гаштани он дар ҳаёти инсоният ба таври чашмгир густариш ёфтааст ва оянда ҳеҷ соҳаро бе истифода аз технологияи муосир наметавон тасаввур кард. Дунёи технология чунон зуд дигаргун мегардад, ки як лаҳза таваққуф ва беаҳаммиятӣ метавонад ҷомеаро аз рушду пешрафт боздорад. Аз ин рӯ, дар оянда зеҳни сунъӣ омили асосии рушди устувори соҳаҳо мегардад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2024) таъкид доштанд: «Дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва тех­нологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд». Ҳамчунин, вобаста ба рушди иқтисоди рақамӣ истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хидматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар зимн, истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо манфиатбор буда, ҳам корро осону босифат ва ҳам ягонагии иттилоотию рақамиро таъмин мекунанд. Бинобар ин, кишварҳои пешрафта дар самти вусъати зеҳни сунъӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва маблағгузориҳои зиёдро харҷ мекунанд.
Зеҳни сунъӣ ва ҷаҳони муосир
Зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир мавқеи меҳварӣ дорад ва имрӯз бо як назари иҷмолӣ ба корҳои анҷомдодаи кишварҳои пешрафта метавон ба чунин хулоса расид, ки он имрӯз дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангу маориф ва дифоӣ ба таври назаррас истифода мегардад. Таҳилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои 2023-2024 дар рушди зеҳни сунъӣ бо нишон додани афзоиши бесобиқаи дастовардҳои технологӣ ва миқёси ҷорӣ кардани AI дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба як марҳалаи муҳим табдил ёфтааст. Дар асоси маълумоти солонаи индекси зеҳни сунъии Донишгоҳи Стэнфорд, дар соли 2024 AI бори аввал аз имкониятҳои инсонӣ дар як қатор соҳаҳои асосӣ, аз ҷумла, таснифи тасвирҳо, тафаккури визуалӣ ва фаҳмиши забони англисӣ бартарӣ дошт.
Муҳимтарин омил дар ҷаҳони AI пайдоиши моделҳои пурқудрати мултимодалии насли нав маҳсуб меёфт. Системаҳо, ба монанди OpenAI Gpt-4 ва Google Gemini Ultra дар коркарди матн, тасвирҳо ва аудио фаъолияти назаррас нишон доданд. Дар робототехника бо сабаби ҳамгироӣ бо моделҳои забонӣ пешрафти муҳим ба амал омад. Пайдоиши системаҳои PaLM-E ва RT-2 имкон дод, ки системаҳои роботии пешрафтатар сохта шаванд ва хусусияти муҳимми онҳо қобилияти пурсидани саволҳо буд, ки дарки онҳоро бо ҷаҳони воқеӣ хеле беҳтар кард.
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (UNC­TAD) дар гузориши нави худ «Технология ва инноватсия – 2025» ҳушдор медиҳад, ки бо вуҷуди потенсиали бузурги AI, рушди он фарогириро кафолат намедиҳад. Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки то соли 2033 ҳаҷми умумии бозори зеҳни сунъӣ ба 4,8 триллион доллар мерасад, аммо дастрасӣ ба инфрасохтор ва дониши коршиносон дар соҳаи AI дар якчанд кишвар мутамарказ боқӣ мемонад. Танҳо 100 ширкат, асосан, аз ИМА ва Чин 40 фоизи хароҷоти корпоративии ҷаҳонро барои рушди илмӣ ва технологӣ таъмин мекунанд. Бузургтарин ширкатҳои технологӣ, ба монанди Apple, Nvidia ва Microsoft ҳар кадоме 3 триллион доллар арзиш доранд, ки баробар бо ММД дар тамоми қитъаи Африқо аст. Чунин бартарияти бозор метавонад холигии технологиро амиқтар ва бисёр кишварҳои рӯ ба тараққиро бидуни манфиатҳои AI бигузорад.
AI дурнамои нави иқтисодиро мекушояд ва технология, инноватсия ва донишро унсурҳои асосии стратегияҳои миллии рушд мегардонад. Барои самаранок татбиқ кардани AI, UNCTAD тавсия медиҳад, ки кишварҳо ба се ҷанба диққат диҳанд: инфрасохтор, маълумот ва малака. Рушди ин самтҳо имкон медиҳад, ки на танҳо зеҳни сунъӣ ҷорӣ карда шавад, балки қарорҳои инноватсионии худро, ки ба талаботи иҷтимоию иқтисодӣ ҷавобгӯ мебошанд, эҷод кунанд.
Дар соҳаи маориф ба ҳамгироии абзорҳои AI ба раванди таълим диққати махсус дода мешавад. Таҳлили таъсири онҳо ба таълим ҳам дар таҳсилоти олӣ ва ҳам дар мактабҳо гузаронида мешавад. Афзоиши гуногунрангӣ дар таҳсилоти компютерии ИМА ва Канада мушоҳида мешавад, гарчанде ки дар Аврупо дар ҳама сатҳҳои таълимӣ фарқияти ҷиддӣ боқӣ мемонад.
Тибқи арзёбии Ширкати таҳлилии олмонии Statista, бозори ҷаҳонии барномаҳо ва лоиҳаҳои ба зеҳни сунъӣ асосёфта, ҳамасола то соли 2030 бо суръати 28% афзоиш хоҳад ёфт. Ва то он вақт ин соҳа метавонад ба иқтисоди ҷаҳонӣ тақрибан 20 триллион доллар ворид кунад. Маблағи мазкур 3,5% ММД-и ҷаҳонро ташкил медиҳад.
AI таъсири амиқи иқтисодӣ хоҳад дошт, аз ҷумла, тамоми соҳаҳоро тағйир медиҳад, бозорҳои нав эҷод мекунад ва метавонад 40% ҷойҳои кориро дар саросари ҷаҳон коҳиш диҳад. Сарфи назар аз фоида, хазинаи байналмилалии асъор ҳушдор медиҳад, ки аз сабаби татбиқи технология, зиёда аз 40 фоизи ҷойҳои корӣ дар саросари ҷаҳон метавонанд аз байн раванд. Дар кишварҳои пешрафта ин нишондиҳанда ба 60% баробар хоҳад шуд.
– Инноватсия ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, аммо хавфи коҳиши шуғлро афзоиш медиҳад,-мегӯяд Кристалина Георгиева-директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор: – Мо дар остонаи инқилоби технологӣ қарор дорем, ки метавонад ҳосилнокии меҳнатро афзоиш диҳад, рушди иқтисодии ҷаҳонро суръат бахшад ва даромадро дар саросари ҷаҳон зиёд гардонад. Аммо он, инчунин, метавонад боиси кам шудани ҷойҳои корӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ гардад.
Дар баробари ин, рушди зеҳни сунъӣ аллакай ба хатарҳо дар соҳаи энергетика оварда мерасонад. Саноат ҳар сол 70% бештар неруи барқ истеъмол мекунад. Дар таҳқиқоти бонки амрикоии Morgan Stanley пешгӯйӣ карда мешавад, ки то соли 2027 истифодаи неруи барқ барои AI то 224 тераватт дар як соат афзоиш меёбад, ки тақрибан ба истеъмоли солонаи барқи тамоми Испания баробар аст.
Тадбирҳо барои татбиқи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ корҳои зиёде рӯйи даст гирифта шудаанд ва анҷоми онҳо метавонад дар рушди он марҳалаи навро ворид кунад. Дар Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ба таври дақиқ дар бораи густариш бахшидани зеҳни сунъӣ вазифагузориҳо ва дар доираи он Нақшаи амали Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар марҳалаи якум (солҳои 2023-2025) қабул гардидааст. Ба ин маънӣ, дар стратегия зикр шудааст: «Зеҳни сунъӣ яке аз равандҳои неруманди асри 21 буда, ҷорӣ намудани он ба раванди суръатноки истеҳсол ва тақсимоти мол, кор ва хидматрасониҳо таъсири мусбат мерасонад. Ин технологияҳо ба тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон ворид шуда, асоси рушдро ташкил медиҳад».
Маълум аст, ки дар стратегия ба таври мукаммал роҳандозиву амалӣ намудан ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан, ҷорӣ намудани тех­нологияҳои нави ҷаҳонӣ таъкид гардидааст. Соҳаи маориф дар меҳвар қарор дорад ва маҳз омода намудани мутахассисони варзида ба ин соҳаи ҳаётан муҳим иртиботманд мебошад. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, меҳнат, саноат, кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ имконпазир буда, маблағгузории зиёдро тақозо мекунад. Дар соҳаҳои маориф ва илм зеҳни сунъӣ, асосан, бо истифода аз технологияи муосир ва интернети босуръат имконпазир буда, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ ва дар ин замина, омода намудани мутахассисони соҳаи технологияву барномасозӣ дар авлавият қарор мегирад, зеро зеҳни сунъӣ ҷараёни таълимро такмил бахшида, имкон медиҳад, ки малакаҳои навро мутахассисон азхуд намоянд. Аз ин рӯ, имрӯз дар мактабҳои олии кишвар ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ин соҳаи ҳаётан муҳим ихтисосҳо таъсис ёфтаву донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиалҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз рӯйи ихтисоси зеҳни сунъӣ донишҷӯён дар курсҳои 1, 2 ва 3 ба таҳсил фаро гирифта шуда, якчанд мактаби олӣ бо озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ таъмин мебошанд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар ҷумҳурӣ бо мақсади рушди зеҳни сунъӣ бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова гардид, ки омили муҳим барои дарёфти лаёқатмандон ва тарбияву ба камол расондани онҳо маҳсуб меёбад.
Зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AI» ва дар шаҳри Хоруғ Маркази рушди зеҳни сунъиро мавриди истифода қарор доданд, ки қадами устувор дар роҳи татбиқи ин падидаи нави ҷаҳонӣ дар мамлакат ба ҳисоб меравад.
Хулоса
Технологияи навин бо суръати кайҳонӣ рушд меёбад ва дар ин миён нақши зеҳни сунъӣ дар авлавият қарор гирифтааст. Зарур аст, ки аз зинаҳои аввали таҳсил ба омӯзиши технология компютерӣ ва барномасозӣ диққати махсус дода шавад. Раванди таълими дарсҳои технологӣ бо истифода аз интернети босуръат ва технологияи навин ба роҳ монда шавад, то муҳассилин, аз як тараф, маърифати дурусти истифодаи технологияҳоро дарёбанд, аз ҷониби дигар, дар кашфу ихтирои барномаҳои компютерӣ лаёқат пайдо намоянд. Дар баробари ин, зиёд намудани марказҳои инкишофи зеҳни сунъӣ ва бештар кардани маблағгузорӣ дар ин ҷода аз афзалиятҳо бояд қарор гирад. Дар зимн, раванди таълим дар мактабҳои олӣ, ки дар онҳо ихтисосҳои вобаста ба зеҳни сунъӣ таъсис дода шудааст, бояд бо ҷиддият роҳандозӣ гардад ва дар ин ҳолат метавонем, мутахассисони сатҳи ҷаҳониро омода намоем. Бешубҳа, ояндаро бе истифодаи зеҳни сунъӣ тасаввур кардан имконнопазир аст, зеро агар хоҳем, ки ҳамқадами замон бошем ва Ватанамон бештар шукуфо гардад, бояд ба техникаву технологияи муосир, барномасозӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо ҳамвора талош намоем.
Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»