Нашрияи Омӯзгор

Рӯ ба равшанӣ

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 18        Шарҳ: 0

 

…Касе ба мактаб намеомад. На аз шуъбаи маориф ва на аз ҳукумати ноҳия. Он солҳо (солҳои 1993-2000-ум) дар минтақаи Ваҳдат, бахусус, Роҳатӣ вазъ бағоят мураккаб ва хатарзо буд.

Ҳама аз мавҷудияти ину он дастаи мусаллаҳ дар тарсу ҳароси ҳамешагӣ қарор доштанд. Вазъи мактабҳо табиист, ки хеле вазнин буд. Ҳаводиси фалокатбор ба раванди таълиму тарбия латма ворид мекард. Кор ба он дараҷа расид, ки андак-андак талошу шавқи фаъолият ва ранҷ бурданҳои омӯзгорон ба заъф ва таназзул мувоҷеҳ гардид. Тадриҷан дастрас нашудани моҳона омӯзгоронро ба бунбаст дучор кард. Ва он шабу рӯз аслан талошу такопӯи мардум баҳри дарёфти нон ҳамчун ғизои муҳиму аввалия равона гардида буд. Дар чунин вазъи навмедкунанда нахустин маротиба иддае аз омӯзгорони тезҳушу дурандеш даст ба тиҷорат ва савдо заданд. Эҳтиёҷу ниёзмандӣ афкореро дар мағзи эшон ба зуҳур овард, ки ҳамакнун бо ҳамин пули ночиз яку якбора харид накунанду бо роҳҳои гуногуни хариду фурӯши молу мавод онро зиёд намоянд.

Солҳои баъдӣ бархе аз муаллимон озими кишвари Россия гардиданд. Қисме ба ваҷҳи маоши кам ва онро ҳам сари вақт дастрас накардан даст аз пешаи омӯзгорӣ «шуста», дар бозорҳо ба савдо машғул шуданд. Вале гурӯҳе по аз остонаи дабистон дур намонданд. Дар хотирам мондааст, ки моҳи сентябр хонандагон ба мактаб омаданду қисме аз синфҳо бе муаллим монданд. Ба вижа, хонандагони синфҳои поёнӣ дар ҳасрати дидори муаллими худ буданд. Хонандагони синфи 4 «в» мисли бахтбаргаштагоне буданд, ки ба мактаб меомаданду аз сабаби набудани муаллимон бозпас ҷавоб дода мешуданд. Ин ҳол ду ҳафта идома ёфт. Боре хонандагони ҳамин синфро ҷавоб доданӣ шудем, ки духтару писараке бо чеҳраи ғамзада ва нигоҳҳои маъюсонаву пур аз ҳасрат, ҷузвдон дар даст бо умеду орзу ва хоҳишҳои лобаён ба мо хитоб карданд:

- Муаллим, шумо моро дарс намедиҳед? Агар ҳамаи хонандагони синфро ҳам сабақ надиҳед, ақаллан ҳар дуи моро ҳамроҳи талабагони синфатон… Дар ҳамин ҳол, онҳо шарм кардаву худро гум намуда, сархам нигоҳашонро гурезонданд. Баъди фосилаи кӯтоҳе чашмони пурашки писару духтаракро дидаму дар ҷоям такон хӯрдам. Чӣ бояд кард? Роҳи кушоиши гиреҳи сарбаста дар куҷост? Ман ба дарёи фикр ғарқ гардидам.

- Майлаш, - дилпур кардам писараку духтаракро. - Мо ба шумо муаллим меёбем. Имрӯз равед, аз пагоҳ, албатта дарс мехонед!

Ва мо баъдтар, нисфирӯзӣ дар дафтари муаллимон перомуни ин масъала фикрҳои хешро ба директору ҷонишинаш иброз доштем.

- Ман як пешниҳод дорам, - роҳи ҳалли мушкилиро дарёфтанӣ шуд ҷонишини директор Меҳриддин Назаров. Мо дигар илоҷ надорем, танҳо ҳамин ки роҳбарии ин синфи 4 «в»-ро ба дӯши худи директор ҳавола кунем. Ин ҳам то вақте ки муаллим ёбем.

Директори мактаб Маҳмуд Убайдов хеле ба андеша рафт. Пасон аз ин пешниҳод розӣ буданашро пинҳон накард.

- Бовар кунед, - афзуд директор, шуморо намедонам, аммо ҳар рӯз, вақте мебинам, ки хонандагон бо садои занг ба синфҳояшон ворид мешаванду талабагони синфи 4 «в» ҳайрону малӯл ва навмед дар берун мемонанд ва бо нигоҳи имдодҷӯёна ба ман мегиранд, дилам реш ва обу адо мешавад. Ман мефаҳмам, ки авзоъ нохуб ва нигаронкунанда аст. Вале бояд донист, ки бачаҳо дар ин ҷо гунаҳкор нестанд.

Дарвоқеъ, он рӯзҳо дили ҳамаи мо, муаллимон, ба ҳоли хонандагоне, ки дар чорсӯ қарор доштанд, месӯхт. Ва фардо хонандагони синфи 4 «в» хушу хурсанд ва бо чеҳраҳои аз шодмонӣ афрӯхта нисфирӯзӣ ба мактаб ҳозир шуданд.

Ва чун занг садо доду ҳама ба синфҳо даромаданд, хушбахтие маро фаро гирифт. Бори нахуст буд, ки хонандагони синферо дар паси дарҳо дучор намеомадам, ки дар талаби дарсу омӯзгор интизорӣ мекашиданд.

…Ҳамин тавр, рӯз шаб мешуду шаб рӯз. Вақт тирвор мегузашт. Гандуму нон камёб ва мардум ба нони зағора гузашта буданд. Вале иродаи маҳкаму устувори онон ва диле, ки як ҷаҳон орзуву таманноҳои ҳаётзоро дар худ ғунҷонда буд, аз кулли ин озмоишу имтиҳоноти тақдир сабурона ва бо гарданафрозӣ баромаданд.

Боре маъмурияти мактаб бо маслиҳату машварат ба қароре омаданд, ки замини боғи мактабро муваққатан ба омӯзгорон тақсим карда диҳанд, то дар он гандум бикоранд. Ин ягона роҳи наҷот буд. Муаллимон он заминҳоро каланд карда, дони гандум кориданд. Рӯҳи барозандаи мардум, хусусан, муаллимонро дӯғу арбадаи силоҳдорони бетараҳҳум шикаста натавонист. Мо хонанадагонро медидем, ки баҳри аз чанголи гуруснагӣ раҳо ёфтани хонадонашон аз заминҳои гандумпая хӯша ҷамъ оварда, ба хонаҳояшон меоварданд. Миёнаҳои тирамоҳ колхоз як тракторро ба мактаб фиристод, ки бордонаш пур аз гандум буд, ки ба чашм шабеҳи хомаи рег метобид. Ҳама муаллимон шодмоние доштанд тасаввурнопазир. «Акнун нон фаровон мешавад, - мегуфтанд ҳамкорон. - Нони болаззату суп-сурхи гандумӣ. Ноне, ки бе мавҷудияти он зиндагӣ тираву зулмонӣ, бе рӯҳ ва бе моҳият ба назар ҷилва мекунад.

- Бар сари фарзанди Одам ҳарчӣ ояд, бигзарад, - пандомез мегуфт муаллимаи кӯҳансоли собиқадор, бонуи обрӯманду шинохта Башорат Қурбонова (хонаи охираташ обод бод!). Ин азобҳои мову шумо ҳам дар як чашм задан, чун дар навори кино хоҳад гузашт.

Баъд… бо гузашти солҳо ва барқарориву эҳёи сулҳу оромии саросарӣ дар кишвар, вазъ андак-адак тағйир ёфт ва соли 2003 бинои наву замонавии мактаби якқабата сохта ба истифода дода шуд. Мо, омӯзгорон, ҳеҷ гоҳ ин қадар хурсанд нагардида будем, чунонки ҳангоми ифтитоҳи ботантанаи мактаби ҷадиди худ. Ман он лаҳза чеҳраҳои нурбору дурахшони ҳамкоронамро ба мушоҳида гирифта, мехостам садо баланд кунаму фарёд бикашам, ки:

- Эй мардум! Мана, бингаред, ба ононе, ки ба маънои комилу пуррааш қаҳрамонанд, ҷонфидову содиқи марзу хоки Ватананд. Эшон аз зумраи шахсоне ҳастанд, ки рӯзҳои бас пуразобро пушти сар карда, ҳамроҳи мардум як пора нони қоқро бо об тар карда хӯрданд, бо ғаму шодии онҳо шарик буданд, чӣ сангиниву мушкилотро ба дӯши хеш гирифтанд, вале…

Вале мактабро тарк накарданд, аз муқовиматҳои балохези зиндагӣ хаста нагардиданд, наҳаросиданд, дил қавӣ доштанд ва неруи фикрии худро ба суду манфиати ояндаи фарзандони сокинони деҳ истифода карданд.

... Духтарчаи зебову қашанг ва зардинарӯю зардинамӯе, ки ба синфи якум қадам мондааст, занг мезанад, занги оғози соли таҳсили навро, занги оғози заҳматҳо ва ранҷҳои муаллимону шогирдонро. Вай зангӯла дар даст занг мезанаду хаёлу хотири ман ба айёми дур, ба солҳои мураккабу печидаи ҷанги бераҳмонаи шаҳрвандӣ рафта дакка мехӯрад. Ва аз кадом як гӯшаи сарзамини хотиротам овози духтараке, ки Ҳилола ном дошта, дар синфи 4 «в» мехонд, хаёлан ба гӯшам мерасад:

- Муаллим, шумо моро дарс намедиҳед? Ҷон, муаллим…

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш