Нашрияи Омӯзгор

Қутбномаи соҳаи илму маориф

Сана: 2020-11-02        Дида шуд: 6        Шарҳ: 0

Маълум, ки Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса ва ҳамешагӣ доранд. Дар ин замина дар қатори тадбирҳои муҳими дигар Сарвари кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (26-уми декабри соли 2019) «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиноӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»-ро эълон доштанд. Ин тадбир бисёр муҳим аст ба хотири тақвият бахшидан ба рушди илмҳои табиатшиносию дақиқ. Ба андешаи ин ҷониб, муҳити илмомӯзӣ ва таълиму тадрис бар мабнои «Бистсола…» бояд тағйир ёбад ва дигаргуна шавад. 
Возеҳ аст, ки муҳити илмҳои табиатшииносӣ, риёзию дақиқро муассисаҳою роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ва кормандони илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат дар ҳамоҳангӣ метавонанд бунёд намоянд. 
Барои амалӣ сохтани ҳадафҳои тадбири мазкур, пеш аз ҳама, омода кардани муҳити илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шарт аст, зеро муҳит ҳам дар беҳтар гаштани омӯзиш ва рушди ҳамин фанҳо, ба хусус, илмҳои зикршуда нақши босазо дорад.
Яке аз ҳадафҳои калидии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» муҳитро техникӣ гардонидан аст. Ҳамин муҳити техникӣ хоҳу нахоҳ ба хонандагон ва омӯзгорон таъсири мусбат мерасонад. 
Дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ дар ҳикояе омадааст, ки муддатҳо миёни Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва Ҳасани Маймандӣ мунозира ва муҷодила буда, ки Султон Маҳмуд мегуфт: «Қобилияту истеъдод дар одам зотӣ ва фитрист, ба саъю кӯшиши мураббӣ ҳосил намешавад». Ва Ҳасани Маймандӣ мегуфт: «Ҳарчанд одам ноқобилу бесалоҳият бошад, ба тарбияти мураббӣ ва эҳтимомаи адамулмислу маъдумунназир мегардад». 
Рӯзе гузорашон ба домони кӯҳе афтод. Султон Маҳмуд дид, ки шахсе бар шохи дарахте нишаста ва поёни шохро мебурад ва ба Ҳасани Маймандӣ мегуфт, ки тарбия дар ин шахс асар надорад. Ҳасан собит карданӣ мешуд, ки тарбият ёбад, машҳур мегардад. Хулоса, ҳамаи хизматгоронашро фармуд, ки ӯро ба хона баранд. Ҳасан ба гурӯҳи шоиру донишмандон, ки дар хизмати ӯ буданд, супориш дод, ки бо ин мард танҳо бо сухани мавзун муроҷиат кунед. Муддате гузашт, баъд ба сайри саҳро рафтанд. Абулвосеъ байте гуфт. Ҳасан супориш дод, ки ин байтро бо хатти ҷалӣ бар девори гармхонаи ҳаммом нависанд, ки султон рӯ ба он ҷониб мешинад. Сартарош хост, ки сари султонро бибурад. Шоҳ чун ин байтро хонд, аз тарс устура аз дасти сартарош афтод, яъне ин байт шоҳро аз марг наҷот дод. Ҳасан дар назди шоҳ ба зону нишасту гуфт: - Шоҳо, ин байти ҳамон касест, ки бар шох нишаста поёни шохро мебурид…» Ана ин аст, таъсири муҳит «Бадоеъ-ул-вақоеъ».
Дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» чанд андешаи хешро баён медорем.
Ба назари мо, ба Амрикою Япония нарафта, аввалан таҷрибаи гимназияи «Ҳотам ПВ» ва «Суғдиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро омӯхтан лозим аст. Таҷрибаи муаллими физикаи гимназияи «Суғдиён» қобили омӯзиш мебошад. ӯ аслан аз китобҳои дарсии физикаи нашри Россия истифода мекунад. Ва ё ин олимони соҳаи педагогика, ки таҷрибаи Японияро беҳтарин тамсила (модел) меҳисобанд, ба таҷрибаи гимназияи «Ҳотам ПВ» шиносанд. Агар иштибоҳ накунам, соли 2004 директори он аз мутасаддиёни Вазорати маориф ва илм хаттӣ дархост намуд, ки барои санҷиши хонандагони синф 7-уми он муассиса бо хонандагони синфи 10 дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни математика ширкат намоянд. Азбаски хонандагони гимназия дар зинаҳои қаблии озмун ширкат накарда буданд, директор маҷбур шуд, ки дар аризааш зикр намояд, ки барои соҳиб гаштани ҷой талош намеварзад. Дар охир аз натаҷаи озмун маълум гашт, ки дар он холҳои баланди доваронро хонандагони синфи 7-уми гимназияи мазкур соҳиб гаштанд.
Сониян, нақшаҳои таълим равияҳоро пешниҳод кардаанд, вале омӯзгору хонанда оид ба равияҳо ягон китоби дарсию маводи дидактикӣ дар даст надорад. Пас, дар асл равияҳо ва хонандагону омӯзгорон ба ҳоли худ гузошта шудаанд. 
Сеюм, агар равия аз синфи панҷум бар асоси натиҷаи аттестатсияи аз як синф ба синфи дигар гузаронидан ва тавсияи омӯзгорон ба роҳ монда шавад, ба андешаи мо, беҳтар аст. Дар ин ҳолат онро ба истилоҳи педагогӣ тафриқаи васеъ мегӯянд. Бо назардошти пешрафти хонанда ва бар асоси қарори шӯрои педагогӣ то синфи 9 аз як равия ба дигар равия гузаронида мешавад. Дар синфҳои 10-11 танҳо аз рӯйи равияи интихобкардааш таҳлил мекунад, яъне тафриқ маҳдуд мегардад.
Чорум, теъдоди хонандагон дар синфҳои равиявӣ аз 20 нафар зиёд набошад. Бо фарогирии 35-45 нафар хонанда дар як синф равияро амалӣ сохтан ғайриимкон аст.
Панҷум, нақшаҳои таълими амалкунанда ба таври ҷиддӣ ба таҷдиди назар ниёз доранд, то ки ба талаботи равия ҷавобгӯ гарданд. Миқдори соатҳои ба забони давлатӣ ҷудокардаи замимаи 2.1. ва забони модарии синфҳои 1-4-уми замимаҳои 2,21,2,2 таҷдиди назар шуда, аз ҳисоби онҳо таълими фанҳои табиатшиносӣ пурқувват гарданд, чунки дар ин синф асосан тоҷикзабону ӯзбекзабонанд ва ғайра. 
Шашум, вақте ки ҳадаф беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзист, чаро як қатор корҳои озмоиширо ба роҳ мондан мумкин набудааст. Масалан, ба роҳ мондани таълими физика (баъзе бобҳои содатари бо назардошти синну соли хонандагон) дар синфи шашум. Ниҳодҳои масъул ва олимони соҳаи педагогӣ интизор мешаванд, ки кай кишварҳои дигар ин корро анҷом медиҳанду сипас онҳо нухабардорӣ мекунанд. Ҳеҷ гоҳ нусхабардории ин асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳқиқотҳои педагогии кишварҳои дигар натиҷаи хуб ба бор намеорад. Замоне таҷрибаи дигаронро истифода кардан натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки он аз тарафи мутахассисон дарку ҳазм карда шуда, ба шароиту хусусиятҳои миллӣ мутобиқ гардонида шуда бошад. 
Ҳафтум, оид ба масъалаи китобҳои фанҳои табиатшиносию риёзӣ шояд тадбири дигар андешида шавад, чунки қариб аксари онҳо тарҷумаанд. Ягон олими китобнависи мо, агар иштибоҳ нашавад, дар ҳудуди ҳазор масъалаю мисол тартиб надодааст ва ба нудрат пайдо мешаванд чунин муаллифон. Аз ин хотир пешниҳод мекунем, ки беҳтарин китобҳои мактабии олимони рус дар мувофиқа бо онҳо интихоб ва тавассути олимони мо тарҷума ва мутобиқ гардонида шуда, пешкаши омӯзгорон гарданд.
Ҳаштум, барои рушди тафаккури илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ лозим меояд, ки китобҳо силсилаи маводи илмӣ – оммавӣ таҳия ва пешкаши хонандагон гардонида шаванд. Дар яке аз мактабҳои ноҳияи Файзобод аз хонандагони синфи 10 пурсидем, ки чаро шамол мевазад ва чаро дар тирамоҳ баргҳои дарахтон ҳамагӣ мерезанд, касе ҷавоб дода натавонист. То замоне ки хонандагон бо маводи гуногуни таълим ё ба ифодаи дигар маҷмӯи маводи таълимӣ – методӣ таъмин нагарданд, амалӣ гардонидани ҳадафҳои дарназардошта ғайриимкон аст.
Нуҳум, китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 11-ро ба даст бигиреду бихонед. Он китоб ҳеҷ гоҳ барои хонандаи мактаби миёна ба кор намеравад. Мавод асосан назарист. Омӯзгорон наметавонанд, ки аз рӯи он вазифаи хонагӣ супоранд. Аслан, касе ҳуқуқ надорад, ки маҷбуран ин ё он шахсеро муаллифи китоби дарсӣ таъйин намояд. Баъзеҳо аз тартиби одитарини китобнависӣ огаҳӣ надоранд, муаллифи китобҳои дарсӣ муқаррар шудаанд. Бояд озмун эълон шавад, ҳар шахс ё гурӯҳе, ки аз уҳдаи ин кор мебарояд, дар озмун ширкат варзаду китоб таълиф намояд.
Даҳум, назариётчиён, яъне забоншиносону адабиётшиносон ва мутахассисони соҳаҳои дигарро муаллиф гардонидан иштибоҳе асту бас. Аз рӯи талаботи гузошташуда ҳам дар Россияву ҳам дар Амрико назариядонон асосан ба сифати мушовири илмӣ ширкат мекунанд, то ки дар китоби дарсӣ ғалатҳои илмӣ роҳ наёбанд.
Ёздаҳум, то замоне ки ҷобаҷокунии кадрҳои муносибу доно дар соҳаи маориф ҷойгузин нашаванд, татбиқи супоришҳои додашуда номумкин аст.
Як бор муассисаҳои илмиро дақиқ ва мушаххас баррасӣ кардан лозим аст, ки дар ин муассисаҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ чӣ касон ва бо кадом маълумот фаъолият мекунанд. Оё бо чунин таҳсилоти доштааш метавонад, ки дар ин ё он вазифа кор кунад. Маоши онҳо бояд чӣ тавр пардохт гардад? Бо маълумоти бакалавр ҳуқуқи дар муассисаи илмӣ кор карданро дорад ё на?.
Дувоздаҳум, ҳангоми ба аспирантураю докторантура (пейдҷи) дохил шудан бадоҳатан баъди хатми донишгоҳ мумкин аст ё не? Дар собиқ камаш се сол бояд дар мактаб кор мекард. Дар сурате баъди хатми донишгоҳ ба аспирантура дохил шудан мумкин буд, ки агар факултет, мудири кафедра тавсиянома ва дархост пешниҳод намояд.
Масъалаи дигар зимни ба аспирантург ва унвонҷӯйи пазируфтан ҳатман таҳсилоти заминавӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Аспирант ва унвоҷӯй факултаи китобшиносии Донишкадаи ҳунарҳои зеборо хатм кардаасту аз педогогика гӯё рисолаи илмӣ навишта дифоъ мекунад, вале аз илмӣ педогогика фарсахҳо дур аст. Ба андешаи мо! Ихтисоси заминавиро бояд ба ҳисоб гирифт. 
Сенздаҳум, вақтҳои охир гап дар бораи китобҳои дарсӣ зиёд аст. Барои китобҳои хуб ҳаққи қалами хуб муқаррар кардан лозим аст. Дар кишварҳои дигар ҳаққи қалам аз ҳисоби фурӯш то 13-15 фоиз ба муаллиф пардохт карда мешавад.
Офарин ба кормандон - муҳаррирони нашрияи давлатии «Маориф», ки бо заҳмати шабонарӯзӣ тамоми имкониятҳои ақливу зеҳниро истифода бурда, китобҳои дарсии воридшударо ба низом медароранд. Як нуқтаи дигар, ки мадди назар бояд дошт, арзёбии китобҳост. Охир ба муқарризон ҳаққулзаҳма пардохт намешавад. Бинобар ин муқарриз онро сатҳӣ мехонад.
Ин корҳоро аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ не, балки аз ҳисоби даромад, яъне маблағҳои (фоидаи) аз фурӯш ба дастомадаи ҳамон китоб ба роҳ мондан мумкин аст. Агар ин корҳо анҷом нагирад, сифати китоб беҳ намегардад.
Ниҳоят, аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радио ва дигар васоити ахбори электтронӣ барномаҳои гуногуне таҳти унвони «Муъҷизаҳои илм», «Илм ва замон», «Илм ва хоҷагии қишлоқ», «Химия дар ҳаёти инсон», «Физика ва коинот» ва ғайраҳо мутадовим барои хонандагон ва умуман ҷавонон лозим меояд, то ки тафаккури илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ дар зеҳни онҳо ҷойгир карда шавад.

Саидамир АМИНОВ 
 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш