Нашрияи Омӯзгор

12 нафар ғолиб омаданд

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 10        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи мактаби Президентии шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат мусобиқа доир ба шоҳмот баргузор шуд. Дар он 25 нафар шоҳмотбоз аз мактабҳои вилоят ширкат намуданд.

Мудири бахши раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Азиз Айдармамадов  қайд кард, ки ба сабаби зиёд будани теъдоди шоҳмотбозон, бо пешниҳоди ҳайати доварон онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардем. Ба гурӯҳи аввал шоҳмотбозони касбӣ шомил шуданд ва ба гурӯҳи дуюм наврасоне, ки ҳамагӣ чанд моҳ инҷониб ба бозии шоҳмот машғул ҳастанд. Барои ин гурӯҳи наврасон ширкат дар чунин мусобиқаи бонуфуз мояи ифтихор аст ва умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо шоҳмотбозони муваффақ пайдо хоҳанд шуд”.

Ғолибони мусобиқаи мазкур бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Пирӯзии 12 нафар шоҳмотбоз ба поён расид. Акнун ғолибон ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар арафаи Рӯзи Президент дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш