Нашрияи Омӯзгор

Ташаккули шуури табиатдӯстӣ ва риояи қонунҳои ҳифзи табиат

Сана: 2020-12-18        Дида шуд: 27        Шарҳ: 0

Тарбияи экологӣ иҷрои якчанд вазифаро талаб менамояд: пеш аз ҳама, шахсиятеро тарбия бояд кард, ки вобастагии инсон ва ҷамъиятро аз табиат, инчунин, беҳдошти доимии табиатро комилан дарк намояд, тавассути тарбияи экологӣ зебоии муҳитро эҳсос карда ба ҳолату вазъи табиати атрофаш масъулият ҳис кунад. Тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки бефосила бошад, яъне аз синни кӯдакӣ шурӯъ шуда, минбаъд идома ёбад. 
Тарбияи экологӣ дар мактаб як меъёри муҳимми тарбияи ватандустӣ низ ба шумор меравад, зеро хонандагон табиати кишвари азизи худро дӯст дошта ифтихори ватандорӣ дар онҳо бедор мегардад. 
Ба ҳифзи табиат бештар хонандагони синфҳои поёниро ҷалб карлан зарур аст. Хонандагон бояд дар бораи табиат дониши амиқ дошта бошанд ва он донишҳоро дар мавриди ҳифзи табиат истифода баранд. Дар ташкили корҳо оид ба муҳофизати табиат дар мактаби мо ташкилотҳои гуногуни хонандагон ахтарони ҳифзи рустаниҳо, клубҳои дӯстдорони табиат, ташкили экскурсияҳо истифода мекунем. Мундариҷа, шакл, методи корҳо ба синну соли гурӯҳи хонандагон вобаста аст. Хар як хонанда бояд мувофиқи қудрати худ ҳамроҳи хонандагони синфҳои болоӣ дар ҳифзи табиат иштирок намояд. Мо бештар ба кори дастҷамъии хонандагон диққат медиҳем, чунки самаранокии он бештар буда, аҳамияти тарбиявӣ дорад.
Шакли асосии кори тарбиявӣ оид ба ҳифзи табиат - гузаронидани мушоҳидаҳо мебошанд. Ба ин корҳо хонандагони синфҳои болоӣ ва муаллимони синфҳои ибтидоӣ ҷалб мегарданд. 
Корҳои муҳофизати табиат аз соли 2010 инҷониб гузаронида мешавад. Ин корҳо дар фасли баҳор ва ҳангоми таътили тобистон оғоз меёбанд. Иштирокдорон вазифадоранд, ки  рустаниҳои гирду атрофи мактаб ва биноҳоро муҳофизат намоянд. Тарбияи экологӣ, ба ақидаи мо, аз шиносоӣ ба муҳити зист оғоз меёбад, аз ин рӯ, ба ин масъала бештар диққат дода, ҳашарҳои мактаббачагонро мегузаронем, ки барои тоза кардани муҳити зист мусоидат мекунанд. 
Ҳамчунин,  ба хонандагон тавсия медиҳем, ки ба мутолиаи асарҳои илмӣ-оммавӣ оид ба табиатшиносӣ ва мақолаҳи матбуоти даврӣ машғул шаванд. Тамошои кинофилмҳо, диафилмҳо, наворҳо оид ба табиатро низ нишон медиҳем. Баъди анҷоми ин чорабиниҳо газетаи девории мактаб бароварда мешавад. Хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби №60 барои муҳофизати дарахтон ва гулгаштҳои гирду атрофи мактаб ва синфхонаҳо кори зиёдеро анҷом медиҳанд. Масалан, оид ба истифодаи оби нӯшокӣ рейди махсус зери шиори «Як қатра об набояд бемақсад резад» «Об рушнои ва сарчашмаи ҳаёт аст) гузаронида мешаванд.
Дар ҳифзи табиат яке аз шаклҳои муҳимми кор, ташкили экскурсия ба Боғи Ирам, гулгашту хиёбонҳо мебошад, ба ин мақсад хонандагон осорхонаи таърихи кишваршиносии шаҳрро тамошо карда, таассуроти хуб мебардоранд. 

Ш. Ваҳобова,
омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш