Нашрияи Омӯзгор

Вазъи захираи ҳезуму ангишт ташвишовар аст

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 50        Шарҳ: 0

Вазъи захира намудани ҳезуму ангишт ва сӯзишвории дизелӣ, инчунин, омода будани генератору печҳои аловӣ ва буғхонаҳо дар таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ дар соли равон чӣ гуна аст? Ба ин суол мудири шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Салимов чунин посух гуфт:

- Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.2019, № 117 «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» талаботи муассисаҳои таълимии кишвар ба 46147,9 тонна ангишт, 50031,1 м3 ҳезум ва 95003 литр сӯзишвории дизелӣ баробар мебошад. Тибқи маълумот то 8 сентябри соли равон дар шаҳру навоҳии кишвар 20412,92 тонна ангишт (43,3 фоизи нақша), 24560 м3 ҳезум (49 фоиз) ва 10636 литр сӯзишвории дизелӣ (11,2 фоиз) захира карда шудааст. Ҳамчунин, аз 1153 адад буғхона 781 адад дар ҳолати корӣ қарор дошта, 1285 муассисаи таълимӣ бояд ба хатти барқи озод пайваст ва 424 таълимгоҳ бо шабакаҳои гармидиҳӣ таъмин гарданд.

Ба иттилои Ҷ.Салимов, дар шаҳру навоҳии Хатлон то ин дам аз 13828,3 тонна ангишти нақшавӣ 6262,92 тонна (баробар ба 45,3 фоиз), аз 24558,5 м3 ҳезум 13417 м3 (ё 54,6 фоиз) ва аз 51414 литр сӯзишвории дизелӣ 8370 (ё 16,3 фоиз) захира карда шудааст.

Шаҳру навоҳии Шаҳритус 407 тонна ангишт, Ёвон 1063 тонна, Кӯлоб 120 тонна ва Хуросон 380 тонна ангишт захира намуда, иҷрои нақшаро 100 фоиз таъмин кардаанд. Мутаассифона, шаҳру ноҳияҳои Вахш аз 1111 тонна ангишт 83 тонна, баробар ба 7,5 фоизи нақша, Ҷайҳун аз 360 тонна ҳамагӣ 8 тонна ангишт ё 2,2 фоизи нақша, Носири Хусрав аз 2006 тонна 160 тонна ангишт, баробар ба 8 фоиз, Ховалинг аз 135 тонна 11 тонна ангишт баробар ба 8,1 фоиз ангишт захира кардаанду халос. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ то ҳол ба интиқоли ангишт ба муассисаҳои таълимӣ шурӯъ накардаанд. Вазъ дар шаҳру навоҳии Кӯшониён, Дӯстӣ, Панҷ, Данғара, Балҷувон, Фархор ва Муъминобод низ чандон хуб набуда, ба андозаи мутаносибан аз 15 то 29 фоизи нақша ангишт захира карда шудааст. Дар масъалаи таъмини мактабҳо бо сӯзишвории дизелӣ танҳо шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён (100 литр сӯзишвории дизелӣ, ба андозаи 3,6 фоиз), Ҷайҳун (ба миқдори 180 литр, баробар ба 12 фоиз), А.Ҷомӣ (ба миқдори 2500 литр, баробар ба 45,5 фоиз), Шаҳритус (ба миқдори 339 литр, баробар ба 37 фоиз), Ховалинг (ба миқдори 355 литр, баробар ба 26,3 фоиз) ва Темурмалик (ба миқдори 536 литр, баробар ба 18 фоиз) нақшаро иҷро кардаанд. Дар шаҳру навоҳии Бохтар, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Дӯстӣ, Панҷ, Ёвон, Леваканд, Н.Хусрав, Норак, Данғара, Балҷувон, Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод ва Ш.Шоҳин таъмини муассисаҳои таълимӣ бо сӯзишвории дизелӣ ба ҳоли худ гузошта шуда, то 8 сентябр ягон литр сӯзишворӣ захира нагардидааст. Вазъ дар шаҳру навоҳии Суғд нисбат ба дигар вилоятҳо беҳтар буда, дар муассисаҳои таълимии вилоят захираи ҳезуму ангишт хуб ба роҳ монда шудааст. Дар қаламрави вилоят шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Спитамен, Шаҳристон, Панҷакент иҷрои нақшаи захираи ангиштро ба пуррагӣ таъмин намудаанд. Шаҳру навоҳии дигари вилоят низ дар садади иҷро намудани ангишт қарор доранд. Боиси хурсандист, ки шаҳру навоҳии вилоят нақшаи захира кардани ҳезумро пурра иҷро кардаанд. Аммо дар масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо сӯзишвории дизелӣ ба ҷуз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Исфара, Спитамен, Деваштич ва Шаҳристон дигар шаҳру навоҳӣ фориғболӣ нишон дода, ба захираи сӯзишворӣ оғоз накардаанд.

Хотиррасон менамоем, ки мувофиқи нақша шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имсол 15418 тонна ангишт, 7417,9 метри кубӣ ҳезум ва 6706 литр сӯзишвории дизелӣ бояд захира намоянд. Мутаассифона, вазъият дар шаҳру навоҳии ВМКБ бағоят ташвишовар буда, роҳбарияти вилоят ҳанӯз, аз қавле «аз хоби гарон бедор нашудаанд», зеро то ин дам аз 5606,3 тонна ангишти нақшавӣ 254,3 тонна (баробар ба 4,5 фоиз), аз 8050,6 метри кубӣ ҳезум 557 метри кубӣ (6,9 фоиз) захира шудааст, ки хеле ташвишовар аст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то ҳол ба таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо сӯзишвории дизелӣ оғоз накардаанд. Ҳолати захира намудани ҳезуму ангишт дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ ба талаби рӯз ҷавобгӯ набуда, аз 12214,7 тонна ангишти нақшавӣ то миёнаҳои моҳи сентябр 1715 тонна (баробар ба 14 фоиз) ва аз 9801 метри кубӣ ҳезум 3204 метри кубӣ (32,7 фоизи нақша) захира гардидааст. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо сӯзишвории дизелӣ аз 30999 литр ҳамагӣ 890 литрро ташкил медиҳад, ки таассуфовар мебошад. Шаҳру навоҳии Варзоб 3 фоиз, Рӯдакӣ 1,7 фоиз, Ваҳдат 10,8 фоиз, Турсунзода 4,8 фоиз, Ҳисор 28,5 фоиз ва Роғун 83,1 фоизи нақшаи захира намудани ангиштро иҷро кардаанд. Шаҳру навоҳии Шаҳринав, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Лахш умуман бо ангишт таъмин намудани муассисаҳои таълимиро шурӯъ накардаанд.  Роҳбарону мутассадиёни шаҳру навоҳии мазкур аз рӯйи шиори «Бузак, намур, баҳор мешавад» амал карда, вазъи кори худро ба дурустӣ дарк накардаанд. Дар масъалаи захираи ҳезум танҳо шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Лахш иҷрои нақшаро сад фоиз таъмин намуда, дигар шаҳру навоҳӣ, ба ҷуз Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Тоҷикободу Нуробод ҳанӯз «дар хобанд». Шаҳру навоҳии Роғун, Рашту Сангвор ба захира намудани ҳезум оғоз набахшидаанд.

Масъалаи бо сӯзишвории дизелӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ба ҳоли худ гузошта шуда, танҳо ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор ба андозаи 10,6 ва 23,4 фоизӣ сӯзишворӣ захира кардаанд.

Дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ва муассисаҳои тобеи сарраёсат ҳанӯз ба таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ба ангишту ҳезум ва сӯзишворӣ шурӯъ накардаанд.

Дар муассисаҳои давлатии литсейю мактаб – интернатҳои ҷумҳурӣ аз 3367,1 тонна ангишти нақшавӣ 1074 тонна (32 фоиз) ва аз 1049,5 метри кубӣ ҳезум 213 метри кубӣ (20,3 фоиз) захира кардаанд. Ба масъулону мутасаддиёни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарур аст, ки аз вазъи мавҷуда хулосаи даркорӣ бароварда, баҳри дар муҳлати кӯтоҳтарин иҷро намудани нақшаи захираи ангишту ҳезум ва хариду таъмини сӯзишвории дизелӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд, зеро вақт мунтазир намешавад.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш