Нашрияи Омӯзгор

Таҳқиқот дар пажӯҳишгоҳ вусъат меёбад

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 37        Шарҳ: 0

 Мусоҳиба бо муовини директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Султонмурод Туронов

Муаллими муҳтарам, мехостем нахуст дар хусуси татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 дар пажӯҳишгоҳ маълумот медодед. Манзури мо ин аст, ки дар ин самт аз ҷониби кормандони ПРМ АТТ чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?

-Дар Стратегияи миллии рушди маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон банди зерин мавҷуд аст: «таҳсилоти томактабӣ бояд ба инкишофи барвақтии кӯдакон мусоидат карда, барои қишри васеи аҳолӣ дастрас бошад». Кормандони илмии пажӯҳишгоҳ дар ин масъала мавзӯъҳои «Асосҳои илмию методии фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои томактабӣ», «Нақши технологияи навин дар ташаккули шахсияти кӯдакони синни томактабӣ» ва «Ташаккули фаъолият ва салоҳиятҳои маърифатӣ эҷодии кӯдакон»-ро мавриди пажӯҳиш қарор дода, аз натиҷаи тадқиқоташон мақолаю матолиби зиёди судмандеро ба нашр расонданд. Ҳамчунин, соли равон дар толори ПРМ таҳти унвони «Истифодаи воситаҳои техникӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва дар кӯдакистони №3-и ноҳияи Данғара дар мавзӯи «Роҳҳои муосир ва самарабахши назорати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ» семинарҳои илмию амалӣ баргузор намуданд. Дар Шӯрои олимон бошад, масъалаи «Махсусиятҳои таълим дар кӯдакистон, мактаби ибтидоӣ, марказҳои инкишофи нутқи кӯдакон, кӯдакистонҳои хусусӣ ва оилавӣ дар замони муосир» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба  банди дигари стратегия – «Таҳсилоти мактабӣ, ки сармояи инсонӣ ва заминаи инсонӣ мебошад, бояд на танҳо дониш диҳад, балки салоҳият, малакаҳоро ташаккул диҳад ва ташаккулёбии шакли тафаккури инноватсионӣ ва тарбияи ватандӯстиро таъмин намояд», ходимони илмии муассиса моҳи октябри соли ҷорӣ таҳти унвони «Роҳҳои беҳтар гардонидани сифати таълим ва рушди фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» семинари илмӣ-методӣ баргузор карда, аз натиҷаи пажӯҳишашон дастури «Тарбияи ватандӯстии хонандагон дар партави таъкидҳои Президенти мамлакат», мақолаҳои «Асосҳои илмию методии фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», «Ташаккули фаъолият ва салоҳиятҳои маърифатӣ  эҷодии хонандагони синфҳои ибтидоӣ» ва ғайраро нашр карданд.

-Иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф дар пажӯҳишгоҳ чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

Ходимони илмии пажӯҳишгоҳ дар самти иҷрои бандҳои 5, 13-и «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20112020» як қатор тадқиқоти илмӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, як нафар унвонҷӯи пажӯҳишгоҳ (Фарангис Тайғуншоева) дар мавзӯи «Технологияи педагогии рушди фаъолиятҳои эҷодии талабагон зимни таълими забони англисӣ» (роҳбари илмӣ, академик М.Лутфуллозода) рисолаи илмияшро ҳимоя карда, ҳамчунин, ду нафар дар масъалаи истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим ва муносибати инноватсионӣ дар тарбияи хонандагони синфҳои болоӣ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд. Ҷиҳати тарғибу тавсияи  усулҳои фаъоли таълим ва роҳандозии фаъолиятҳои инноватсионӣ дар самти таълим ва тарбия дастуру мақолаҳои зиёде аз ҷониби кормандони илмии пажӯҳишгоҳ ба анҷом расонида шудаанд. Дар робита ба иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20152020» мутахассисони ПРМ ба 6 рисолаи илмӣ ва 2 дастур тақриз навишта, дастурҳои «Нақлҳо бо забони англисӣ», «Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ ба 101 саволу ҷавоб», «Мавзӯъчаҳо (топикҳо) барои хониш ва нақл, инчунин, мақолаҳои илмӣ-тадқиқотии бешуморе ба нашр расонданд. Моҳи апрели соли ҷорӣ бошад, дар муассисаи таълимӣ-омӯзиши №49-и  ноҳияи Варзоб дар мавзӯи «Ташаккули равандҳои фаннӣ ва калидии омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ» семинари илмӣ-методӣ аз тарафи раҳбарияти пажӯҳишгоҳ баргузор гардид.

-Чунонки маълум аст, бо дастуру пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Дар ин масъала дар пажӯҳишгоҳ чӣ корҳои мушаххаси илмӣ анҷом дода мешаванд?

-Воқеан, омӯзиш ва таҳқиқи муҳимтарин масъалаҳои рушди мактаб, мутобиқгардонии мазмуни таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ зимни дастовардҳои навини илмҳои педагогӣ ва психологӣ, ҷорӣ намудани назария ва амалияи  равандҳои инноватсионӣ ба мазмуни таҳсилот, асосҳои назариявии стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва технологияи муосири таълими фанҳои табиию риёзӣ, заминаҳои психологию педагогии ташаккули шахсият дар шароити ислоҳоти маориф ва татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти ходимони илмии муассиса маҳсуб меёбад. Соли ҷорӣ масъалаҳои «Асосҳои илмӣ-методии ташкили корҳои амалӣ аз фанни география дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим», «Роҳҳои беҳ гардонидани сифати таълим ва рушди фанҳои риёзӣ (математика)», «Роҳҳои беҳ гардонидани сифати таълим ва рушди фанҳои табиӣ (биология)» ва «Роҳҳои беҳ гардонидани сифати таълим ва рушди фанҳои табиӣ (физика)» мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Доир ба татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ходимони илмии пажӯҳишгоҳ соли равон дар мавзӯи «Ҳамкории педагогӣ ва рушди омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ дар муассисаҳои таълимӣ» семинари илмӣ-методӣ баргузор намуданд. Ҳамчунин, аз натиҷаи таҳқиқоташон таҳти унвони «Роҳу усулҳои иҷрои корҳои амалӣ аз география», «Роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон ва ташаккули салоҳияти онҳо», «Муколамаи устод ва шогирд аз фанни физика» ва амсоли инҳо мақолаву дастурҳо ба табъ расонда шуд. Тибқи нақша дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи №55-и шаҳри Душанбе ва №5-и шаҳри Ваҳдат кормандони пажӯҳишгоҳ дар мавзӯи «Рушди фанҳои табиӣ-риёзӣ талаби замони муосир аст» семинар-машварат доир карданд. Дар иртибот ба иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистион барои солҳои 20202025» муҳаққиқони пажӯҳишгоҳ масъалаҳои «Асосҳои илмию методии фаъолияти инноватсионӣ дар муассисаҳои томактабӣ», «Нақши технологияи навин дар ташаккули шахсияти кӯдакони синни томактабӣ» ва «Ташаккули фаъолият ва салоҳиятҳои маърифатӣ –эҷодии кӯдакон»ро дар Маркази инкишофи кӯдаки назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Ҳисор, ширхоргоҳкӯдакистони №1-и шаҳри Душанбе ва мактаб – кӯдакистони хусусии «Шукрона»-и шаҳри Ваҳдат, ки ҳамчун муассисаҳои озмоиши пажӯҳишгоҳ ба шумор мераванд, мавриди таҳқиқ қарор дода, дастовардҳои илмӣ ва дархосту тавсияҳояшонро тавассути дастури «Технологияи муосири педагогӣ дар кӯдакистон» ва мақолаҳои «Мавқеи бозӣ дар таълиму тарбияи кӯдакони синни тоамктабӣ» ва «Аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кӯдакистон» дастраси муассисаҳои томактабӣ гардониданд. Ҳадафи «Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20122020» бошад, муҳайё кардани шароит ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон, ҷомеа ба таҳсилоти босифат тавассути таъсиси механизмҳои танзим дар бахши таҳсилоти касбӣ, тайёр намудани кадрҳои коргарии соҳибкасб ва бозомӯзии калонсолон тибқи талаботи бозори меҳнат мебошад. Вобаста ба ин масоил, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 14.02.2020, №740 коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи литсейи «Роҳнамо»-и шаҳри Душанбе, литсейи физикӣ – математикии №1 ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд ва литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтар муассисаҳои таълимӣозмоишии пажӯҳишгоҳ муайян шуда, дар асоси нақшаи корӣ таҳқиқоти илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои мазкур анҷом дода мешавад. Олимони муассиса мавзӯъҳои «Роҳҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», «Муносибати босалоҳият  рушди омодагии касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва «Роҳҳои беҳтар гардонидани сифати таълим ва баланд бардоштани сатҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро дар муассисаҳои зикршуда мавриди таҳқиқ қарор дода, аз натиҷаи таҳқиқоташон дастурҳои илмию методиро ба табъ расонданд. Ҳамзамон, дар толори ПРМ дар мавзӯи «Роҳҳои рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар замони муосир» семинар баргузор карда шуд.

-Дар ҳамин замина, мехостем бифаҳмем, ки вобаста ба татбиқи Консепсияи миллии тарбия ва Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пажӯҳишгоҳ чӣ корҳо анҷом пазируфта ва тадқиқоту пажӯҳишҳои илмӣ  идома меёбанд?

-Роҷеъ ба татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ дар пажӯҳишгоҳ лоиҳаи илмӣтаҳқиқотии «Асосҳои педагогию психологии ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа дар пешгирии содир гардидани ҷиноятҳо аз тарафи наврасону ҷавонон» мавриди таҳқиқ қарор дорад. Мутахассисони пажӯҳишгоҳ масъалаҳои «Фаъолияти созмонҳои талабагӣ», «Педагогикаи хонаводагӣ»-ро дар муассисаҳои озмоишӣ (мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№28, 37-и шаҳри Душанбе, мактаби №35-и ноҳияи Файзобод, мактаби №71-и шаҳри Панҷакент) мавриди пажӯҳиш қарор дода, аз натиҷаҳои ба даст омада 10 дастуру мақола ва 1 монография нашр карданд. Инчунин, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 19.02.2020, №798 мутахассисони пажӯҳишгоҳ дар ҳайати гурӯҳи корӣ соли равон вазъи амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифати таҳсилот, азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва назорати дохилимактабиро дар мактабинтернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав санҷиданд. Кормандони пажӯҳишгоҳ тариқи шабакаи телевизионии «Сафина» (барномаи «Ҳукм») дар мавзӯи «Косташавии маънавиёти наврасон ва пешгирии педагогии он», радиои Тоҷикистон (барномаи «Маърифат»), «Ховар» андешаҳои ҷолиб ва тавсияҳои худро баён доштанд. Бояд хотиррасон кард, ки автоматикунонии ҳамкориҳои мутақобилаи байниидоравӣ дар ҷараёни қабул кардани қарорҳои идоравӣ, баланд бардоштани дараҷаи шаффофияти ошкорбаёнии иттилоот, сифати ҷараёнҳои маъмурию идоракунӣ ва бартараф намудани «нобаробарии рақамӣ» (нобаробарӣ дар истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки бар асоси тафовути иҷтимолӣ-иқтисодӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ муайян карда мешавад) аз вазифаҳои асосии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар иртибот ба иҷрои консепсияи мазкур, дар баробари кормандони илмӣ, докторантону унвонҷӯёни пажӯҳишгоҳ низ фаъолияти назаррас анҷом медиҳанд. Кормандони илмии пажӯҳишгоҳ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи «Консепсияи таҳия ва банаворгирии дарсҳои видеоӣ» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд зиёда аз 15 дарси видеоӣ омода кардаанд. Мусоҳиб

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш