Нашрияи Омӯзгор

Коллеҷи хусусӣ  дар ноҳияи Восеъ

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 45        Шарҳ: 0

 

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Восеъободи калони деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ коллеҷи хусусии тиббиро, ки бо тарҳи хеле зебо ва дар масоҳати умумии 4 га барои 800 нафар донишҷӯ дар ду баст бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои колеҷ аз 3 ошёна ва 44 синфхона иборат мебошад.

Бо ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ акнун зиёда аз 120 нафар имкон пайдо намуданд, ки бо маоши доимӣ таъмин гардида, дар шароити хубу муосир фаъолият намоянд. Бо васеъ намудани самти фаъолият то ба 400 нафар ҷойи корӣ таъмин мегардад. Дар ошёнаи якуми коллеҷи мазкур озмоишгоҳ, 2 синфи технологияи информатсионӣ бо 30 адад компютер пайваст ба шабакаи интернет, 2 синфхонаи фанни физиология, инчунин, 2 синфхонаи фанни физиологияи эътидолӣ, синфи анатомия, 10 проектор, нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона ҷойгир мебошад.

Дар ошёнаи 2-юми он 12 синфхона, китобхона, толори маҷлис барои 150 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои иловагӣ ҷойгиранд. Инчунин, дар саҳни ҳавлии коллеҷи мазкур майдончаи варзишӣ, майдони футболи хурд ва майдончаи волейболбозӣ муҳайё гардидааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону кормандони коллеҷи мазкурро барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳидоят карданд.

Пас аз ифтитоҳи бинои Коллеҷи хусусии тиббӣ Сарвари давлат дар ҳамин ҷо барои бунёди бинои хобгоҳи донишҷуён санги асос гузоштанд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш