Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи мутахассисони варзида муҳим аст

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 8        Шарҳ: 0

 

Дар ҳошияи мусоҳибаи Шодӣ Раҷабзод бо Азим Байзоев – «Аз хишти аввал то фатҳи қулла»

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯза масъалаи мувофиқати дараҷаи тахассуси хатмкунандаҳои макотиби олӣ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.

Дар ин самт муаммоҳои зиёд вуҷуд доранд. Теъдоди муассисаҳои олии касбӣ рӯз аз рӯз афзояд ҳам, сифати касбии мутахассисон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ва замони муосир ҷавобгӯ нест.

Дар робита ба ин, мо комилан ба устод А.Байзоев ҳамфикр ҳастем, ки сифатро дар омода намудани мутахассисон аз миқдор афзал мешуморад.

Ба тақвияти сухани муаллиф дар мавриди чандир (тағйирпазир) будани барномаҳои таълим қайд кардан зарур аст, ки ҳамасола дар миқёси ҷаҳонӣ зиёда аз 500 навъи касбу ихтисос аз миён рафта, ба ҷойи он касбҳои нав рӯйи кор меоянд. Ин дар баробари чандир будани барномаҳо, инчунин, ба тағйироти доимӣ омода будани мутахассисони ояндаро низ талаб мекунад.

Яке аз роҳҳои самараноки баланд бардоштани сифати касбияти мутахассисони оянда дуруст ба роҳ мондани раванди роҳнамоии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Ин раванд, дар навбати худ, бевосита ба фаъолияти хадамоти психологӣ дар мактаб вобаста аст.

Хушбахтона, имрӯзҳо сафи психологҳои мактабӣ меафзояд. Мактаби имрӯза ниёзмандиро ба психологи соҳибтаҷриба ва салоҳиятманд эҳсос мекунад. Бис-ёр душвориҳои раванди таълим, муошират ва муносибати хонандагон бо якдигар ва бо омӯзгорон, робитаи мактабу оиларо бе кумаки психологи соҳибтахассус тасаввур кардан аз имкон берун аст.

Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳангоми интихоби касби оянда хонандагон аксаран ба шавқу завқ ва майлҳои худ такя намуда, мувофиқати худро ба талаботи ин ё он соҳаи фаъолият (имкониятҳои психофизиологӣ, зарфияти зеҳнӣ, сифатҳои муҳими касбӣ ва амсоли ин) сарфи назар мекунанд. Гузашта аз ин, дар шароити Тоҷикистон интихоби касби ояндаи фарзанд бештар ба майлу хоҳиши падару модарон ва дигар пайвандони ӯ низ вобастагӣ дорад.

 Барои баъзеҳо ҳолати интихоб шиддати рӯҳиро ба бор меорад, зеро, аз як тараф, шахс аз бори масъулият меҳаросад, аз ҷониби дигар, ӯ намедонад, ки чӣ гуна касби ояндаашро дуруст ва мувофиқ ба имкониятҳо ва мақсадҳои хеш интихоб намояд.

 Кори психологи мактаб бояд ба системаи умумии чорабиниҳои роҳнамоии касбӣ, ки дар мактаб гузаронида мешаванд, шомил бошад. Айни замон ба масъалаи расонидани кумаки амалӣ ва самарабахш ба хонандагон дар интихоби касби ояндаашон диққати ҷиддӣ дода намешавад. Вобаста ба ин, пешниҳод мекунем, ки Низомномаи синфхонаи самтмуайяннамоии касбӣ таҳия шуда, худи синфхонаҳо тадриҷан ташкил карда шаванд. Дарсҳои тарбиявӣ бахшида ба интихоби касб бо иштироки психологҳои варзидаи соҳа (ё педагогҳои иҷтимоӣ) ба роҳ монда шавад. Ҳамкории роҳбарони синф, психологҳои мактабӣ ва падару модарон дар ин самт пурзӯр гарданд. Марказҳои шаҳрӣ (ноҳиявӣ)-и машваратӣ оид ба интихоби касб ташкил карда шаванд.

Андешаи устод А.Байзоев дар заминаи хоҳишу қобилиятҳо ба равияҳо ҷудо намудани хонандагон дар синфҳои болоӣ ва таъмини фаъолияти ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна (синфҳои 10-11) аз рӯйи равия низ қобили дастгирист. Дар шароити имрӯза мо наметавонем дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи фанҳои мактабӣ кабинету лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ дошта бошем ва онҳоро бо омӯзгорони соҳибтаҷриба таъмин кунем. Маҳз аз рӯйи равия ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳо кори мо ва фарзандони моро осонтар месозад.

Бо ин мақсад, аз синфҳои 6-7 оғоз намуда, психолог бояд дар самти кумаки амалию самарабахш расонидан барои худмуайяннамоии касбии хонандагон кори махсусро оғоз намояд. Ин кор ҳам бо аҳли синф, ҳам бо хонандагони алоҳида ва падару модарони онҳо гузаронида мешавад.

Ду самти асосии кори психологро дар самтнамоии касбӣ ҷудо намудан мумкин аст. Аввалан – ин гузаронидани кори иттилоотӣ-маърифатӣ, ки ба инкишофи маърифати психологии хонандагон, васеъ гардонидани донишҳои психологии онҳо равона гардидааст. Барномаи кори мазкур мебояд дар машғулиятҳои касбинтихобкунӣ, ки шиносоии хонандагонро бо истилоҳҳои асосии психологӣ пешбинӣ менамояд, ҷой дода шавад. Самти дуюми кори психолог ин гузаронидани машваратҳои инфиродӣ бо наврасону ҷавонон мебошад, ки ташхис, ислоҳнамоӣ ва машварати психологиро пешбинӣ менамояд.

Г. АБДУРАҲМОНОВ,

сармутахассиси шуъбаи

таҳсилот ва технологияи

педагогии АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш