(Ҳамин аст ҳушдори асосии адибоне, ки дар навъи антиутопия қиссаву роман менависанд)
Ҳоло барои озмунҳои китобхонӣ ва ҳам барои қонеъ кардани эҳсоси кунҷковӣ мардум ба хондани асарҳое рӯ меоранд, ки дар онҳо воқеияти имрӯза мавриди тасвир нест. Аммо бидуни таваҷҷуҳ ба навъи адабӣ ва табиати осори ҳунарӣ, ҳар китоберо ба мутолиа гирифтан нашояд.
Агар ин принсип риоят нашавад, ҳар хонанда ҳангоми мутолиа ба душвориҳои зеҳнӣ дучор меояд, гоҳе дар ҳайрат меафтад, ки чаро адиб на замони зисти худ, балки воқеаҳо ва сарнавишти инсонҳоро, ки садсолаҳо баъд бояд амри воқеъ шаванд, пешгӯйӣ мекунад. Гоҳе хонандаҳо мепурсанд, ки магар нависанда ҳақ дорад ояндаро, ки ҳанӯз маълум нест, манзур кунад ва ё аз ҳаводиси эҳтимолӣ (шояд рух диҳанд ё надиҳанд) сухан бигӯяд, манзараҳои васеи ҳаёти иҷтимоиро бо қаҳрамонҳову садҳо ҷузъиёти номафҳум инъикос кунад?
Ин суолу пурсишҳо комилан табиӣ ва дуруст ҳам ҳастанд. Онҳо на фақат дар зеҳни наврасоне, ки барои озмунҳои китобхонӣ омодагӣ мебинанд, балки дар мағзу шуури бузургсолон низ пайдо мешаванд. Танҳо он тоифае истисно ҳастанд, ки дар донишкадаҳои адабиёт таҳсил кардаанд ва аз моҳияту рисолати адабиёти бадеӣ ва равияву равишҳои ҳунарии бозтоби бадеии воқеият огаҳӣ доранд.
Яъне, дар раванди мутолиаи осори бадеӣ ду унсур моҳияти калидӣ дорад: яке огоҳӣ аз сирри фаъолияти эҷодӣ (ки ба синну соли хонанда бастагӣ дорад) ва дигаре фаҳму дарки он ки ин ё он асари бадеӣ дар заминаи кадом методи эҷодӣ ё равияи ҳунарӣ таълиф шудааст. Аксарияти мардум осори бадеии дар равия ё методи вуқуъгароӣ ё реализм эҷодшударо дуруст мефаҳманд ва бидуни дониши хоси маърифати адабиёт, «ҳазм» мекунанд: бидуни мушкили зеҳнӣ замонаро пайхас мекунанд, тарзи зисти мардумро дуруст мешиносанд, аз заминаҳои фарҳангӣ ва ахлоқии вуқуи ҳаводис дуруст огаҳ мешаванд ва роҳу усули муборизаи неку бади ҳаётро ҳамаҷониба дарк мекунанд.
Баъди мутолиаи як силсила асарҳои бадеии дар заминаи реализм эҷодшуда ҳатто тафовути миёни баёни реалистиро (масалан, реализми сотсиалистиро аз реализми интиқодӣ, ё реализми сирфро аз реализми бо обуранги романтикӣ омехта) мефаҳманд, агарчи саводи амиқи адабӣ надоранд.
Масалан, агар касе қиссаву романҳои устод Айнӣ («Дохунда», «Ҷаллодони Бухоро», «Ғуломон»)-ро хонда бошад, ба сароҳат мебинад, ки чӣ гуна дар шароити сахти зулму истибдод ва таассубу хурофот мардум азият мекашиданд ва агар дар радифи ин осор, фаразан, қисса ва романҳои Теодор Драйзери амрикоӣ (ба фарзи мисол, «Ҳамшира Керри» ва «Ҷенни Герхардт»)-ро бихонад, ба тариқи ноаён ё табиӣ хосияти муҳимми реализми интиқодиро (биниши нависанда ба неку бади ҷомеа ва ошкор кардани сарчашмаи зулму ситам ва заминаи бадбахтии табақаи поёнии ҷомеаро) хоҳад фаҳмид. Бо мурури замон (баъди мутолиаи як силсила қиссаву романҳои ин равия) хонанда хоҳад дарёфт, ки дар равияи реализми интиқодӣ адиб на фақат зиндагии воқеиро ҳамаҷониба инъикос мекунад, балки назари танқидии хешро нисбат ба нақсу иллатҳо ва мушкилоти ҳаёти иҷтимоӣ низ баён месозад.
Чизҳои муҳим дар ин равия фақат бозтоби он чӣ ки ба мушоҳидаи нависанда мерасад, нестанд, балки дар заминаи фардикунонии нақшҳои ҳунарӣ ё умумикунонии онҳо ошкор кардани беадолатиҳои иҷтимоӣ, таъсири номатлуби шароити сахту ногувори иҷтимоӣ ба зиндагии одамон, махсусан, намояндагони табақаҳои поини ҷомеа ҳам ҳаст. Унсури дигар – моҳияти ихтилофоти ҷомеаро нишон додан, дар қаринаи неку бади ҷомеа сарнавишти инсонҳо, ташаккули хулқу характери онҳоро ташхис кардан ҳам ҳаст. Кӯшиши то ҳадди имкон бозтоб додани ҳақиқати зиндагии мардум, дар ҷомеаҳои истибдодӣ, набудани адолати иҷтимоӣ ва истисмор ва маҷмуан – инқирози руҳиву равонии мардум ҳадафи ниҳоии ин равияи адабист.
Ҳама ҷузъиёти ин равия дар осори адибони машҳури рус А. С. Грибоедов, Ф. М. Достоевский, Л. Н. Толстой ва аз минтақаҳои дигари адабиёти ҷаҳон дар осори О. Балзак, Ч. Диккенс, Стендал, Флобер, Ибсен, Э. Золя ва дигарон зоҳир мешавад.
Бояд дар назар дошт, ки вазифаи адабиёт танҳо бозтоби воқеии зиндагии ҷомеаҳо ва инсонҳои алоҳида нест. Андешаи бархе адибонро на фақат рӯйдоду ҳаводиси гузаштаву ҳозира (яъне, замони зиндагии нависанда), балки чӣ тур сурат гирифтани сарнавишти халқҳо ва ҷомеаҳо дар оянда низ ҷалб мекунад. Яъне, дар олами тасаввури адиб модел ё тарҳи нави ҷаҳони башарӣ мавқеъ пайдо мекунад, ки заминаҳо ё асосу сабабҳои ин тарҳ тағйир ёфтани пояҳои иҷтимоиву мафкуравии ҷомеаҳо ва фоҷеоти таърихист, ки маводи афзун барои мулоҳиза дастрас мекунанд.
Ҳамин тавр, дар тахайюли нависанда дунёи наве сохта мешавад, ки аз нигоҳи сохтор ва мазмуну муҳтаво аз ҷомеаи инсонии замони зиндагии адиб тафовутҳо доранд.
Чунин тарзи андешаи адибонро роҷеъ ба ояндаи ҷомеаи башарӣ антиутопияи адабӣ меноманд, ки таърихи пайдоиши он ба садаи XX рабт дорад. Аслан истилоҳи «антиутопия» шартан пазируфта шуда, маънои зидди хаёли хуб ё муқобили утопия (тасаввури хаёлии ҷомеаи ормонӣ)-ро дорад. Ба ёд биёрем, ки дар садаи XV нависандаи маъруфи англис Томас Мор бо ҳамин унвон, яъне, «Утопия» асаре таълиф карда буд, ки дар он сохту сози кишвари ормонӣ шарҳ ва меъёру милоки саодати мардум дар инкори моликияти хусусӣ фаҳмонида мешуд. Ба андешаи Мор, он чизе, ки дар сарҳалқаи бадбахтии мардум қарор дорад, моликияти хусусист, ки боиси парокандагиву ихтилофи ҷомеа мегардад ва агар башарият тавонад, ки аз баҳри ин чиз барояд, ҳама яксон ба мулки саодат ва ормонҳо хоҳанд расид.
Антиутопия ё андешаи муқобили бунёди ҷомеаи ормонӣ тасвири интиқодии ҷомеаҳои ормонӣ, инъикоси адабии вазъу ҳоли кишварҳоест, ки роҳи тӯлонии рушди техникиву технологиро пушти сар кардаанд, ба фоҷиаҳо дучор шудаанд, аммо дар ниҳоят ба чунин шакли ҷомеадорие расидаанд, ки ҳама чизҳоро доранд, аммо озодии мардум аз даст рафтааст, иродаи озоди одамон зери по шудааст.
Агар мо намунаҳои хуби ин жанри адабиро ҷӯё шавем, романи «Мо»-и Е. Замятин, «Дунёи нави ҳайратангез»-и О. Хаксли, романи «1984»-и Ҷ. Оруэлл ва романи «451 дараҷа аз рӯйи Фаренгейт»-и Рэй Брэдбери ба сархати ин осор дохил мешаванд. Нависанда Евгений Замятин ҷомеаеро тасвир кардааст, ки ҳама чиз аҳаммияти коллективӣ дорад ва фардияти инсонӣ ё омили инсонӣ унсури барзиёд шумурда мешавад. Аммо Олдос Хаксли назари дигар дорад: дар романи ӯ на одамон ба технологияҳо, балки баръакс, техникаву технологияҳо ба одамон ҳукумат мекунад ва одамон гӯё хушбахтанд, ки аз баҳри эҳсосоти хеш баромадаанд…
Дар тасвири Ҷорҷ Оруэлл ҷомеа таҳти назорати шадиди раҳбари асосӣ – Бародари бузург қарор дорад ва ҳеч касро раҳоӣ аз ин назорат нест. Дар романи «451 дараҷа аз рӯйи Фаренгейт»-и Рэй Брэдбери сарчашмаи ҳама бадбахтиҳо китоб аст, гурӯҳе аз масъулин, ки ба хомӯш кардани сӯхторҳо муваззафанд, баръакс, ба
сӯхтори китобҳо машғулият доранд. Ба шумори антиутопияҳои беҳтарини садаи ҳозир, бино ба қавли муҳаққиқони ин соҳаи фаъолияти адабӣ, «Бозиҳои гуруснагӣ»-и Сюзан Коллинз, «Дивергент»-и Вероника Рот ва «Маслуқ»-и Скотт Вестерфелд дохил мешаванд.
Дар ин асарҳо моҳият ва табиати ҳукуматдорӣ ва ҷомеаҳои худкома таҳқиқ мешаванд, сабабу авомили харобии маънавии шахсиятҳо ҷамъбасти бадеӣ меёбанд. Ҳадафи аслии ин адибон тасвири ҷомеаҳоест, ки дар асоси тарсу ҳароси мардум бунёд шудаанд, афроди ҷомеа қадр надоранд, фазо барои фаъолияти онҳо ниҳоят тангу маҳдуд аст, чун назорат ба ҳама соҳаҳои зиндагии мардум шадид аст. Чунин низоме роҳандозӣ шудааст, ки ҳар касе ҷойи хоси худро дорад, фарҳанги асил аз байн рафтааст, муҳаббати одамӣ дигар қадр надорад, чун озодии фардҳо дигар мавҷуд нест. Низоъ ё конфликти чунин асарҳо аксаран аз он шуруъ мешавад, ки қаҳрамони асосӣ мухолифи ҷараён роҳ мегирад, расму қолабҳои рафтори умумиқабулшударо барзиёд меҳисобад.
Дар ин навъи асарҳои бадеӣ ба ду унсури муҳим – яке рамзиёт ва дигаре фантастикаи илмӣ таваҷҷуҳи адибон бештар мешавад, аммо хронотоп, яъне, макону замони шуруъ ва анҷоми воқеаҳо оянда аст. Дар аксари чунин осор намоиши зӯровариҳо, гум шудани аҳаммияти арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва ҳатто вайрону валангор шудани муҳити зисти мардум асоси сужаи ин навъ асарҳоро ташкил додааст.
Аммо чунин пиндоштан хатост, ки ҳама антиутопияҳо сохту соз ва таркибу сужаҳои якранг доранд. Ин гуна романҳоро ба чанд навъ, вобаста аз ҷаҳони бадеии муаллифон ва хостаҳои мафкуравии онҳо ҷудо мекунанд. Масалан, романҳои А. Платонов «Чевенгур» ё У. Голдинг «Ҳокими магасҳо» моҳияти рӯшани иҷтимоӣ доранд, романи «Тухмҳои кушанда»-и М. Булгаков комилан илмист, романҳои К. Чапек «Набарди самандарҳо», П. Бул «Сайёраи бузинаҳо», В. Войнович «Москваи соли 2042» ҳаҷву танзи зиёд доранд. Асарҳои дар боло номбурдаи Хаксли ва Брэдбери табиист, ки фантастикианд.
Инчунин, асарҳое дар чаҳорчӯби ин жанр таълиф шудаанд, ки ҳатто ба таърих нигаронида шудаанд, мисли романи Василий Аксёнов «Ҷазираи Қрим». Дар ин асар сухан аз нимҷазираи Қрим меравад, ки аз Россия ҷудо шуда, ба як кишвари пешрафта бо сохти мардумсолорӣ ва сатҳи баланди зиндагии мардум расидааст.
Сужаи роман дар чаҳорчӯби ҳаводиси бозгардонидани Қрим ба Россияи Шуравӣ ва дар ин замина бархӯрди ду ҷаҳони аз ҳам мутафарриқ сохта шудааст. Қаҳрамони асосӣ Антон Лучников-муҳоҷири рус дар маркази воқеоти асар мечархад. ӯ фаҳмидан мехоҳад, ки чӣ гуна як ҷазираи аз қаламрави умумӣ ҷудошуда ба сатҳи баланди тараққиёт расидааст.
Ҳадафи нависанда нишон додани ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, бархӯрди мафкура ва фарҳангҳои ба ҳам мухолиф ва муҳимтар аз ҳама, духӯрагии табиати инсонист. Романи мазкур соли 1981 таълиф шуда бошад ҳам, то ҳол мубрамияти хешро гум накардааст ва сабақи хубе барои сиёсатмадорон барои масъулияташон андар таъйини сарнавишти мардум ба шумор меравад.
Дар навъи антиутопияҳои иҷтимоимазмун романи Евгений Замятин «Мо» аз он ҷиҳат аҷиб аст, ки бо унсурҳои ҳаҷву танз ё сатира ороста шудааст. Асар ояндаи хеле дур – садаи XXXII-ро фаро гирифтааст. Он қаламраве, ки нависанда дар тахайюлаш сохтааст, Давлати воҳид унвон дорад ва дар ҳақиқат, воҳиду ягона аст, аммо ба дараҷае назорат аз боло ба поинҳо сахт аст, ки ҳатто зиндагии маҳрамонаи инсонҳо берун аз ин назорат нест. Одамон ҳатто ному насаб надоранд, одамонро аз ҳамдигар бо шумораву ҳарфҳои алоҳида фарқ мекунанд. Аммо дар чунин ҷомеаи зулмбунёд одамоне ҳастанд, ки ҳанӯз одамияташон аз байн нарафтааст, онҳо одамвор меандешанд, эҳсоси муҳаббат мекунанд. Аммо вақти ба даст уфтодан зуд тавассути амалиёти вижа сарчашмаи эҳсоси онҳо нобуд карда мешавад.
Романи Ҷорҷ Оруэлл «1984» аз он қисса мекунад, ки соли 1984 дар натиҷаи ҷангу буҳронҳои шадид дар сайёра танҳо се давлати бузург ё империя – Океания, Евразия ва Остазия боқӣ мондаанд, ки миёни ҳам мудом муноқиша мекунанд. Қаҳрамони асосии асар – Смит Уинстон шаҳрванди Океания буда, дар Лондон зиндагӣ ва дар Вазорати ҳақиқат фаъолият мекунад. Вазифаи ӯ аз он иборат аст, ки тамоми асноди давлатӣ, расонаҳои пешина ва ҳуҷҷатҳои ҳукуматиро аз нав тибқи талаботи идеологияи нави империя таҳриру тасҳеҳ кунад, то ҳама дурӯғу газоф рӯйпӯш шавад. Ӯ пурра ҷонибдори давлат, ҳизби ҳукмрон ва сарвари он – Бародари бузург аст, аммо дар таги дил ба ин сиёсат бо назари шубҳа менигарад. Дар тақдири Смит вохӯриҳояш бо духтари ҷасуре бо номи Ҷулия гардиши куллӣ ворид мекунад. Барои аъзои ҳизб чунин вохӯриҳо манъ буд, аммо ин ҷавонон барои идомаи муҳаббаташон дукони куҳнафурӯшии мӯйсафеди гӯё накукор (дар асл яке аз ҷосусони ҳизб) Чаррингтонро интихоб мекунанд.
Яке аз мотивҳои асосӣ дар ин роман муҳаббат аст. Оруэлл ба ин назар аст, ки дар ҷаҳони зӯроварию террор танҳо муҳаббат метавонад муттакои инсонҳо бошад. Аммо ҳангоме ки кас муҳаббатро фурӯхт ва аз баҳри эҳсосоти гармаш гузашт, дақиқан мемирад ва ба оммаи бевиқору бесимову беҳувият яксон мегардад.
«Оҳ, дунёи нави ҳайратангез»-и адиби англис Олдос Хаксли фалсафаи масрафкуниро нақд кардааст, яъне, ҷомеаеро дар назар дорад, ки танҳо ва танҳо ҳадафи истеҳсол ва масрафро дорад. Дар чунин ҷомеа ба инсони мустақил ва одами эҷодкор ҷой нест, ҳатто кӯдакон бо роҳи маъмулии биологӣ ба дунё намеоянд, дар фабрикаҳои махсус «истеҳсол» мешаванд. Ҳанӯз дар сатҳи ҷанинӣ ҳар кӯдак вобаста аз қобилияти ҷисмиву ақлӣ ба панҷ сатҳ ё табақа – аз тоифаи ниҳоят боақлҳо (алфаҳо) то табақаи поини поин (эпсилонҳо) ҷудо карда мешаванд. Яъне, тақдири тифлон ҳанӯз замони ҷанинӣ пешакӣ муайян мешавад, ки баъдан кӣ ба чӣ корҳое машғул хоҳад шуд. Шиори ҷомеаи мавриди тасвири Хаксли «умумият, яксон будан ва субот» аст.
Муҳимтарин ҳадафи адабиёти бадеӣ ба андеша водор кардани башарият аст, яъне, инсон дар бораи сарнавишти худаш фикр кунад, ҷойгоҳашро дуруст дарёбад, рисолати одам буданашро ба таври шоиста иҷро кунад. Ҳар асаре, ки дар навъи антиутопия таълиф гардидааст ва мешавад, қабл аз ҳама, ба инсон ва шуури ӯ нигаронида шудааст ва бузургтарин ҳадафаш ҳушдор аст – инсонвор зистан.
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос