Нашрияи Омӯзгор

Оғози фаъолияти муассисаи таълимӣ

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 72        Шарҳ: 0

 

Дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳудуди умумии муассиса бештар аз 2 гектарро ташкил дода, иморат аз ду ошёна иборат мебошад. Мактаб барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи нави таълимӣ аз 24 синфхонаи барҳавои фаннӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои химия, физика, математика, синфхонаи лингафонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон иборат мебошад.

 Инчунин, муассисаи мазкур дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 335 ҷойи нишаст, китобхонаи муосир бо фарогирии беш аз 20 ҳазор китоби дарсию бадеӣ, ошхона барои 172 нафар, истгоҳи трансформаторӣ бо 2 адад трансформатори иқтидорашон 250 Кв мебошад. Тавре аён гардид, ҳамаи синфхонаҳои муассисаи таълимӣ бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютер муҷаҳҳаз карда шудааст.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои дақиқ ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш