Нашрияи Омӯзгор

Пайомади хиради воло

Сана: 2020-11-09        Дида шуд: 39        Шарҳ: 0

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи халқи тоҷик давраи навро боз намуд ва ҷумҳурии озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон батадриҷ дар қатори давлатҳои мустақили олам ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Давраи навини рушди Тоҷикистон аз заминагузорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат шурӯъ ёфт. Нахустомил он буд, ки ин заминагузорӣ дурусту дурандешона сурат бигирад, дилпурона бошад. Маълум, ки дар шумори омилҳои дигар дар рушду такомули ҷумҳурӣ иқтисодиёт нақши умда дорад. Иқтисодиётро барҳақ сутунмуҳраи ҳаёти мардум тавсиф бахшиданд. Дар ҳақиқат, тавоноӣ, иқтидор ва неруи давлат аз сатҳи иқтисоди он вобастагии комил дорад ва маҳз ҳамин соҳа дараҷаи некуаҳволии мардум ва вазъи мамлакатро муайян мекунад. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар низоми нави иқтисодӣ ва дар арсаи демократия навқадаму камтаҷриба буд. Аз рӯи воқеият ва таҷрибаи таърих бигӯем, 15­20 сол (давраи ихтилофоти дохилиро қатъи назар бикунем) барои бунёди давлати демократие, ки ба манбаи тафаккури иҷтимоӣ ва малакаи рафтори ҷамъиятӣ табдил ёфта бошад, вақти чандон кофӣ нест. Ин муҳлат барои пешрафту ташаккули иқтисодиёте, ки комилан бар пояи низоми навин қарор дошта бошад, муҳлати кӯтоҳест, хоса барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маҳрумиятҳои зиёде дучор омада буд. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар аҳди Шӯравӣ яке аз ҷумҳуриҳои камрушдёфта маҳсуб меёфт ва ғолибан манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт. Харҷу марҷ ва номуназзамиҳои солҳои бозсозӣ ва ҷанги дохилии солҳои 90уми охири асри бист, тороҷу валангор шудани корхонаҳои саноатӣ ва коргоҳҳои хурду калони истеҳсолӣ иқтисоди бе ин ҳам камнерую вобастаи ҷумҳуриро ба бурҳони шадид гирифтор намуданд. Вақте ки иқтисод чунин вазъро пайдо мекунад, табиист, ки масъалаи вобаста шудан ё фурӯпошии мамлакат ба миён меояд. Дар нахустсолҳои истиқлол Тоҷикистон, воқеан ҳам, ба мушкилоти зиёде печида, вазъи бағоят ташвишовар ва гузашта аз ин, пурхатар дошт. Ба бахти кишвари маҳбубамон, Ҳукумати нави Тоҷикистон бо сарварии ҷавонмарди ҷасуру бохираду ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан дар шароити хеле гарони сиёсиву иҷтимоӣ, дар баробари иҷрои вазифаҳои таъхирнопазири созмондиҳӣ ва нерубахшии сохторҳои низомию идории давлату миллат, барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани сохтори иқтисодии мамлакат чораҳои таъҷиливу корагар андешид ва хушбахтона, муваффақ ҳам шуд. Шоистаи таҳсин ва амали хеле ҷасуронаву бунёдӣ буд, ки ҳанӯз то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ оғоз намояд. Бо ибтикори Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат бо вуҷуди маҳдудиятҳои молиявӣ ба сохтмони як қатор иншооти бузургу зарурӣ шурӯъ карда шуд (роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди байналмилалии Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қароқурум, Неругоҳи барқи обии Сангтӯда, нақби Анзоб…). Пас аз соли 2000­ум бо устувор гардидани суботи сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ Тоҷикистон дар паҳнои созандагӣ қотеъона ва бо қадамҳои устувор пеш рафт ва комёбӣ аз паси комёбӣ ба даст овард. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо корхонаи саноатию истеҳсолӣ (ҳам бо маблағҳои худӣ ва ҳам бо ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ) бунёд ёфтанд ва ҷойҳои зиёди корӣ ба вуҷуд омаданд. Минбаъд бунёдкорӣ дар мамлакат давра ба давра авҷ гирифт ва вусъат ёфту теъдоди зиёди иншооти иқтисодӣ арзи ҳастӣ карданд. Бунёди сохтмонҳои азим, аз ҷумла, нақбу роҳҳо, неругоҳҳо, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, ривоҷи соҳибкорӣ, хусусигардонии амвол, инкишофи ҳамкориҳои истеҳсолӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоядорон ба ободонии ҷумҳурӣ… ба як ҷаҳиши чашмгири иқтисодӣ дар Ватани маҳбубамон мусоидат карданд. Боиси ифтихори мост, ки имрӯз дар арафаи 30­юмин солгарди истиқлолаш Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари пешрафтаву осоишта ва дорои ояндаи дурахшон шинохта мешавад.

Зайнура ЮСУФОВА,

устоди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш