Нашрияи Омӯзгор

Баррасии вижагиҳои луғавии ашъори классикон

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 24        Шарҳ: 0

 

Вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ғазалиёти шоирони барҷастаи тоҷик олимону пажӯҳишгарон асарҳои зиёди илмӣ таълиф кардаанд. Дар ин осор, дар баробари муайян намудани маҳорати адабӣ ва ҳунари нигорандагӣ, инчунин, ба масъалаи доираи истифодаи калимоту вожаҳои ашъори шоирони классикии тоҷику форс таваҷҷуҳ намудаанд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён дар иртибот ба махсусиятҳои забонии ғазалиёти шоирон асарҳои «Ифодаи маҷоз дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ» (2011), «Рисолат-ун-нойия»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» (2014), «Вижагиҳои забонии ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV (Таҳлили сохтори фонетикӣ, семантикӣ ва фразеологию луғавӣ)» (2017)-ро пешкаши хонандагон кардааст. Чанде пеш рисолаи нави ӯ бо номи «Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV» (-Душанбе, 2020. - 158 саҳ.) аз чоп баромад, ки дар он махсусиятҳои луғавию маъноии забони ғазалиёти шоирон, истифодаи категорияҳои маъноию луғавӣ чун вожаҳои якмаъною сермаъно, муродифот, антонимҳо, омонимҳо ва мавқеи ифода дар ғазалиёти шоирони асрҳои мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Рисола аз  муқаддима, ду боб, хулоса ва рӯйхати адабиёт таркиб ёфта, муаллиф дар муқаддима перомуни аҳамияти омӯзиши мавзӯъ ба таври фарогир маълумот додааст. Ба таъкиди мавсуф, «таҳлили хусусиятҳои лексикию семантикии калимаҳо дар забони осори манзум масъалаи мубрами таҳқиқотии осори илмии дар ин самт таълифгардида ба шумор меравад». Муҳаққиқ ҳамзамон таъкид мекунад: «Дар ҳамин замина, мо дар рисола ба паҳлуи дигари мубрамияти масъалаи мазкур таваҷҷуҳ карда, ҳунари суханшиносӣ ва суханофаринии шоиронро зимни эҷод ба риштаи таҳқиқ кашида, истеъдоду ҳунари суханпардозии онҳоро бо истифодаи калимаҳои якмаъною сермаъно ва тасвири тобишҳои гуногуни маъноии калимаҳо дар низоми категорияҳои лексикӣ муайяну муқаррар намудем».

Инчунин, перомуни олимону муҳаққиқони соҳа, ки дар ин замина корҳои илмӣ анҷом додаанд, маълумоти мухтасар дода шудааст. Мусаллам аст, ки пажӯҳишгар дар таҳқиқи мавзӯи мазкур осори зиёди илмии муҳаққиқони тоҷик ва бурунмарзиро мутолиаву мавриди истифода қарор додааст. Дар таълифи рисолаи мазкур аз осори шоирони барҷастаи асрҳои XII-XIV-и тоҷик Анварии Абевардӣ, Хоқонии Шарвонӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Фахриддини Ироқӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Убайди Зоконӣ истифода гардидааст. Баррасии вижагиҳои луғавию маъноии забони шеър яке аз мавзӯъҳои муҳимтарини пажӯҳандагони каломи манзум маҳсуб меёбад ва дар ин радиф асари номбурда ба таври васеъ ин масъаларо фаро гирифтааст.

Боби якуми рисола «Вижагиҳои луғавии калимаҳо дар забони ғазал» унвон дошта, аз ду фасл – «Баъзе вижагиҳои луғавии забони ғазал» ва «Вожаҳои якмаъно ва сермаъно дар забони ғазал» иборат аст.

Дар ин боб донишманди пуркор бо овардани мисолҳои фаровон аз эҷодиёти шоирони фавқуззикр доираи истифодаи калимаҳои якмаъно ва сермаъноро дар эҷодиёти онҳо таҳқиқу таҳлил намудааст. Дар ин замина муҳаққиқ мушаххас кардааст, ки то кадом андоза дар ғазал аз воситаҳои забонӣ шоирон ҳадафмандона истифода кардаанд.  Инчунин, истифодаи истилоҳотро дар забони ғазали ин шоирон радабандӣ карда, вобаста ба истифодаи онҳо маълумоти амиқ додааст. Дар робита ба ин, истилоҳоти адабӣ, ситорашиносӣ, пулӣ, дӯзандагӣ ва монанди инҳоро дар ғазалиёти шоирон ҷӯё шуда, истифодаи истилоҳоти зикршударо тавзеҳ бахшидааст. Масалан, вобаста ба истифодаи истилоҳоти ситорашиносӣ аз Мавлавӣ чунин байтро овардааст:

З-охири Савр биронем сӯйи

бурҷи Асад,

Чу Асад ҳаст, чӣ бо Галаи гов

омезем?

Ба таъкиди муаллиф, дар ғазал калимаҳои сермаъно мавқеи бештар доранд. «Ин категорияи луғавӣ баръакси калимаҳои якмаъно (истилоҳот) дар забони ғазал доираи васеи истифода ва истеъмолӣ дошта, ду ҷиҳати муҳими нутқи бадеиро фаро мегирад. Аввалан, шоирон аз вожаҳои сермаъное, ки дар забони гуфтугӯйӣ хеле роиҷ шудаанд, ба таври фаровон истифода мебаранд, дувум, ҳар як эҷодкори каломи бадеъ ба пуробу рангин гардидани забони шеър аз тобишҳои гуногуни маъноии калимаҳо, ки асоси нутқи бадеӣ аст, истифода карда, калимаҳои сермаънои махсус меофаранд».

Бо истифодаи калимаҳои сермаъно муаллиф мисолҳои фаровон овардаааст. Дар баробари ин, ҳар як калимаро бо такя бо фарҳангҳо шарҳу тавзеҳ ва истифодаи онро дар ғазал ташреҳ бахшидааст.

Боби дуюми рисола «Мавқеи семантикии категорияҳои луғавӣ дар забони ғазал» аз ду фасл – «Муродифот ва муносибатҳои маъноии вожаҳо дар забони ғазал», «Антонимҳо ва муносибатҳои зидмаъноии вожаҳо дар забони ғазал» ва «Омонимҳо ва хусусиятҳои лексикию семантикии онҳо дар забони ғазал» иборат мебошад. Дар фасли аввал муҳаққиқи пуркор истифодаи  муродифотро дар забони ғазал таҳлилу таҳқиқ кардааст ва нақши онҳоро дар суханофарию суханшиносии шоирон мушаххас намудааст. Дар зимн муродифотро табақабандӣ ва аз ашъори шоирон бо мисолҳо таҳлилу тафсир кардааст. Аз ҷумла, вобаста ба муродифоти «рӯй» чунин овардааст:

Бигзор, то муқобили рӯйи ту

бигзарем,

Дуздида дар шамоили хуби ту

бингарем.

(Саъдӣ)

Дар фасли дуюм перомуни корбурди калимаҳои зидмаъно ё антонимҳо дар забони ғазали шоирон маълумот дода, маҳорату ҳунари нигорандагии шоиронро таҳлилу баррасӣ намудааст. Ба таъбири муаллиф, «антонимҳо дар забони назм яке аз муҳимтарин категорияи лексикӣ барои ифодаи андешаи шоирон ба шумор мераванд, зеро маҳз тавассути муқобилгузории ашё, мафҳум ва ҳодисаю воқеа ҷанбаи гуногуни маъноӣ ошкор ва равшан мегардад. Ҳамчунин, дар илми маонӣ ва баён мафҳуми антонимро бо истилоҳи тазод ном мебаранд ва онро яке аз муҳимтарин унсур дар таносуби калом меноманд».

Муҳаққиқ аз Ҳофизи Шерозӣ чунин байтро намуна овардааст:

Хандаву гиряи ушшоқ зи ҷойи

дигар аст,

Месароям ба шабу вақти

саҳар мемӯям.

Ҳамчунин, дар фасли баъдӣ вобаста ба истифодаи омонимҳо  дар забони ғазал сухан меравад.

Дар охир М. Саломиён дар ҳафт банд муҳтавои рисоларо хулоса кардааст, ки муҳимияти онро бозгӯйӣ мекунад. Ҳамчунин, дар таълифи ин рисолаи пурмуҳтаво профессор М. Саломиён беш аз 240 адабиёту сарчашмаи илмиро мавриди истифода қарор додааст, ки аз ҷанбаи қавии илмии рисола шаҳодат медиҳад.

Рисолаи «Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои XII – XIV»  барои пажӯҳишгарон, забоншиносон, унвонҷӯёну аспирантон, докторантон ва доираи васеи аҳли илму адаб судманду муфид аст.

Н. НУРАЛИЗОДА,

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш