Нашрияи Омӯзгор

Мактаб таъмир гардид

Сана: 2020-11-19        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

Бо  маблағгузории  Институти  «Ҷамъияти кушода»-и  Бунёди  мадад  дар Тоҷикистон  ва  дастгирии Вазорати  маориф  ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  46 адад  тиреза  ва  3  дарвозаи бинои  муассисаи  таҳсилоти миёнаи  умумии  рақами  13-и деҳаи Вешаб дар ноҳияи Айнӣ азнавсозӣ шуд. Ин иқдом дар доираи як озмуне,  ки  аз  ҷониби  Институти  «Ҷамъияти кушода»-и  Бунёди  мадад  дар  Тоҷикистон ҷиҳати  таъмиру  таҷдид  ва таҷҳизонидани  муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии минтақаҳои  кӯҳистони  кишвар бо асбобу воситаҳои зарурии  таълимӣ  пешниҳод  шуда буд, амалӣ гардид. Бинои нави  муассисаи  мазкур  соли  1986  бунёд  ёфта, дару  тирезаҳои  чӯбии  он тӯли  солҳои  зиёд  фарсудаву  офтобсӯхта шуда  буданд. Бинобар  ин,  айёми  сардиҳои фасли  зимистон  хонандагону омӯзгорон азият мекашиданд. Ивазнамоии дару  тирзаҳои чӯбӣ  бо  пластикӣ  дар синфхонаҳо  ва  утоқи  кории биноҳои таълимӣ бо он ки намои берунаи муассисаи таълимиро  куллан  тағйир  дода,  ба он  зебоӣ  зам  менамояд,  инчунин, шароити хубро барои дуруст ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим таъмин ва фазои синфхонаву  утоқҳои  кориро дар  мавсими  сармо  аз  сардӣ ва дар мавсими гармо аз чангу ғубор ҳифз мекунад. Ҳамакнун  бо  фароҳам  омадани  шароити  беҳтар  дар  муассисаи  таълимии  ин  гӯшаи кӯҳистони  дурдасти  кишвар хонандагону  омӯзгорон  метавонанд  роҳаттар  ба  таълиму тарбия машғул бошанд.

Қамариддин ОДИНАЕВ,

омӯзгори мактаби №13-и ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш