Нашрияи Омӯзгор

Табрез маро ба ҷойи ҷон хоҳад буд

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 74        Шарҳ: 0

 

Омӯзишу таҳқиқи эҷодиёт ва ҳаёти пур аз шебу фарози Шайх Камоли Хуҷандӣ нахустин маротиба дар аҳди Шӯравӣ, соли 1939 аз тарафи устод Садриддин Айнӣ дар мақолаи «Камоли Хуҷандӣ» мавриди таҳлил қарор гирифта, устод дар заминаи асарҳои тазкиранигорон андешаҳояшонро дар хусуси марҳалаҳои зиндагӣ ва моҳияту ғояи ашъори шоири ширинкалому балеғгуфтори тоҷик ба таври мухтасар баён кардаанд.

Таваҷҷуҳи моро дар ин мавзӯъ мақолаи адабиётшиноси маъруф Абдулғанӣ Мирзоев бо номи «Камол ва як шарти муҳими омӯхтани ӯ» низ ҷалб намуд, ки соли 1947 нахустин маротиба дар шумораи 2-и маҷаллаи «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ») чоп гардидааст. Чунонки устод Садриддин Айнӣ ишора мекунад, Камол дар аввали асри ХIV дар Хуҷанд таваллуд ёфта, дар соли 1390 дар шаҳри Табрез вафот кардааст ва дар ҳамин шаҳр мадфун шудааст. Ба ақидаи С.Айнӣ, тазкиранависон соли вафоти ӯро 792-и ҳиҷрӣ қайд кардаанд, ки ин рақам ба ҳисоби имрӯза 1390 мебошад. Аммо адабиётшиноси маъруф Абдулғанӣ Мирзоев вафоти шоири ғазалсаро - Камоли Хуҷандиро дар соли 1392 таъйид кардааст. Дар рисолаи тозанашри донишманди эронӣ Эраҷ Гули Сурхӣ – «Шарҳи ҳоли Камоли Хуҷандӣ» дар мақолаи «Назариёти профессор Рипка, профессор Бертелс ва профессор Брагинский» дар ин масъала чунин оварда шудааст: «Профессор Рипка матлаби марбут ба Камоли Хуҷандиро зери ин навишта оғоз мекунад: «Камоли Хуҷандӣ ғазалсаро ва дӯсташ Мағрибии Ориф, ки баъдан душмани шахсии ӯ шуд, шоири валишуор (Камоли Хуҷандӣ) муҳтамалан даргузашта ба соли 803-и ҳиҷрӣ, баробари 1400 ё 1401-и мелодӣ…» (саҳ.42). Аз ин навишта маълум мегардад, ки Ян Рипка соли вафоти Камоли Хуҷандиро байни солҳои 1400-1401 медонад. Яке аз масъалаҳое, ки ҳангоми омӯзиши ҳаёти Камоли Хуҷандӣ баҳсу бигӯ-магӯ ва андешаҳои зидду нақизро ба миён овардааст, ин аз тарафи Тухтамишхони муғул забт гардидани шаҳри Табрез мебошад, ки дар радифи дигар асирон вай Камоли Хуҷандиро низ ба шаҳри Сарой меорад. Абдулғанӣ Мирзоев дар мақолаи фавқ перомуни ин давраи ҳаёти Шайх Камоли Хуҷандӣ қайд мекунад, ки «аз тарафи Тухтамишхон забт карда шудани Табрез, ки дар соли 1385 иттифоқ афтода, барои Камол низ бенатиҷа намонд. Ӯро дар қатори чанде аз аҳли фазли он ҷо ба Сарой оварданд». Аз чӣ бошад, ки санаи ба Сарой омадани Камолро устод Садриддин Айнӣ соли 1372 нишон дода, муътақид аст, ки бо далелҳои зиёде ҳамин солро тахмин кардан мумкин аст. Чунонки мушоҳида мекунем, таносуби вақти ба Сарой оварда шудани Камол аз ҷониби Тухтамишхон, байни гуфтаи А.Мирзоеву устод Садриддин Айнӣ 13 солро ташкил медиҳад, ки фосилаи бузургест. Профессор, шарқшиноси Аврупо Эдвард Браун низ бар он ақидааст, ки дар соли 787-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар ба 1385-и милодӣ Тӯқтамишхон (на Тухтамишхон) ба Табрез тохт ва ба расми кишваркушоёни он замон бисёре аз донишмандон ва уламои он шаҳрро ба тахтгоҳи худ – Сарой кӯч дод. Дар миёни он ҷамоат Шайх Камол низ буд». Ба иттифоқи бахши аъзами тазкиранигорон (муаллифи тазкираи «Оташкада», «Маҷмаъ-ул-фусаҳо», «Тазкираи Давлатшоҳ», «Қомус-ул-аълом», «Миръот-ул-хаёл» ва чанди дигар) Камоли Хуҷандӣ ба муддати тӯлонӣ дар шаҳри Сарой иқомат накарда, баъди чаҳор сол ба Табрез баргаштааст. Ҳамин фикрро устод Садриддин Айнӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев низ таъкид карда, муддати иқомати Камоли Хуҷандиро дар Сарой чаҳор сол ҳисобидаанд. Ҳамакнун дар ин баҳс ва тахмингӯйиҳо андешаи нави дигаре садо медиҳад аз ҷониби пажӯҳишгари эронӣ Эраҷ Гули Сурхӣ. Мавсуф чаҳор сол дар шаҳри Сарой мондани «булбули хушилҳони Хуҷанд»-ро тахмини бе далелу асос номида, қотеъона мегӯяд, ки «бинобар навиштаи муқаддимаи девони Камол, ки шарҳаш хоҳад омад, Шайх дар оғози ноамнии Табрез ва қабл аз ғорати он шаҳр, худ бо гурӯҳе аз пайравон ва муридон ба шаҳри Сарой рафта, пас аз иқомати 11-сола, яъне соли 798-и ҳиҷрӣ ба иродаи худ ба сӯйи Табрез бозгашта. Бинобар ин, масъалаи иқомати чаҳорсолаи Шайх дар шаҳри Сарой иштибоҳ аст ва ҳамин ҷиҳати назари Давлатшоҳ ва дигар тазкиранависон дар бораи таърихи даргузашти Камол ба соли 792-и ҳиҷрӣ иштибоҳи маҳз аст». (саҳ. 42).

Ҳамзамон, ин донишманд мегӯяд, ки масъалаи аз ҷониби Тухтамишхони муғул ба шаҳри Сарой овардани Камоли Хуҷандӣ боиси ба вуҷуд омадани баҳсу нофаҳмиҳо гардидааст. Эраҷ Гули Сурхӣ дар ҳеҷ ҷои асари худ ҳадс назадааст, ки Камол ба таври иҷборӣ ба Сарой оварда шудааст. Ин фикрро муҳаққиқи эронӣ дар фасли «Ҳаллоҷия дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он дар осори Камоли Хуҷандӣ» баён дошта, мукарраран таъкид медорад, ки дар ҳудуди солҳои 778-784-и ҳиҷрӣ Камол дар Табрез иқомат мекунад ва соли 787 равонаи Сарой мешавад. Аз ин гуфтаи Эраҷ Гули Сурхӣ чунин бармеояд, ки Шайх Камол бо иродаву ихтиёри худ озими шаҳри Сарой мегардад, на бо амру фармон ва ҳукми Тухтамишхон. Ин донишманд бар он бовар аст, ки Тухтамишхон баъд аз он ки шаҳри Саройро ғорату тороҷ кард, дубора дар соли 798-и ҳиҷрӣ ба сӯи Табрез равона гардид. Ҳамзамон, бозгашти Камолро ба Табрез ба истиноди тазкиранависон, ки соли 797 навиштаанд, рад мекунад.

Дар таҳқиқоти устод Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев ва Эраҷ Гули Сурхӣ мавзӯи таъсирбардорӣ аз ашъори ҳамдигарии Камоли Хуҷандӣ ва Хоҷа ҳофиз меҳварӣ буда, ин масъаларо бо далелу мисолҳои муътамад эшон мавриди таҳлил қарор додаанд. Ба ҷуз Ҳофизи Шерозӣ, Камол дар эҷоди ғазал ба Саъдии Шерозӣ, Салмони Соваҷӣ, Имоди Фақеҳ, Камоли Исфаҳонӣ, Исори Табрезӣ, Маъҷарии Самарқандӣ, Маъозӣ пайравӣ кардааст. Эраҷ Гули Сурхӣ ба навиштаи устод Айнӣ  «Камоли Хуҷандӣ» баҳои баланд дода, тавзеҳ медиҳад, ки «нахуст бояд таваҷҷуҳ кунем, ки ин навишта (мақолаи С.Айнӣ) чандин даҳа пеш аз ин таҳрир шуда, замоне ки бисёре аз донистаҳои имрӯзии мо барои донишмандон маҷҳул будааст. Дар натиҷа бисёре аз таърихҳо бо он чӣ маълум шуда, татбиқ (мувофиқат) намекунад…»

Хуллас, пажӯҳиши ҳаёт ва осори шоири бузурги форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ бо наҳваю шеваҳои ҷадид бояд идома ёбад ва дар ошкору бармало сохтани соярӯшанҳои марҳалаҳои зиндагӣ ва замони эҷоди ғазалҳои латифу баландмазмуни шоир мусоидат намояд.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш