Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба тафаккури техникӣ

Сана: 2020-12-11        Дида шуд: 31        Шарҳ: 0

Дар замони соҳибистиқлоли соҳаи маорифи кишвар батадриҷ рушду инкишоф ёфта, барои фаро гирифтани донишҳои муосир имконоти хуб фароҳам оварда шудааст. Соли равон бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» эълон гардид, ки татбиқи он дар муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад. Воқеан, ба омӯзиши илмҳои дақиқ бояд аз давраи таҳсил дар муассисаҳои  томактабӣ ба кӯдакони хурдсол эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Аз тарафи дигар, омӯзгоронро низ аз воситаиҳои техникӣ, ки маҳсули рушди тафаккури инсоният аст, ба хубӣ  истифода карда тавонанд. Мо, хуб медонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги маъданӣ мебошад, ки истихроҷу коркарди онҳо мутахассисони ҳирфаиро тақозо мекунад.

Аз ин рӯ, мо – омӯзгоронро мебояд ба ҷиҳати амалии дарсҳо эътибори ҷиддӣ диҳем, зеро омӯзиши фанҳои дақиқ ҳамон вақт манфиатбор мегарданд, ки дар амал татбиқ гардад. Ҳамчун омӯзгори физика кӯшиш мекунам, ки дар дарсҳоям аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода намуда, дар раванди дарсҳо методҳои гуногунро ба роҳ монам, ки дар шавқманд намудани хонадагон ба омӯзиши физика мусоидат мекунад.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш