Нашрияи Омӯзгор

Ҷони мо бурдиву дар ҷонӣ ҳанӯз

Сана: 2020-11-13        Дида шуд: 42        Шарҳ: 0

Ҳофизаи таърихии шахс, ки одатан ҳамчун хотирот, ёднома ва ё саргузашт мавриди арзёбӣ қарор дода мешавад, воба- ста ба шахсияти ноқил ё ровӣ ва ҷузъиёти ҳунарии шеваи баёни ӯ муассирӣ, ҷаззобият, маҳбубият касб намуда, пеш аз ҳама, бо- иси тасхири қалби хонан- даву шунаванда мешавад. Албатта, дар ин ҷода мавзӯъ ва шеваи баёну ҳунари тасвир мақоми меҳварӣ дорад.

Ҳама гуна тасвир агар аз ҷониби соҳибқалами соҳибистеъдод сурат бигирад, муассирии он аз ҳар ҷиҳат хонандаро мутаваҷҷеҳ месозад ва қалби ӯро тасхир мекунад. Зеро асолати асари санъат неруи пурқуввати ҷаззобияту ҷолибият дорад. Чанде пеш тавассути нашриёти «Ношир»и шаҳри Хуҷанд повести ёддоштии Дорюш Раҳимзода таҳти унвони «Ишқи нотамом» чоп  гардида, ба дасти хонандагон расид, ки беҳтарин армуғон баҳри дӯстдорони каломи ҳунарӣ аст. Бо манзури сохтор ва мухтассоти шаклӣ повести «Ишқи нотамом» дорои ду қисм буда, муқаддима ва сиву нуҳ фаслро дар бар мегирад. Қисми якуми асар аз муқаддимаву 17 фасл ва қисми дуюми он аз 22 фасл фароҳам омадаанд. Басо ҷолиб аст, ки фаслҳо тӯлонӣ набуда, ихчаму муъҷаз рӯйи кор омадаанд. Муқаддимаи асар, ки «Сабои рӯзгор» ном дорад, дар оғози он ва пеш аз унвони фасл мисраи Саъдии Шерозӣ бидуни зикри исми эҷодкор оварда мешавад: «Даврони бақо чу боди саҳро бигузашт», ки ин муҳтавои муқаддимаро таҳкиму тақвияти хос эҳдо намуда, таваҷҷуҳи хонандаро комилан ҷалб намуда, онро барои мутолиа ҳидоят месозад. Хатти сужа низ аз интиҳои муқаддима бо нақли хотираҳову ёддоштҳои пирони кор маншаъ мегирад ва ба ин васила равиши минбаъдаи гиреҳбандии сужаро таъмин менамояд. Чунончи, дар ин қисмат муаллифи қисса менависад: «Суҳбатҳои ҷӯраҳои бобоямро дӯст медоштам, чунки он вақт нав завқи хондани китобҳои бадеиро пайдо карда будам. Нақлҳо оид ба саргузашти одамон, сайру сафарҳои аҷоибу ғароиби онон ба ман хеле маъқул меафтоданд. Аз ин рӯ, баъзе қиссаҳои ҷӯраҳои бобоям барои ман хеле шавқовар ба назар мерасиданд». Фасли аввали повест «Авлод» унвонгузорӣ гардида, дар ин қисм образи меҳварии асар – бобои Сорбон ва диёри аҷдодони ӯ ва амалу пешаи онҳо ба тасвир гирифта шудааст, ки корномаи онҳо дар унвони фасл – «Авлод» таҷассум ёфтааст. Дар фасли дуюми повест образи меҳварии дигари қисса, ҳамсари Сорбон, духтари Маҳваш – Хиромон ва баромади иҷтимоии ӯ мавриди тасвир қарор дода шудааст, ки хеле писандида баромадааст. Нависанда портрети Хиромонро аз қавли Сорбон чунин қаламдод мекунад: ­«Хиромон сарвқад, лоларух, симбар. Аз дур, ки бо дугонаҳояш сайру гашт мекард, мисли ҳуру парӣ менамуд. Хиромидану рафтор, шакархандаву гуфтор дошт. Чашмонаш мисли оҳуи рамида ва афсунгар, мӯрмиён, пистадаҳон, абрукамон, бо сад нозу карашма ва ифтихори бебокона ба атроф менигарист ва мухлисонашро моту маҳбут мегардонд». Аз чунин тасвиркориҳои адиб бармеояд, ки ӯ аз осори манзуму мансури гузаштаву муосир иттилооти фаровон ва муттасил дорад. Маҳз ҳамин падида ба адиб имкон додааст, ки тасвирҳояш ҷанбаи басо пурқуввати лирикӣ касб кунанд. Гузашта аз ин, аз фарҳанги шифоҳии миллӣ низ адиб баҳраи комил дорад. Фаразан, дар идомаи портретсозии фавқ мегӯяд: «Ҳарчанд каҷ нишинаму суханро рост гӯям, васфи қадду пеши чашму абрӯи ӯ натавонам гуфтан». Баъзан омӯзиши муттасил ба адиб чунин имкон ҳам додааст, ки ӯ ҳатто унвони фаслҳоро ҳам бо истифода аз ашъори бузургон унвонгузорӣ намудааст. Адиб Дорюш Раҳимзода, алалхусус, дар офаридани лаҳзаҳои лирикӣ, хосса ба ашъори бузургон рӯ меорад ва чунон устодона ва бо дарки ҷой ва мавқеи мувоҷеҳ гардида, пораи шеъриро меорад, ки на танҳо он боиси гуфтори фасеҳ мегардад, балки тавъам бо он маънавиёт ва ҷаҳони ботинии қаҳрамонро басо ҳунармандона ба намоиш мегузорад. Чунончи, адиб истодагарӣ, пуртоқатӣ, сабурӣ, талошварзӣ, пурбардорӣ ва беш аз инҳо, дилҷӯиву дидадароии Сорбонро дар муносибат бо модари Хиромон – Маҳваш басо ҷолиб ба мушоҳида гирифта, онро бо як байте аз ғазали Бадриддини Ҳилолӣ тақвияту таҳкими махсус эҳдо мекунад, ки хонандаро бетараф гузошта наметавонад. Як хусусияти басо ҷолиб ва ниҳоят беқиёси повести «Ишқи нотамом» дар он ба мушоҳида мерасад, ки образҳои меҳварии он амалиёт ва муносибати комилан фарҳангӣ менамоянд. Хосса, Сорбон одитарин суханашро бо шеър изҳор менамояд, ки дар натиҷа муассирии калом ва фасоҳати баёни ӯро басо гуворо ва дилнишину гӯшнавоз гардонидааст. «Оҳ Сорбон, шунида будам, ки 
шабу рӯз Ҳофизу Бедил мехонӣ, аммо боварам намеомад, ки ҳамаро азёд кардаӣ ва маҳорати баланди шеърхонӣ ҳам дорӣ, хулоса кард Хиромон... Аз ин суханони Хиромон ба ваҷд омада, бадеҳатан гуфтам:

Сарвро монӣ, валекин сарвро рафтор нест,

Моҳро монӣ, валекин моҳро гуфтор нест.

Қазовати фавқ далели гуфтаҳои болост, ки воқеан, Сорбон басо сермутолиа, адабиётдӯст, шеърдон аст. Сорбон аз шуарои дараҷаи аввали таърихи адабиёт, аз адибони хушқареҳа шоҳбайтҳо гулчин намуда, дар ҳофизаи хеш нигоҳ дошта, дар ҳолатҳои зарурӣ, басо мавқеъшиносонаву бамаврид қироат мекунад. Дар повест баромади иҷтимоӣ, саргузашт, амалиёту фаъолият, кирдору рафтор, муносибату гуфтор, ки шахсияти қаҳрамонҳои асарро шохис менамоянд, басо нуктасанҷона, мӯшикофона ва муҷаррабона қаламдод шудаанд, ки аз ҳар ҷиҳат ҷолибу ҷаззоб ва хотирмону дилнишинанд. Як хусусияти ниҳоят ҷолиби образофарии адиб дар он зоҳир мегардад, ки дар асар хоҳ образҳои мусбату манфӣ, хоҳ иштирокчиёни лаҳзавию доимӣ дар муносибот мушаххас карда мешаванд. Хонанда аз истеъдоду дониш, маҳорату ҷаҳонбинӣ, завқу салиқа, қареҳаву ҳунари эҷодӣ, муоинаву мушоҳидаҳо, ҳиссу дарк ва заковати адиб мавриди мутолиаи повест ба хубӣ огоҳӣ пайдо мекунад, зеро асолати ҳунари эҷод ва санъати нигорандагии адиб хонандаро ҳамаҷониба қаноатманд месозад. Мавзӯи меҳварии асар, чуноне ки аз унвони повести мазкур бармеояд, ишқ ва исёнҳои қалбии инсон аст. Ин мавзӯъ аз силки мавзӯъҳои ҷовидонаи таърихи адабиёти тоҷик аст ва дар ин мавзӯъ падидаи тоза, назари хос, нигоҳи наверо пайдо кардан кори саҳл нест. Вақте ки хонанда ба интиҳои муқаддимаи повест наздик мешавад, барояш ошкор мешавад, ки ҳатто ҷузъиёти тасвиркориҳои адиб басо ҷолиб ва нигоҳи тоза дар ин мавзӯи куҳантаъриху густардатарини адабиёти тоҷик аст.  «Ишқи нотамом» аз ҳар ҷиҳат асари барҷастаи олиҷанобу камназир аст, ки ба хонанда ҷаҳонҷаҳон таассуроти нек, ҳиссиёти баланди ҳаётдӯстиву таҷрибаҳои ибратомӯзи зиндагӣ, инсоншиносиву муҳаббати поку самимӣ, хислату сифатҳои писандидаву ҳамидаи инсонӣ ва вафодориву дӯстдориро пешкаш месозад. Дареғо, ки ин ишқи поку беолоиш маҳз бо дахолати душманону хоинони Ҳокимияти Шӯравӣ, гумоштагон канда шуда, дар роҳ мавриди убури дарё бо фоҷеа анҷом меёбад. Зеро Сорбону Хиромон бо мушкилот мувоҷеҳ мешаванд ва дар натиҷа Хиромон – он олиҳаи ҳусн ва идеали ҳаётии Сорбон дар дарё ғарқ мешавад. Ин лаҳзаи мудҳиштарини рӯзгори Сорбон сабаби он мешавад, ки қиссаи мазкур «Ишқи нотамом» номгузорӣ шавад. Дар маҷмӯъ, повести «Ишқи нотамом» ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати ҳунари нигорандагӣ падидаи тозаи адабию фарҳангӣ буда, он дар тарбияи ватандӯстию халқпарварӣ ва ахлоқию маънавии хонандагон, алалхусус ҷавонон нақши бағоят муҳим мебозад.  

 

Абдулҳай МАҲМАДАМИНОВ,

Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,

Мирзо СОЛЕҲОВ,

устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш