Нашрияи Омӯзгор

Умре дар ҷустуҷӯ

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 63        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори технологияи мактаби рақами 11-и ноҳияи Варзоб Қамар Мирзоев 36 сол аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи босазо мегузорад.

Фаъолияти омӯзгории ӯ аз соли 1985 дар мактаби 8-солаи рақами 169 (ҳоло мактаби рақами 11-и ноҳияи Варзоб) ҳамчун муаллими таълими меҳнат оғоз ёфт.

Вай ба маълумоти миёна қаноат накарда, ҳуҷҷатҳояшро соли 1985 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи индустриалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ супорида, онро соли 1990 бомуваффақият хатм намуда, соҳиби ихтисоси муаллими фанни умумитехникӣ ва меҳнат шуд.

Омӯзгор Қамар Мирзоев хуб мефаҳмад, ки инсон танҳо бо меҳнат инсон мешавад ва ҷомеа бо туфайли меҳнат рушд меёбад.

Бесабаб намегӯянд, то ранҷ накашӣ, ганҷ наёбӣ. Аз ин хотир, муаллим кӯшиш мекунад, ки дар дарс шогирдон ба меҳнат одат кунанд ва ба навъҳои гуногуни кор шинос шаванд ва ба баробари ин минбаъд ба ҳунаромӯзӣ шавқу ҳавас пайдо намоянд. Барои ин муаллим тамоми шароитҳоро фароҳам намудааст. Хонандагон метавонанд дар дарс ва чӣ берун аз дарс дар кабинет ба тайёр намудани асбобҳои дилхоҳашон машғул шаванд.

Қ.Мирзоев доир ба ҳар як мавзӯи таълимӣ аёниятҳои зиёдеро тайёр намудааст, ки онҳоро дар дарсҳояш самаранок истифода мебарад.

Кабинети таълими меҳнат бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ ҷиҳозонида шудааст. Деворҳои кабинетро шиору пандҳо ва гӯшаҳои гуногун оро медиҳанд. Дар як тарафи девор гӯшаи «Дастони моҳир», ки дар он маҳсули дастони аъзои маҳфили «Дӯзандагӣ» ва «Бофандагӣ»,  аз қабили куртаи чакан, тоқӣ, камзул, сӯзанӣ, миёнбанд, дастпӯшак, болишти зардӯзӣ, болишти гулдӯзӣ, болишти попурӣ, даврӣ ва ғайраҳо гузошта шудааст, ки гӯшаро аз ҳар ҷиҳат зебу оро медиҳанд.

Дар гӯшаи «Ихтироъкорони ҷавон» маҳсули дастони аъзои ин маҳфил, аз қабили дӯғкашак, гаҳвораи дастӣ, гаҳвораи барқӣ, асбоби ғаллатозакунии барқӣ, осиёб, арраи барқӣ ва  ғайраҳо гузошта шудааст, ки аз ҳар ҷиҳат диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунад.

Аъзои маҳфили «Ихтироъкорони ҷавон» бо асбобҳои тайёркардаашон борҳо дар намоиши асбобҳои хонандагон, ки дар ноҳия ва дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе баргузор шуданд, иштирок намуда, аз тарафи ҳакамон сазовори баҳои баланд гардида, бо «Ифтихорнома»-ҳо қадрдонӣ карда шудаанд.

Қамар Мирзоев  хуб дарк мекунад, ки роҳбари синф барои ташкили кори таълиму тарбияи хонандагони синфаш масъулиятнок буда, дар ташаккули тарбиявии маънавии ахлоқии онҳо дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия ҳиссагузор аст. Аз ин рӯ, ӯ мунтазам ба дарсҳои муаллимони синфаш ворид шуда, аз тайёрии хонандагони синфаш бохабар шуда меистад. Натиҷаҳои ҳар як иштирокашро бо хонандагон, чи дар алоҳидагӣ ва чи дар маҷлисҳои синфӣ муҳокима мекунад.

Устод Қамар Мирзоевро ҳамагон ҳурмату эҳтиром мекунанд.

Муаллим Қамар Мирзоев дилбохтаи касби хеш аст. Ӯ барои такмили касби худ ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯи усулҳои нави пешқадами таълим аст. Чунин аст яке аз роҳҳои комёбии муаллим дар корҳои таълиму тарбияи хонандагон.

 

Гулмурод НЕЪМАТОВ,

омӯзгори мактаби №11, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш