Нашрияи Омӯзгор

Мактаб ва варзишгоҳ дар Ҷаҳонзеб

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

 

Бинои собиқи таълимии мактаби №38 сохта ба истифода дода шуд. Лозим ба қайд аст, ки бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ, хатмкардаи муассисаи мазкур Шуҳратҷон Набиев бинои нави замонавии мактаби рақами 38-и шаҳри Конибодом, ки дорои 10 синфхона, ду кабинет ва хонаи муаллимон аст, барои 264 нафар дар як баст бунёд гардид.

Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори маҳаллӣ Шуҳратҷон Набиев зери роҳбаладии падараш – омӯзгори варзида, собиқадори соҳаи маориф Турдимат Набиев тасмим гирифтанд, ки дар деҳаи азизашон мактаби нав бунёд намоянд. Бунёди бинои замонавӣ бо шароитҳои барои хонандагон мусоид боиси шодиву хурсандии аҳли деҳаи Ҷаҳонзеб гардид. Синфхонаҳои барҳаво, долонҳои равшану зебо, системаи ягонаи гармидиҳӣ, мавҷуд будани камераҳои назоратӣ аз сифати баланди кор дарак медиҳанд.

Ҳамчунин, дар ҳамин деҳа бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мактаби №29 варзишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд. Сохтмони варзишгоҳ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷаъфар Неъматов ва дастгирии мақомоти иҷроия моҳи апрел шурӯъ гардида, дар оғози соли нави таҳсил ба анҷом расонида шуд. Ин ду иншоот, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шуд, туҳфаест ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон.

М.МИРЗОСАИДОВА,

мутахассиси пешбари раёсати

маорифи шаҳри Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш