Оид ба роҳандозии муносибати босалоҳият дар дарс андеша ва фикру ақидаи олимон, мутахассисони соҳаи маориф ва омӯзгорон пайваста рӯйи чоп меоянд, ки ҳадафи ҳамаи онҳо таълиму тарбия намудани насли эҷодкор ва ояндасози ин давлату миллат мебошад.
Дар раванди гузаштан ба муносибатҳои салоҳиятнок омӯзгорро лозим аст, ки пеш аз ҳама, аз рӯйи ихтисоси худ дониши назариявии ҳаматарафаро соҳиб бошад. Ҳамчунин, ҳангоми дарс маҳорати бо хонанда муносибати фардӣ карданро бояд дошта бошад.
Ба ҳаракат даровардани ангезаи зеҳнии хонанда дар таълими салоҳиятнок аз омӯзгори дарсдиҳанда вобастагии зиёд дорад. Барои ҷалб намудани диққати шогирдон дар ҳалли ин ё он масъалаи проблемавӣ супориш бояд ба ҳамаи аҳли синф равшан ва фаҳмо бошад. Дониши қаблии шогирдон дар ҳалли проблемаи гузошташуда мусоидат карда тавонад.
Омӯзгорро лозим аст, ки ба мавзуи дарс такя намуда, ба шогирдон фаҳмонад, ки дарёфт намудани роҳи дурусти ҳалли масъалаи мазкур (навобаста аз кадом мавзуъ), дар ҳаёти минбаъдаи онҳо, дар ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ кумак расонда метавонад. Ҳамаи ин аз муаллим тайёрии қаблӣ ва ҳаматарафаро тақозо менамояд.
Дар таълими салоҳиятнок омӯзгор нақши роҳбаладро иҷро кунад ҳам, ба ҳадафи асосӣ расидан аз фаъолияти касбиву эҷодии ӯ вобастагии зиёд дорад. Пеш аз ҳама, ӯ соҳибтахассусу серталаб буда, нутқи бурро, равон, фаҳмо ва фасеҳ дошта бошад.
Яке аз лаҳзаҳои асосӣ дар ин равиш арзёбии мавзуи дарс мебошад. Мавзуи ҳар як дарс паҳлуҳои мухталиф дорад. Яке аз паҳлуҳои мавзуъ агар аз мадди назари омӯзгор дур монад, аз мадди назари шогирдон низ дур мемонад. Дар ин сурат, таълими салоҳиятнок тақозо менамояд, ки раванди арзёбӣ хеле мақсаднок ва ҳадафмандона ба роҳ монда шавад.
Дар таълими салоҳиятнок дар меҳвари асосӣ хонанда қарор дорад. Ҳанӯз аз оғози дарс омӯзгорро лозим аст, ки шогирдонро барои дарёфти ҷиҳатҳои асосии мавзуи дарс, яъне, салоҳиятҳо водор намояд. Бо усули фаъолгардонии шогирдон дар раванди дарс муайян карда тавонад, ки то кадом дараҷа онҳо барои дарёфт ва ҳалли масъалаҳо омода мебошанд. Дар ҳалли масъалаҳо онҳо бояд эҷодкор бошанд.
Аз омӯзиш, таҷриба ва мушоҳидаҳо бармеояд, ки салоҳият ва салоҳиятнокӣ роҳу усули қолабӣ набуда, на танҳо ба омӯзгори донишманду эҷодкор, балки ба шогирдони зираку босавод низ лозим аст. Яъне, аз ин бармеояд, ки танҳо омӯзгори асил дар якҷоягӣ бо шогирдони донишдӯсташ метавонад ҳар як дарсашро пурмазмун ва самаранок гузаронад.
Омӯзиши пайваста, муҳаббати беандоза доштан ба касб, доро будани маҳорати эҷодкорӣ, бохабар будан аз технологияи муосир ва ниҳоят, дӯст доштани шогирдон, ҳамаи ин сифатҳо хоси омӯзгоранд, ки фаъолияташро ба талаботи имрӯз мувофиқ намудааст.
Дар сурати ҷаҳонишавӣ ва бо суръати кайҳонӣ пеш рафтани илму техника ва технологияи нав, зиддиятҳои геополитикӣ байни абарқудратҳо ва боз чандин падидаҳое ҳастанд, ки пос доштани арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ва дӯст доштани Ватанро дар мадди аввал мегузорад. Бинобар ин, мо-омӯзгорон вазифадорем, ки ба тарбия ва таълими насли наврасу ҷавон ба таври ҷиддӣ машғул шавем.
Абдулқосим РАҲИМОВ,
номзади илмҳои филологӣ, устоди Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ