Нашрияи Омӯзгор

50 соли фаъолияти пурбаракат

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 32        Шарҳ: 0

 

Ҳалима ҳангоми дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил кардан ба фанни хеле шавқовар - математика дил баст. Сабабаш: муаллими физика-математика, номзади илмҳои математикӣ, шодравон Ҳ.Сиддиқов. Ҳар дафъа, ки дар даст аёнияти худсохту маводи таълимию таҷҳизоти техникӣ вориди синфхона мешуд, Ҳалимаи зираку доно ба гуфтори устод, лаҳни шевою буррои ӯ, ҳусни баёну забони ҷаззоби вай, дониши мукаммал ва сабку шеваи сабақомӯзонии ӯ бо диққат назар меафканду дар қалби кӯчакаш орзу мекард, ки чун устодаш омӯзгори фанни риёзӣ мешавад.

Соли 1958 мактаби миёнаро бо баҳои «аъло» хатм карду бе ҳеҷ дудилагӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ факултаи физика-математика супорид. Духтари деҳотӣ (он вақт духтарон баҳри таҳсил ба макотиби олӣ аҳён-аҳён мерафтанд) донишҷӯи ҳақиқӣ шуд. Соли 1963 донишгоҳро низ бо дипломи «аъло» хатм карду дар мактаби хатмкардааш ба кор шурӯъ кард. Инак, зиёда аз ним аср мешавад, ки ба шогирдон аз физикаю математика дарс мегӯяд.

Ҳалима Илтибоева аз рӯзи аввали фаъолияти омӯзгориаш ба сабку шеваҳои ҷадиди таълим даст зад. Вай ҳамчун муаллимаи эҷодкору навовар ҳис кард, ки бо усулҳои якрангу шахшуда ва каммаҳсул ба хонанда дониши мукаммалу амиқ дода намешавад. Бояд машғулиятҳо рангину шавқовар бошанд. Аз ин рӯ, вай бештар аз усулҳои ҳамкорӣ (интерактивӣ)-и таълим ва гурӯҳбандӣ истифода мебарад.

Усули дигаре, ки муаллима пайваста дар раванди дарси хеш истифода мебарад, «ҳуҷуми зеҳнӣ» мебошад. Ин усули таълимро вай бештар бо мақсади бахотироварӣ ва фаъолгардонии донишҳое, ки хонандагон пештар доштанд ва барои бедор намудани шавқу ҳавас оид ба қабули ахбори нав истифода мебарад.

Муаллима Илтибоева роҳу равишҳои гуногуни судмандро истифода бурда дарс мегузаронад; кори гурӯҳӣ, бозиҳои шавқовари математикӣ, саволномаҳои тестӣ, проблемагузорӣ ва худбаҳодиҳӣ барин усулҳои муосири замонавӣ дарсро боз ҳам ҷаззобтару шавқангезтар менамоянд. Ҳамин заҳмату талошҳои муаллима буд, ки феълан 21 нафар шогирдаш пешаи устоди хешро интихоб намудаанд ва бо пайроҳаи ӯ гом мебардоранд. Ба яке аз шогирдони беҳтарини муаллима Сорохон Маликова, ки солҳои тӯлонӣ сарварии муассисаи таълимии №35-ро ба уҳда дошт, ҳамсуҳбат шудем. Мавсуф, аз ҷумла, гуфт:

- Устоди меҳрубону мушфиқи мо риёзидони хубанд, дониши касбии баланд доранд. Аз усулҳои фаъоли таълим хеле моҳирона истифода бурда метавонанд. Ҳамзамон, маслиҳатчӣ, мураббӣ ва роҳбару роҳбалади мутахассиси ҷавонанд. Ба дарсҳои онҳо ворид шуда, маслиҳату тавсияҳои ҳадафманди методӣ медиҳад. Аз ин рӯ, дар мактаб ҳама бо эҳтиром ӯро “устод”,“модар”, “мураббӣ” мегӯянд, ки сазовор ба ин номи баланду унвон мебошад. Роҳнамои зиндагӣ ва мояи ифтихори мананд муаллима”.

Заҳмати нимасраи муаллима бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, инчунин, бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр гардидааст.

Б. ҲАЙДАРОВ,

корманди МҶТМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш