Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи шоистаи насли наврас

Сана: 2020-10-23        Дида шуд: 8        Шарҳ: 0

Мулоқоти озоду судманди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо,кормандони масъул ва сохторҳои зертобеи Раёсати маорифи вилояти Суғд дар гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҳозиринро бо мақсад ва ҳадафҳои чорабинии мазкур ошно намуд.Комилшо Исозода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни тақсимоти китобҳои иҷоравӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва сари вақт пардохт шудани маблағи иҷораи китобҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маълумот дод.

Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар баробари зикри дастовардҳо оид ба рисолат ва вазифаҳои минбаъдаи аҳли маориф дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини иҷрои
нишондодҳои барномаҳои давлатӣ, мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ба талаботи давр, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, бунёди ҳар чӣ бештари биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии кӯдакону наврасон ба онҳо, ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани толибилмон, баланд бардоштани мақом ваманзалати омӯзгор, афзун гардонидани дастовардҳо дар самти иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва худкушӣ байни ноболиғон андешаҳои ҷолиб баён дошта, барои ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои соҳа дастуру ҳидоятҳо дод.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш