Дар аксар мамолики ҷаҳон зарурати таваҷҷуҳ ба масоили зисту фаъолияти ақаллиятҳои миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Дар кишвари мо низ вобаста ба ин масъала тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Фарогирии ақаллиятҳо ба таҳсилот ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ аз ҷумлаи масоили муҳим дар ин самт маҳсуб меёбад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра бо барномаи таълимию китобҳои дарсӣ таъмин намудани ин гурӯҳи аҳолиро нақшабандӣ ва танзим мекунад. Масъули ҳалли мушкилоти ин мавзуъ Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре аз ниҳоди мазкур ба мо иттилоъ доданд, таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ (русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ) яке аз ҳадафҳои асосии марказ ба ҳисоб рафта, бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда то имрӯз як қатор амалҳо ба анҷом расидаанд.
Аввалин коре, ки пеш гирифта шуд, ҷалби мутахассисони забондон барои таҳия, тарҷума ва чопи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ барои хонандагони таълимашон ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ мебошад. Китобҳо аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ таълиф ва бознигарӣ шуда, дар МН «Маориф» таҳриру тасҳеҳ гардида, ба Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ супорида мешаванд. Аз ҷумла, барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ китобҳои дарсии «Искусство и труд» («Санъат ва меҳнат») барои синфи 1-ум бо теъдоди 30000 нусха ва «Забони давлатӣ» барои синфи 8-ум бо теъдоди 25000 нусха нашр гардида, айни замон 6 номгӯйи дигари китобҳои дарсӣ ба теъдоди умумии 120 ҳазор нусха мавриди чоп қарор доранд.
Як роҳи хуби таъмини ақаллиятҳо бо китобҳои дарсӣ ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар мебошад. Аз ин ҷиҳат, ки дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ бо Федератсияи Россия барои хонандагоне, ки забони таҳсилашон русист, баъзе китобҳо дастрас шудаанд. Китобҳои дарсии «Забони русӣ» барои синфҳои 2-11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин номгӯй китобҳои дарсӣ барои синфҳои 1-11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардидаанд.
Бо мақсади адаптатсия (мутобиқгардонӣ) ва мукаммал шудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии номбурда тибқи расмиёт онҳо аз ҷониби муассисаҳои экспертии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мавриди экспертиза қарор гирифта, бо қарорҳои дахлдори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашр тавсия шуданд.
Ба ин тариқ, соли гузашта китобҳои «Забони русӣ» аз синфи 1 то 11-ум барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии ҷумҳурӣ ба теъдоди умумии 201 ҳазору 73 нусха аз ҷониби Федератсияи Россия нашр ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардиданд. Бояд гуфт, ки ин китобҳо дар асоси стандартҳои байналмилалии таҳсилот таҳия шуда, дар татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва ҳамзамон, рушди забономӯзии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат хоҳанд кард.
Тавре зикр шуд, ҳамкориҳо дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меоранд. Аз ҷумла, баъди маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Дӯстӣ, ки 1-уми сентябр ба таври маҷозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркманистон, муҳтарам Сердар Бердимухамедов сурат гирифт, дар доираи ҳамкорӣ бо Сафорати Туркманистон 21 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони туркманӣ таҳия ва тарҷума карда шуд. Аз ин шумора 16 номгӯй бо теъдоди 6 ҳазору 100 нусха нашр гардида, 5 номгӯйи дигар бо теъдоди 2000 нусха мавриди чоп қарор дорад.
Барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ӯзбекӣ таҳия ва тарҷумаи 6 номгӯй китоби дарсӣ (ба теъдоди 136 ҳазор нусха) ва барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони қирғизӣ бошад, 9 номгӯй (ба теъдоди 1500 нусха) анҷом ёфта, айни замон омодагӣ ба чоп идома дорад.
Нашри китобҳои дарсии компонентҳои миллӣ барои муассисаҳои таҳсилотии умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муносибати ҷиддиро металабад. Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ муаллифонро дар ин самт ба риояи меъёрҳои мутобиқгардонӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ даъват менамояд.
Соли 2018 барои хонандагони ақаллиятҳои миллии русзабон китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» аз синфи 2 то 11-ум таҳия ва ба миқдори умумии 246 450 нусха чоп карда шуд. Айни ҳол нашри такрории китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» аз синфи 2 то 7-ум барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ бо теъдоди умумии 9500 нусха идома дорад. Соли 2021 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат ба Вазорати маориф ва илм таъкид карда буданд: «Ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас намоянд».
Таъкиди Сарвари давлат чопи чунин китобҳои дарсиро барои ақаллиятҳои миллӣ вусъати тоза бахшид. Соли ҷорӣ китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 10-ум аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ тарҷума шуда, тарҷумаи чунин китоб барои синфи 11-ум идома дорад. Дар назар аст, то оғози соли таҳсили 2025-2026 ин китобҳо нашр карда шаванд.
Ба назар гирифтани талаботи рӯз дар мавриди чопи китобҳои дарсӣ ва дастрасии онҳо ба ақаллиятҳои миллӣ аз муаллифон масъулияти баландро тақозо мекунад. Айни замон дар анбори китобҳои дарсии вазорат китобҳои дарсии «География Таджикистана» барои синфи 8-ум, «История таджикского народа» барои синфи 5-ум, «История таджикского народа» барои синфи 6-ум, «Забони давлатӣ» барои синфи 8-ум, «Забони давлатӣ» барои синфи 9-ум, «Забони давлатӣ» барои синфи 10-ум ва «Забони давлатӣ» барои синфи 11-ум мавҷуданд.
Муқоиса ва таҳлилҳо далели онанд, ки таъминоти ақаллиятҳои миллӣ бо китобҳои дарсӣ дар ҷумҳурӣ раванди хуб дошта, сол то сол норасоиҳо бартараф мешаванд.
Таҳияи
Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»