Ғизои мактабӣ, асосан, барои хурдсолон – хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз он беҳдошти саломатии хурдсолон, тақвияти зеҳну шуур, қобилияту маҳорати донишомӯзӣ, рушди ҷисмонии онҳо мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин росто, чандин барномаву лоиҳаҳоро амалӣ гардондааст. Ҳамчунин, ғизо барои таъмини иштироки муттасили хонандагон ба дарсҳо мусоидат менамояд. Дар таъмини иҷрои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 дар радифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шарикони рушд, аз ҷумла, Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони мухтори ғайритиҷоратии «Пажуҳишгоҳи соҳавии ғизо» (Федератсияи Россия) саҳмгузоранд. Ҷиҳати таъмини саривақтӣ ва пайвастаи ғизои мактабӣ соли 2016 бо қарори раиси вилоят дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ «Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» таъсис ёфт, ки ба он намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз қабили раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдои вилоят, дигар муассисаҳо, ҳамзамон, намояндагони шарикони рушд шомил карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Барномаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2001 дар ВМКБ – ноҳияҳои Шуғнон, Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб амал мекунад. Барнома аз 144 муассисаи таълимии вилоят, аз ҷумла, 10 мактаби Ҷамоати деҳоти Рованд ва 6 мактаби Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, 27 муассисаи таълимӣ аз ҷамоатҳои деҳоти Абдулвосиев, Бартанг, Басид, Савноб, 20 таълимгоҳи ҷамоатҳои деҳоти Вер ва Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, 12 мактаби ҷамоатҳои деҳоти Барвоз ва Сежди ноҳияи Роштқалъа, 43 мактаби ҷамоатҳои деҳоти Андароб, Қозидеҳ, Юсуфбеков, Шитхарв, Птуп, Вранг, Зонги ноҳияи Ишкошим, 13 муассисаи таълимии ҷамоатҳои деҳоти Аличул, Бердибаев, Қизилработ, Рангкул, Қаракули ноҳияи Мурғоб, 14 таълимгоҳи Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 6404 хонандаи хурдсол ё худ хонандаҳои синфҳои ибтидоиро фаро гирифтааст.
Аз рӯйи маълумоти раёсати маорифи вилоят, давоми солҳои 2022-2024 ба мактабҳое, ки дар рӯйхати барнома ҳастанд, зиёда аз 160 тонна орд, равған ва нахӯд ворид гардид ва ба беш аз 7000 хонандаи синфҳои ибтидоӣ дастрас шуд. Дар соли таҳсили 2023-2024 аз ҷониби барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ба 123 муассисаи таълимии вилоят 64 тонна 253 килограмм орд, 4 тоннаю 369 килограмм равғани рустанӣ, 5 тоннаю 150 килограмм лӯбиё ворид гардидааст.
Соли таҳсили 2024-2025 125 таълимгоҳи вилоят аз ҷониби Барномаи озуқаи Созмони Милали Муттаҳид 14 тоннаю 359 килограмм орд, 1 тонна равғани рустанӣ, 1 тоннаю 436 килограмм лӯбиё, моҳи октябри соли 2024 23 тонна орд, 1 тоннаю 614 килограмм равғани рустанӣ, 1 тоннаю 595 килограмм лубиё гирифтанд. Ғизои дастрасшуда хонандагони хурдсолро дар моҳҳои сентябр-декабри соли гузашта пурра таъмин намуд. Аз моҳи январ то марти соли равон 29 тоннаю 555 килограмм орд, 2 тоннаю 69 килограмм равғани рустанӣ, 2 тоннаю 956 килограмм лӯбиё, моҳи апрел 28 тоннаю 470 килограмм орд, 1 тоннаю 581 килограмм равғани рустанӣ, 2 тоннаю 290 килограмм лӯбиё ворид карда шуд, ки ин имкон дод, хурдсолон то охири соли таҳсил бо ғизо таъмин бошанд.
Ҳамзамон, Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ ҳар сол миқдори муайяни ошхонаҳои мактабиро таъмир мекунад.
Як мушкили таъмини хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизо ин аст, ки бисёре аз мактабҳо ошхона ва анбор барои нигаҳдории ғизо надоранд, ё дошта бошанд ҳам, онҳо ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд.
Таъсиси хоҷагиҳои ёрирасони наздимактабӣ, монанди мурғпарварӣ, занбӯрпарварӣ, харгӯшпарварӣ ва гармхонаҳо то ҳол ҳалли мусбати худро наёфтааст.
Иҷрои Барномаи таъмин бо ғизои мактабӣ то соли 2027 идома меёбад ва тавре дида мешавад, татбиқи пурраи он барои мактаббачагони хурдсол аз аҳаммияти зиёде бархӯрдор мебошад.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»