Нашрияи Омӯзгор

Ҳадя ба ҷашн

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 26        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ва дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ «Девон»-и ин шоири маъруф тавассути нашриёти «Хуросон» ба нашр расид.  Девон ҳадияи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии кишвар буда, бо сарсухан ва соядасти Пешвои миллат ба зевари табъ ороста шудааст.

Таҳиягарони матни «Девон», муаллифони тавзеҳот ва охирсухан Баҳром Раҳматов ва Оқилбой Оқилов буда, он зери назари Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ба нашр омода шудааст.

Девони мазкур аз 4 қасида, 1097 ғазал, 1 маснавӣ, 3 мустазод  66 рубоӣ, 114 қитъа, 48 муаммову фард, ҷамъан 8254 байт ва бо иловаи 100 байти поварақ 8354 байтро ташкил медиҳад.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш